Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Баррасии шикоят аз болои қарор дар бораи рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати марги Уктамҷон Игамов бо сабаби барои бозомўзӣ ба Суди шаҳри Хуҷанд баргардонидани парванда ба таъхир гузошта шуд.
Ба гуфтаи адвокат Дилафрўз Самадова, ки ба оилаи Игамовҳо аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ таъмин карда шудааст, дар суди вилоятӣ тасдиқ намудаанд, ки шикоят баррасӣ хоҳад шуд. Аммо бо гузашти чанд муддат, ба ў ва намояндагони ҳузурдоштаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ хабар додаанд, ки мурофиа ба таъхир гузошта мешавад.
«Ин аллакай бори дуввум аст, ки баррасии шикояти моро аз болои қарор дар бораи рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ ба таъхир мегузоранд. Бори аввал ҳам гуфта буданд, ки дар парванда камбудиҳо ҳастанд. Барои чӣ ҳамон вақт ҳамаи ин хатоҳо ислоҳ нашуданд, ман намедонам»,- зикр кард Самадова.
Ёдовар мешавем, ки сокини ноҳияи Турсунзода Уктамҷон Игамов 19-уми майи соли 2016 бо айби содир кардани ҷинояти характери экстремистӣ дошта боздошт шуда буд. 28-уми май ӯ аз тавқифгоҳи муваққатии КДАМ дар вилояти Суғд ба СИЗО-и шаҳри Хуҷанд интиқол ёфт, аммо рӯзи 2-юми июн дар ҳолати беҳушӣ ба шуъбаи эҳёгарии беморхонаи вилоятӣ расонида шуд, ки он ҷо соати 15:40 вафот кард.
Уктамҷон Игамов ба бемории гепатити В бо гузаштан ба сиррози ҷигар гирифтор буд, ба истифодаи воситаҳои доруворӣ ва хӯроки махсуси парҳезӣ ниёз дошт. Вале ба ӯ ёрии зарурии тиббӣ расонида нашуд.
Ташхиси судӣ-тиббӣ шикастани қабурға ва хунрезиро дар бадани Игамов муайян кард.