Яке аз гумонбарони латту кӯб ва марги Рамазон Забиров афв шуд

Мурофиаи додгоҳии Аюб Саидов рӯзи 6-уми сентябр дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд ва, ба иттилои вакили дифои хонаводаи Рамазон Забиров, нисбат ба ин сарбози нирӯҳои марзбонӣ қонуни афв татбиқ карда шудааст. Қонуни афв охири моҳи августи имсол тасвиб шуд ва бар асоси он 12 ҳазор нафар аз ҷавобгарии ҷиноӣ ва адои ҷазои ҷиноӣ озод хоҳанд шуд.

Алайҳи Аюб Саидов, сарбози қисми низомии 2857-и нирӯҳои марзбонӣ дар вилояти Суғд, бар асоси моддаи 373-и Кодекси ҷиноӣ – “вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ” – парванда боз шуда буд.

Дилафрӯз Самадова, вакили дифои хонаводаи Рамазон Забиров гуфт, ки Аюб Саидов дар мурофиаи додгоҳӣ ба латту кӯби ҳамхидматаш иқрор карда, вале гуфтааст, дар марги ӯ даст надорад. "Дар мурофиа иқрор шуд, ки дар ошхонаи қисми ҳарбӣ Рамазонро чанд зарба задааст, аммо иддао кард, ки баъди ин зарбаҳо Рамазон сиҳат буд ва аз саломатиаш шикоят надошт," – афзуд вакили дифоъ.

Баъд аз раҳоии Аюб Саидов парвандаи ӯ қатъ шудааст, вале баррасии парвандаи як афсару ду сарбози дигари қисми ҳарбии 2857-и нирӯҳои марзбонӣ идома хоҳад дошт, ки онҳо низ дар латту кӯбу ва ба марг расидани Рамазон Забиров айбдор мешаванд. Дилафрӯз Самадова гуфт, рӯзи ҷумъаи гузашта бо муфаттиши парвандаи як афсару ду сарбози нирӯҳои марзбонӣ суҳбат кардааст ва "маълум шудааст, ки ду сарбози қисми ҳарбии 2857 панҷ ҳамхидматашон, аз ҷумла Рамазон Забировро дар як қатор гузошта, бо автомати “Калашников” ба сарашон задаанд."

Ӯ афзуд, "азбаски афсари қисми ҳарбӣ аз ин ҳодиса воқиф шуда, вале ҳеҷ амале аз худ нишон надодааст, бар асоси моддаи 391-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “сӯиистифода аз мақоми хидматӣ” ва моддаи 373, яъне “вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хидматчиёни ҳарбӣ” алайҳи ӯ низ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва таҳқиқот идома дорад."

Абдуқаҳҳор Нуров, додситони ҳарбии гарнизони Хуҷанд, қаблан дар як суҳбати бидуни микрофон бо Радиои Озодӣ гуфта буд, “дар ҳақиқат, дар қисми ҳарбии 2857 сарбоз Рамазон Забиров фавтидааст ва ҳоло як гуруҳи тафтишотӣ ин ҳодисаро таҳқиқ қарор дорад.”

Ҷасади Рамазон Забировро субҳи 5-уми август аз ҷойи хобаш дар қисми ҳарбии 2857-и нирӯҳои марзбонӣ дар вилояти Суғд ёфта, рӯзи 7-уми август дар зодгоҳаш деҳаи Тӯдаи шаҳри Ҳисор ба хок супурдаанд. Наздикони Рамазон иддао доранд, ки фарзандашон ҳангоми хидмат дар сафи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз сӯи ҳамхидматонаш латту кӯб шуда ва баъдан ҷон додааст.

Мавлуда Тағоева, модари Рамазон Забиров, дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ҳангоми шустани ҷасади писараш дар зери манаҳ, сутунмуҳра ва тарафи рӯяш доғҳои сиёҳро мушоҳида кардаанд ва ин баёнгари латту кӯб шудани ӯст. Рамазон Забирови 18-сола моҳи апрели соли ҷорӣ ба хидмат рафта буд.

Тайи солҳои охир чанде аз сарбозон ҳангоми хидмат дар қисмҳои низомӣ ҳалок шуда, додгоҳҳои кишвар низ чанде аз омилони онҳоро ба зиндон фиристодаанд. Ахиран Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Вазорати дифои Тоҷикистонро муваззаф кард, ки ба падару модари сарбози ҳалокшуда Фирдавс Раҳматов 5000 сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ пардохт кунад.

Ozodi