Тасдиқи як ҳолати шиканҷа аз ҷониби Прокуратураи генералӣ

Прокуратураи генералии Тоҷикистон мегӯяд, дар нимсолаи гузашта танҳо як ҳолати шиканҷаро исбот кардааст.

Бино ба иттилои Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон, дар нимсолаи гузашта ба ин ниҳод 8 шикоят вобаста ба шиканҷа ворид гардид.

Ба гуфтаи Юсуф Раҳмоназ 8 шикоят ҳамагӣ 1 шикоят қонеъ карда шуда, шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Аммо Прокурори генералӣ мушаххасан нагуфт, ки як ҳолат шиканҷа дар кадом муассиса тасдиқ гардидааст.

TojNews