Юсуф Раҳмон: Тарафдори ҳукми қатл ҳастам

Юсуф Раҳмон Аҳмадзод, Прокурори генералии кишвар мегӯяд, дар умум тарафдори ба роҳ мондани ҳукми қатл дар Тоҷикистон мебошад.

Номбурда имрӯз зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт: «Ман ҳамчун Прокурори генералӣ ҷонибдори иҷрои ҳукми қатл нисбати нафароне ҳастам, ки ҷиноятҳои махсусан вазнин, аз ҷумла куштори пешакӣ тарҳрезишудаи якчанд нафар, кӯшиши табаддулоти давлатӣ, ҳаракатҳои террористӣ ва дигар ҷиноятҳои вазнинро содир мекунанд».

Инчунин, Прокурори генералӣ қайд намуд, ки Тоҷикистон узви Конвенсияи байналмилалӣ мебошад ва дар назди он уҳдадории худро дорад. Феълан қонунгузорӣ дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҳукми қатлро пешбинӣ мекунад, вале бо сабаби аз аввали солҳои 2000-ум эълон гардидани моратория нисбати ин намуди ҷазо, он амалан татбиқ карда намешавад.

Ҳамзамон, Прокурори генералӣ вобаста ба шиканҷа гуфт, ки ҳамагӣ 8 муроҷиат ба Прокуратура ворид шудааст ва аз ин миқдор 1 ададаш қонеъ карда шуда, шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Аммо гуфта нашуд, ки ин шиканҷаҳо дар маҳбасҳо рух додаанд ва ё дар мақомоти тафтишоти пешакӣ.

faraj.tj