Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) мегӯяд, қазияи латту кӯби Доро Суҳробӣ,хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистиро пайгирӣ дошта, омодаи ёрии ҳуқуқӣ ба ӯ мебошад.
Оқои Қаршибоев имрӯз, 20 сентябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳуқуқшиноси АМВАОМТ тасмим гирифтааст, бо журналисти ҷабрдида вохӯрда, дар таҳия ва амалӣ намудани стратегияи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳояш кумак расонад.
Раиси АМВАОМТ афзуд: “Мо ин ҳодисаро шадидан маҳкум мекунем. Ҷомеаи рӯзноманигорӣ бояд аз ВКД ва Прокуратураи генералӣ тақозо намояд, ки гунаҳкори аслии ин қазия ба ҷавобгарӣ кашида шавад”.
Доро Суҳробӣ, журналисти ҷабрдида дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дирӯз баъди навиштани баёнот ӯро бо сардори милисаи Сино-1 рӯбарӯ карданд: “Дақиқан ягон нафари онҳоро нашинохтам. Барои он ки нафарҳои дирӯз либоси мулкӣ доштанд. Оне ки маро зада буд, як нафари бузбала ва фарбеҳ буд. Баъдан хона омадам ва ба номи вазир ариза навиштам. Имрӯз ҳоло даъват накардаанд”.
Доро Суҳробӣ, хабарнигори 20-солаи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон рӯзи 18 сентябр ҳангоми иҷрои вазифаи хидматияш дар бозори “Гипрозем” аз сӯи мансабдори милиса то ҳолати беҳушӣ мавриди латукӯб қарор гирифт. Ӯ дар пайи латту кӯб аз қисмати даст, рӯй ва сараш лат хӯрдааст.