«Облава» дар мекӯбад?

Мавсими баҳории даъвати ҷавонон барои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон шуруъ шуд. Фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14-уми март дар ин маврид содир гардид.

Ҷойи пинҳон нест, чун мавсими даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии ҷавонон ба сафи артиш фаро мерасад, бисёре аз онҳое, ки синну соли даъватианд, ба Русия роҳи гурез меҷӯянд. Воқеаҳои қатлу куштор ва расонидани зарари вазнини ҷисмонию маъюб гардидани бархе аз наваскарон дар артиш, то андозае ҷавононро дилсард намудаву ба воҳима андохтааст. Эшон ғурбату шиканҷаи тоссарҳои рус, таҳқири милисаи рус ва сардию сахтиҳои муҳоҷирати Русияро аз хизмати Ватан авлотар медонанд. Яке аз падидаҳои номатлубе, ки ба шаъни комиссариатҳои ҳарбӣ ва дар умум роҳбарияти Вазорати мудофиаи кишвар латма ворид месозад, ин ҷой доштани даъвати маҷбурӣ, ба истилоҳ “облава” мебошад.
Ҳарчанд масъулини Вазорати мудофиаи кишвар мавҷудияти “облава”-ро дар мавсими даъвати ҳарбӣ рад мекунанд, вале воқеиятҳо гувоҳи онанд, ки чунин ҳолатҳо дар минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон ва ҳатто дар шаҳри Душанбе ҳам ҷой доранд.
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар суҳбат бо “Фараж” гуфт, аввалан худи калимаи “облава” умуман дар қонун нест ва ягон факте, ки мавҷудияти облаваро исбот карда бошад, то ҳанӯз касе пешниҳод накардааст.
- Мутобиқи моддаи 3-и Қонун «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», шаҳрванд дар асоси даъватнома барои гузаштан аз комиссияи тиббии даъватӣ бояд ҳозир шавад. Ваколатҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст, ки вақте даъватшаванда ба комиссияи даъватӣ ҳозир намешавад ва қонуну қоидаро вайрон мекунад, дар ин сурат намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар ҳайати комиссияи даъватӣ шомиланд, вазифадор мешаванд ӯро ба комиссия ҳозир намоянд. Аввалан бояд муайян карда шавад, ки чаро шаҳрванд ба комиссия ҳозир нашуд ва дуюм, қобили хизмат будан ва ё набудани ӯро муайян мекунанд ва дар сурати солиму бардам будани даъватшаванда ҳатман ба сафи артиш сафарбар карда мешавад. Сол то сол сафи ихтиёриён ва нафароне, ки бо гирифтани аввалин даъватнома ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир мешаванд, зиёд гардида истодааст. Масалан даъвати баҳории соли 2016 дар муддати 40 рӯз ва тирамоҳии он бошад, дар муддати 45 рӯз ҷамъбаст гардид. Ин дар ҳолест, ки муҳлати даъват давоми 60 рӯз муайян гардидааст,-  иброз намуд Фаридун Маҳмадалиев.
Қайд кардан бамаврид аст, ки вақтҳои охир роҳбарияти баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар роҳи ҷолиби ҷалби шаҳрвандонро ба сафи Артиши миллӣ пеша намудаанд, ки ба гуфтаи эшон, баъзан маврид фиребе беш нест.
Комрон, як сокини ноҳияи Айнӣ, ки айни замон ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ дар Русия мебошад, дар як суҳбати катбӣ бо “Фараж” гуфт, ӯро низ бо ҳамин роҳ ба хизмат бурдаанд. Масъулини ҷамоати деҳоташон ба падараш бар ивази хизмати ҳарбии ӯ ваъдаи 6 сотих замини наздиҳавлӣ дода буданд, вале бо вуҷуд аз ду соли хизмат ва боз як соли муҳоҷират масъулин ҳоло ҳам ба ваъдаашон вафо накардаанд.
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати мудофиаи кишвар дар робита ба ин масъала мегӯяд, ки “масъулияти даъвати шаҳрвандони синни даъватӣ ба сафи артиш ба зиммаи раисони ҷамоатҳои деҳоти шаҳру навоҳӣ аст. Аввал ин ки, онҳо бо кадом роҳ мардумро ҳавасманд мекунанд, кори шахсиашон аст. Беҳтараш аз худи эшон инро пурсидан лозим. Дуввум, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ин уҳдадории ҳатмии ҳар як шаҳрванди аз синни 18 то 27-сола аст. Қонун инро талаб менамояд. Баъдан, Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар доираи салоҳиятҳояш ба ин шаҳрвандон имтиёзҳо, аз қабили бо ҷои кор таъмин кардан пас аз хизмати ҳарбӣ, шомил шудан ба донишкадаи ҳарбӣ, омӯхтани касбу ҳунар ва ғайраро ваъда кардааст, ки иҷро менамояд. Комиссари ҳарбӣ ҳуқуқ надорад замин ваъда кунад, чунки ин амал ба салоҳияти ӯ ворид намешавад”.
Фаридуни Собир, таҳлилгари тоҷик низ ба он андеша, ки “ҳифзи Ватан вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад” куллан мувофиқ аст, зеро ин нукта дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон возеҳу равшан ифода ёфтааст. Вале ба гуфтаи ӯ, мутаассифона, дар ин самт ноадолатиҳо зиёд ба назар мерасанд.
- Мо 800 ҳазор ҷавони синни даъватӣ дорем, аммо бароямон камтар сарбоз лозим аст. Аз ин ҷост, ки барои ҳар як шаҳр, вилоят, ҷамоату деҳот нақшаи даъватро муайян намудаанд. Масалан, дар як ҷамоат 1000 нафар ҷавонони синни даъватӣ ҳаст, аммо дар нақша 7-10 нафар муайян кардаанд. Ин хел муносибат боиси норозигии кулли мардум гардидааст. Онҳо мегӯянд, ки “чаро аз байни 1000 нафар ҷавонон бачаи ман бояд хизмат кунаду дигарон хизмат накунанд?». Ин тарзи корбарӣ дар ҷомеа ноадолатии иҷтимоиро ба амал овардааст ва кори ҷамоатҳоро душвор кардааст. Агар ҳамаро ба хизмат мегирифтанд, дар ин самт ин қадар мушкилот намешуд. Ин ноадолатӣ боиси он мегардад, ки волидон аз хизмати фарзандонашон дар артиш сарпечӣ кунанд. Аз ин ҷост, ки дар мавсими даъват дар ҳама шаҳру ноҳияҳо “облава” ба таври васеъ идома мекунад. Дар ин самт ришваситонӣ хеле зиёд аст - мегӯяд Ф. Собир.
Номбурда аз дидаву таҳлилҳои худ ҳолати аҷибро зимни даъвати наваскарон нақл намуд. Ба андешаи ӯ, раисони ҷамоатҳо роҳи нави ба хизмати ҳарбӣ бурдани ҷавононро фикр кардаанд.
- Ман дар давраи даъвати тирамоҳии соли 2016 дар ноҳияи Рашт қарор доштам. Як рӯз шоҳиди воқеаи аҷоибе шудам. Раиси ҷамоати ба номи Б. Раҳимзода Раҷаб Додов аз волидайни нафарони синни даъват талаб мекард, ки ҳар кас 100 доллари амрикоӣ биёрад, то 10 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ карда, ба ҷавонони аз Кӯлоб омада диҳем ва онҳо ба ҷои шумо рафта хизмат кунанд, то нақшаи даъватро иҷро намоем. Мардум маблағи фармудаи раисро ҷамъ карда доданд. Агар дар як ҷамоат 1000 ё 5000 ҷавони синни даъватӣ бошанд, медонед маблағи бо роҳи муфт ба даст овардаи чунин раисон чӣ қадар мешавад? Онҳо ба бачаҳои аз Кӯлоб омада 4-ҳазорӣ дода, боқимондаи пулро ба кисаи бетаги худ заданд,-илова намуд таҳлилгар.
Инчунин, ҷаноби Собир бо нигаронӣ аз ҳолати бо ҷияни худаш рухдода ёдовар гардид, ки ӯ сокини Душанбе асту дар мавсими даъвати тирамоҳӣ дар Душанбе мавриди “облава” қарор гирифтааст.
- Рӯзи гузашта барои хабаргириаш ба қисми низомӣ рафтам. Пурсиданд: «Аз кадом комиссариати ҳарбӣ даъват шудааст?». Гуфтам: «Аз Душанбе». Қумондон журналро варақ гардонда, гуфт, ки «дар мо аз шаҳри Душанбе ин хел сарбоз хизмат намекунад. Аммо бо ин ному насаб аз ноҳияи Лахш як сарбоз дорем». Ман гуфтам: «Не, ӯ аз Душанбе аст!». Вақте ҷиянам - Абдуллоро оварданд, нақл кард, ки ӯро аз кӯча дошта, ба ноҳияи Лахш бурда, сонӣ аз он ҷо бо тантана боз ба Душанбе овардаанд,- ёдовар шуд Ф. Собир.
Ба андешаи ин шаҳрванд, баъзе кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ҷавонони шаҳриро бо роҳи «облава» боздошт карда, ба комиссариатҳои ноҳияҳо «мефурӯшанд». Ба ҷавонони «боздоштшуда» мегӯянд, ки танҳо бо ин роҳ имкони дар Душанбе хизмат кардан доранд: «Боз як мисоли дигар. Дар як автомошина чанд нафар ба самти Душанбе меомадем. Мошини моро кормандони БДА ва милиса дар ноҳияи Нуробод нигоҳ доштанд. Ҳамин ки мошин истод, ду милиса ба дасти ҷавони зебое наручник зада, ба мошини худ андохтанду бурданд. Мо аз ин амали кормандони ШВКД дар ноҳияи Нуробод ҳайрон шуда, аз паси онҳо рафтем. Онҳо ҷавонро рост ба комиссариати ҳарбии ноҳия оварданд. Баъди чанд лаҳза дидем, ки кормандони милиса бо суръат ба мошинашон нишастанду ғайб заданд. Маълум шуд, ки онҳо афсар, қумондони взводи ҚЗҲ (қувваҳои зиддиҳавоӣ)-ро дошта, маҷбурӣ ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд ва барои пур кардани нақша бояд ӯро бо маблағи 5 ҳазор сомонӣ ба савдо гузоранд. Ҳоло дар Вазорати мудофиа ҳангоми даъват хараҷу мараҷ ва қонуншиканиҳо ҳукм меронанд. «Облава» ҳаст ва он шаклашро дигар кардааст. Бояд ба ин гуна фактҳо прокурорҳои ҳарбии гарнизонҳои ҳарбии ноҳияҳо бетараф набошанд».
- Дигар ин ки, дар давлату ҳукумати ҳуқуқбунёди низоми демократӣ мафҳуми даъват аз байн меравад. Даъват барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хоси сохти шӯравист. Он вақт ҳамаи воситаҳои истеҳсолот умумӣ, ҷамъиятӣ буданд. Вазифаи мо ҳимояи ҳамон воситаҳои истеҳсолот буд. Вақте воситаҳои истеҳсолот шахсӣ шуданд, бояд хизмат дар артиш бо роҳи шартнома сурат гирад. Шаҳрвандон заводу фабрика, замин ва умуман воситаҳои истеҳсолотро аз худ кардаанд. Аз ин даромади калон мегиранд. Бояд аз як қисми ин даромад андоз супоранд. Ҳукумат бояд барои он шаҳрвандоне, ки саломатии хуб доранду мехоҳанд ҳаёти худро ба хизмати ҳарбӣ пайванданд, маоши баланд муайян намояд. Инро артиши касбӣ мегӯянд ва бояд оҳиста-оҳиста кишвари мо ба ин низом гузарад. Дар мо фарзанди ягон одами доро дар артиш хизмат намекунад. Фарзандҳои онҳо дар донишгоҳҳо мехонанд. Ба онҳо имтиёзҳо дода шудааст. Ин хатост. Имтиёз бояд ба ҳамон соҳаҳое дода шавад, ки барои хоҷагии халқ заруранд. Бояд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва хизмат дар артиш» аз нав бознигарӣ шавад. Он бояд ба манфиати ҳамаи қишри ҷомеа бошад. Он бояд тавлидкунандаи адолат бошад,- хулоса мекунад таҳлилгар Ф. Собир.
Дилрабо Самадова, роҳбари созмони ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» мегӯяд, ки соли гузашта вобаста ба «облава» шудани ҷавонон 2-3 шикоят гирифтаанд, ки якеаш аз вилояти Хатлон будааст.
- Ба прокуратура муроҷиат кардему прокуратура шикоятҳои моро ҷиддан дида баромад. Ҳамаи кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва ҷамоатҳое, ки ба «облава» даст зада буданд, ба ҷавобгарии интизомӣ ва ҷиноятӣ кашида шуданд. Хушбахтона, сол то сол «облава» кам шуда истодааст, комиссариатҳои ҳарбӣ корҳои фаҳмондадиҳиро байни ҷамъият зиёд карда истодаанд. Ин хело хуб аст,- мегӯяд Д. Самадова.
Коршиносон бадрафторӣ дар сафи неруҳои мусаллаҳ ва озори сарбозонро яке аз омилҳои парҳези ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ дар сафи артиши Тоҷикистон медонанд. Ҳамасола ҳодисаҳои марги сарбозон дар артиш ва ба ҷавобгарӣ кашидани афсарон барои бадрафторӣ сабт мешавад. Дар бисёр мавридҳо омилони ин ҷиноятҳо, ки шаъни Артиши миллии кишварро мерезонанд, ошкор шуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд ҳам, вале сарбозони маъюбгардида «рӯ ба раҳми Худо» партофта мешаванд ва ҷониби мақомоти марбута барои пурра сиҳат ёфтану ба по рост шудани сарбоз кӯмакашонро дареғ медоранд. Як мисоли равшани он Шаҳбол Мирзоев аст, ки наздиконаш мегӯянд, то ҳанӯз ягон ёрмандии лоиқе аз ҷониби Вазорати мудофиа надидаанд.

Faraj.Tj