ШКД: Нисбати корманди комисариати ҳарбӣ парванда боз шудааст (АКС)

Як ҷавони 17-сола иддао дорад, мавриди латту кӯби кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳритус қарор гирифтааст. 

Бахтовар Маҳмадиев имрӯз, 11 октябр дар суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, панҷ рӯз мешавад, ки дар беморхона бистарӣ аст. Ӯ гуфт, ҳодисаи латту кӯбаш 7 октябр сурат гирифт: “Ҳамон рӯз дар хона набудам, кормандони “военикомат” омада, дидаанд, ки касе нест, аз хона пул гирифта рафтаанд. Баъд ба ман телефон карданд, ки биё пулҳоятро гир, маро дар як мошин бор карда, зиёд латту кӯб карданд. Ман аз дасташон гурехтам”.

Ба гуфтаи Бахтовар, дар пайи ин ҳодиса сар ва биниаш бештар осеб дидаанд. Вай афзуд, давоми чанд рӯзи дар беморхона буданаш танҳо аз Прокуратураи Шаҳритус наздаш омада, баёнот гирифтанд. 

Дар ҳамин ҳол, Аз Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шаҳритус бо таъйиди ин хабар ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки нисбати як корманди комиссариати ҳарбии ноҳия парванда боз шудааст: “Ин парванда ҳоло дар прокуратура аст”.

Бахтовар Маҳмадиев мегӯяд, як бародараш, ки ба синни даъват мувофиқ аст, ҳоло дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ аст, аммо чаро худи ӯро латту кӯб кардаанд, намедонад.

Ozodagon