Қиссаи №10: Парвиз Дустматов

Парвизи 18-сола орзу дошт, ки курсанти Академияи ВКД Тоҷикистон шавад ва дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мактаби миёнаро хатм кард. Ҷавонак қадаки на он қадар баланд дошт ва барои амалӣ гаштани орзуяш чанд сантиметр намерасид.

«Эҳ, модар, ман ба хизмат меравам. Ана, мебинӣ, ду сол зуд мегузарад, вале шояд дар ин муддат «соҳиби қади баланд» мешавам ва аз нав кӯшиши дохил шудан ба Академия мекунам!»,- гуфт Парвиз ба модараш. Модар ба ӯ муқобил набаромад, чун тасмими писарашро дуруст шуморид. 

Модари ӯ, гӯё ҳамин рӯз бошад, он рӯз - 1-уми октябри соли 2013-ро, ки Парвизро ҳама аҳли оилаву ҳамсояҳо ба хизмат гусел карданд, дар ёд дорад. Ҳамсояҳои калонсолтар ба роҳи ӯ дуои фотиҳа хонданд, сиҳату саломат баргаштанашро таманно карданд. Ҳамин тавр, ҷавонак бе даъватнома, ихтиёрӣ дар комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуд.

Зиёда аз як сол ӯ дар қисми ҳарбӣ дар Қӯрғонтеппа хизмат кард, ду маротиба ба хонаашон рухсатӣ омад. Ва албатта, ба камол расид, қадаш дароз шуд, қавӣ гардид! Бо худ зиёд аксҳои давраи хизматиашро овард. Ана, ӯ дар иҳотаи бачаҳои ҳамхизматаш, ана, дар ҷое пайи омӯзиш, яроқ дар даст, тамоман баркамол!

Баъд ӯро ба сарҳад, мавзеи баъди водии Вахш хунук, Дарвози дур гузарониданд. Шояд таъсири тағйири иқлим буд, ки сахт шамол хӯрд, дар беморхона хобид. Модар шабҳои бехобиро аз фикри саломатии фарзанд дигар тоқат накарда, ба роҳ баромад. Ин моҳи марти соли 2015 буд. Бо душворӣ қисми ҳарбиеро, ки Парвиз хизмат мекард, ёфт. Ӯро дид ва қалбаш андаке ором гирифт. Агар он вақт медонист, ки ин охирин мулоқот бо писараш аст, шояд ӯро раҳо намекард…

Баҳор гузашту тобистон омад. Ҳама кори Парвиз муътадил буд. Ӯ аллакай одат карда ва то баромадани фармонаш дар бораи анҷоми хизмати ҳарбӣ танҳо се моҳи дигар монда буд. Саҳари барвақти 13-уми июли соли 2015 аҳли сарбозхона (казарма) дар хоб буданд. Чӣ хобҳое дид Парвиз дар он субҳгоҳи тобистона? Шояд хоб дид, ки акнун, баъди анҷоми хизмат ба хона бармегардаду падару модарашро ба оғӯш мегирад, бӯйи деҳаи азиз ва кӯлчаҳои беҳад бомаззаи хонагиеро, ки модар махсус ба хотири бозгашти ӯ пӯхтааст, ба димоғ мекашад? Ё шояд хоб дид, ки чи тавр ӯ - курсанти нави Академияи ВКД-ро шахсан худи сардори Академия бо оғози хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ табрик мегӯяд…

Хобҳои рангин ногаҳонӣ бурида шуданд - назди гӯши ӯ ҳамхизматаш Фаррух Бозоров паст шуд ва бо тамоми қувват фарёд зад: «Бархез!!!». Парвиз дар ҳоли хоболудӣ рӯи ҷойхоб қариб ки ҷаҳида хест ва талаб намуд, то фарёд назанад. Ҳамин вақт Фаррух зуд аз сарбозхона берун рафт. «Худоро шукр, ором шуд»,- фикр кард Парвиз ва чашмони хоболудашро пӯшид, чун ҳоло то вақти бархостан чанд дақиқаи дигар буд. Аммо ҳамон замон ҳамхизматаш баргашт ва бо тамоми қувва корди ошхонагиро ба дили Парвиз зад…

… Баъд, аллакай дар суд ӯ қасам хоҳад хӯрд, ки намехост Парвизро ба қатл расонад, ҳатто ҳис накард, ки чи тавр оташин барои корд рафт… Аммо барои мо ин ҳодисаи ваҳшиёна бе гуфтугузор нишонаи муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар ин қисми низомӣ аст, ки на ёрдамчии навбатдор, на навбатдори қисм, на нозири низом - касе рафтори аскарҳоро, ҳатто агар аз нигоҳи хизмат баробар ҳам бошанд, назорат накард ва ин охиру оқибат ба куштор оварда расонд.

Ба гуфтаи модари Парвиз - Мукаррама Дустматова, писари ӯ қариб якуним соати дигар зинда буд ва дар ин муддат метавонистанд ӯро наҷот диҳанд.

Тавре Шоҳин Ҳафизов - командири қисми низомии Вазорати мудофиа дар Сағирдашт ба ВАО изҳор доштааст, аз сабаби набудани чархбол онҳо натавонистаанд Парвизро сари вақт ба дармонгоҳи ҳарбии пойтахт фиристонанд. Сарбоз ба беморхонаи маҳаллӣ интиқол дода шуд, аммо онҷо шароит ва таҷҳизоти тиббии зарурӣ дарёфт нашуд. Дили ӯ аз тапидан бозмонд.

Ана ҳамин тавр, ба ин оила ғайри интизор бадбахтӣ омад. Рӯзи гарми моҳи июл дар ҷамоати Хистеварз назди дарвозаи хона мошини Вазорати мудофиа қарор гирифт ва ҷасади Парвизи 20-соларо бо чунин суханҳо ба волидони бадбахт супориданд: «Ҳама чиз дар дасти Аллоҳ таъолост».

Модари бетасалло дар қабри писар

«Охир, то «дембел» шуданаш 80 рӯзи дигар монда буд. Ман писарро калон кардам, ӯ ихтиёрӣ барои адои қарзи Ватан рафт, вале Ватан дар иваз ба ман ҷисми беҷони ӯро баргардонд. Баъди ин чи тавр метавон ба давлат бовар кард? Чи тавр мешавад фарзандонро ба артиш дод?»,- мегӯяд Мукаррама Дустматова.

Ба гуфтаи мавсуф, баъди гӯручӯб ӯ дубора ба Сағирдашт рафтааст, аммо касе посухи мушаххас надодааст, ки он субҳи даҳшатнок чи ҳодиса рух додааст ва умуман, чи тавр метавонист чунин воқеа ба вуқуъ пайвандад?

«Ман натиҷаҳои аввалияи ташхиси судӣ-тиббиро дидам, аммо дар суд хулосаҳо аллакай дигар буданд. Мо ҳуқуқҳои худро намедонистем, ба вакили мудофеъ дер муроҷиат кардем, вале ба ҳар ҳол, Фаррух Бозоров аз ҷониби суд ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Аммо аз ин ба мо чӣ фоида??? Писари моро касе баргардонида наметавонад»,- мегӯяд бо дард модари Парвиз.

Мо бо ӯ дар ҳавлии хонаашон суҳбат кардем. Назди сӯфа ҳамон аксҳои аскарии Парвиз, хеле аксҳои зиёд. Модар ҳар кадомеро ба даст мегираду синча мекунад ва рӯи рухсораҳояш ашк мешорад. Ашки талхи модарӣ. Чи сухани тасаллиомезе ёфтан мумкин аст дар ин лаҳзаҳо? Шахсан, нафаси ман дар гулӯям банд шуд, ҳарфе гуфта натавонистам. Хомӯш мондем…

- Ҳу ана, он хонаи навро мебинед? Он бояд хонаи Парвиз ва ҳамсари ояндааш мебуд. Мехостем ин тобистон оиладораш кунем, аммо ба ҷои ин, сари солашро мегузаронем.

Ин хона бояд барои писари ӯ армуғон мебуд. Аниқтараш, хона аллакай барвақт дар ҳамин ҷо, назди манзили волидон, дар як ҳавлӣ сохта шуда буд. Аммо таъмирашро чанде қабл аз марги Парвиз анҷом дода, ҳуҷраҳояшро азнавсозӣ карда буданд.

- Даромада дидан мумкин аст?,- мепурсам аз амаки Парвиз, ки ҳамроҳи мо менишаст.

- Бале, албатта. Ана меҳмонхона, инаш хонаи хоб, ин ҳуҷра бояд барои кӯдакҳои ояндаи ӯ ҳуҷраи кӯдакона мешуд. Он ҷо бошад, ошхона ва ҳаммом. Бубинед, бо чи муҳаббате ҳама чиз омода, ҳама майда-чӯйда ба назар гирифта шуда буд.

Воқеан, ҳуҷраҳои барҳаво ва бароҳат, ҷиҳози зебо ва асбобҳои маишии зарурӣ - бо чизе аз ҳуҷраҳои зебосохти пойтахт фарқ намекунад.

- Медонед, вақте Парвиз охирин бор ба хона омад, дид, ки чи хел наздикон оҳиста-оҳиста ба тӯйи дар пеш истодаи ӯ тайёрӣ мебинанд ва бо шӯхӣ аз бобояш пурсид: «Барои ман арӯс ҳам ёфтед?».

Дили бобои бечора бардошт накард. Ӯ баъди се моҳи марги набераи дӯстдоштааш вафот кард. Дили модари ин сарбоз ҳам як сол боз аз дард метаркад…

 

Мақола дар доираи лоиҳаи «Фаъолият оиди ҳифзи шиканҷа дар Қазоқистон ва Тоҷикистон» бо кӯмаки молиявии Иттиҳоди Аврупо  омода  шудааст.  Фикру  мулоҳизаҳои  дар  МАҚОЛА  овардашуда,  инъикосгари ақидаҳои  Иттиҳоди Аврупо настанд. 

 

 

 

 

NoTortureTj.Org