Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ оид ба рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ бекор карда шуда, барои санҷиши такрории маводҳои санҷиши аризаи Малика ба Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ фиристонида шудааст.
Дар ин бора адвокати ҷабрдида Абдураҳмон Шарипов хабар дода, меафзояд, ки “инчунин, дар бораи раддияи муфаттиши Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ шикояти Малика ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст ва таҳти баррасӣ қарор дорад. Бинобар ин, оид ба ин масъала хулосабарорӣ намудан бармаҳал мебошад. Зеро, бояд пас аз гузаштани ҳама гуна марҳилаҳои ҳимояи ҳуқуқ ва ба охир расидани санҷиши такрорӣ аз рӯи шикоятҳои Малика, баъдан бояд хулосабарорӣ карда шавад. Қобили зикр аст, ки кирдорҳои нисбати Малика содиршуда боиси хароб гардидани равони ӯ гардидааст, ки мувофики Протоколи Истамбулӣ яке аз аломатҳои натиҷаи муносибати бераҳмона ҳисобида мешавад”.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 20-уми декабр ба хабаргузории “Озодагон” гуфтааст, хабарҳо дар бораи мавриди таҷовуз қарор гирифтани як зани 25-сола дар ШКД-и ноҳияи Рӯдакӣ асос надоранд. Ба иттилои ин ниҳод, мувофиқи санади тахшиси судӣ-биологӣ таҳти №119 аз 8-уми июли соли 2016 далели ҳодисаи таҷовуз ба номус исбот нагардидааст: “Бо қарори Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ ва дастрасии моддаҳои 27 қисми 1 сархати 2 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва 149 Кодекси ҷиноятӣ оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бинобар тасдиқ нашудани гуноҳи онҳо рад карда шудааст”.
Рӯзи 18-уми ноябр Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ хабар дода буд, ки маъмури милиса дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ ба номуси Малика, ҷавонзани 25-сола таҷовуз кардааст. Манбаъ афзуд, ҳодиса моҳи июни соли равон дар ҳоле рух дода, ки Малика (номи мустаор) дар пайи як муноқишаи маишӣ ба ШКД-и ноҳияи Рӯдакӣ оварда шудааст: “Корманди милиса бо тарсдиҳӣ ва таҳдиди зӯроварӣ ба номуси духтар таҷовуз кардааст”. Эътилоф мегӯяд, одатан дар чунин ҳолатҳо ҷабрдидаҳо аз ифшои қазия худдорӣ мекунанд, аммо Малика ба Эътилофи зидди шиканҷа муроҷиат карда, кӯмак хостааст.