Аз лату кӯби як зани сокини шаҳри Душанбе дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз васоити ахбори умум огаҳ шудаанд. Дар Вазорат итминон доданд, ки санҷиши ин ҳодиса оғоз гардида, дар сурати ошкор шудани гунаҳкорон, онҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
«Аз ҳодисае, ки дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рух додааст, мо аз васоити ахбори умум огаҳ шудем. Ба мо бевосита дар ин хусус касе муроҷиат накардаву шикояте ҳам нарасидааст», - хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ВКД Умарҷон Эмомалӣ.
Сухангӯи вазорат итминон дод, ки санҷиш аз рӯи ин далел аллакай оғоз гардидааст. «Лекин аввал барои мо зарур аст, ки киву чикора будани ин зан, он замон ҳамроҳи ӯ киҳо будан ва воқеъан лату кӯб шудани ӯро муайян кунем. Агар далели мазкур тасдиқ шавад, гунаҳкор ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешавад», - изҳор дошт Умарҷон Эмомалӣ.
Дар ҳамин ҳол, аз Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, ки зани ҷабрдида ба он ҷо муроҷиат кардааст, ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки аз номи зан ба прокуратура аризаи шикоятӣ пешниҳод шуда, ташхиси судиву тиббӣ ҳам гузаронида шудааст.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 13 октябр Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон аз шикояти як зани 34-сола, сокини шаҳри Душанбе аз кормандони пулиси ноҳияи Шоҳмансур хабар дод. Ин зан, ки корманди як созмони байналмилалӣ будааст, гуфтаааст, ки маъмурини милиса зимни санҷиши шиносномаҳо дар доираи амалиёти “Нелегал” аввали моҳи равон талош кардаанд, бо зӯр вориди манзилаш шаванд.