Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Насрулло Одинаев, як сокини шаҳри Кӯлоб, ки бо ҷурми қаллобӣ гумонбар мешуд, шикоят аз он дорад, ки маъмурони милитсияи шаҳри Кӯлоб ўро шиканҷа кардаанд.
- Ман 7-уми август дар ноҳияи Муминобод будам. Њамкурсам Амирҷон, ки дар ШВКД-и шаҳри Кӯлоб кор мекунад, зангам заду хоҳиш кард, ки ба хонааш оям. Вақте омадам, ӯ маро ба ШВКД овард. Онҷо муовини сардори ШВКД ва се нафар муфаттишони дигар гуфтанд, ки гўё ман се нафарро фиреб дода, пулашонро гирифтаву ба онҳо ғайриқонунӣ замин фурӯхта бошам. Аз ман талаб карданд, то бигӯям, ки заминро ҳамроҳи раис «Фахриддин» фурӯхтаам. Вақте гуфтам, ки ман замини худамро дар асоси қонун фурӯхтааму дар доираи қонун дар нотариуси давлатӣ шартномаи мо ба қайд гирифта шудааст, онҳо маро латукўб карданд. Талаби онҳо танҳо он буд, ки бигўям, ки раис «Фахриддин» дар хариду фурӯши замин бо ман даст дорад. Яке туфлиашро аз пояш кашида, ба сарам зад. Дигаронаш мушту шаппотӣ заданд. Ҳангоми рӯбарӯкунӣ бо гўё ҷабрдидагон, сардори шуъбаи тафтишотӣ ба онҳо гуфт, ки «рўбарўкуниро дар камера сабт намоед». Аммо онҳо ин супоришашро иҷро накарданд. Маро фиреб дода, имзоямро гирифтанду гуноҳи накардаро ба сарам бор карданд,- мегӯяд Н. Одинаев.
Ба гуфти ӯ, аз болои ин рафтори ғайриқонунии кормандони милитсия ба прокуратураи минтақа ва Прокуратураи генералии Ҷумњурии Тоҷикистон шикоят бурдааст. Прокуратура оғози парвандаи ҷиноятиро рад кардааст. Яъне прокуратура ба хулосае омадааст, ки ваҷҳњои овардаи шаҳрванд тасдиқи худро наёфтаанд.
- Вақте маро ба боздоштгоҳи муваққатӣ дар шаҳри Кӯлоб бурданд, духтури муассиса маро чанд рӯз табобат кард. Мутаассифона, прокурор аризаи шикоятии маро кай ва чӣ гуна санҷидааст, ки ҳатто як бор бо ман суҳбат накардааст!?,- меафзояд ў.
Дар ҳамин ҳол, адвокат Раҳмоналӣ Раҷабов бар он назар аст, ки дар ҳаракатҳои зерҳимояаш ҷиноят нест ва парвандаи ҷиноятӣ нисбати ӯ ғайриқонунӣ оғоз шудааст.
- Мо аз аввал дархост дода будем, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбати зерҳимояи ман қатъ карда шавад. Мутаассифона, дархости мо аз тарафи муфаттиши парванда рад карда шуд. Мо дар суд низ дар мавқеи худ истодем ва аз суд ҳукми сафед пурсидем. Ҷои таассуф аст, ки суд низ зерҳимояи моро бо моддаи 247, қисми 4 КҶ ҶТ гунаҳгор дониста, ўро дар асоси Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” аз 24-уми августи соли 2016 аз толори суд ҷавоб дод. Албатта, мо аз ин ҳукми суд розӣ нестем ва аз болои он шикоят хоҳем бурд. Зеро дар қабати парванда ба ғайр аз аризаи ҷабрдидагон дигар ягон ваҷҳе, ки гунаҳгор будани зерҳимояи моро исбот кунад, нест. Яъне, бо як ариза парванда ба суд ирсол шудааст,- афзуд Р. Раҷабов.
Вобаста ба ҳолати шиканҷа адвокати дигари Одинаев Н. - Шарипов Абдураҳмон мегўяд: «Аз суханони зерҳимояам маълум гардид, ки нисбати ў шиканҷа ва дигар муносбатҳои бераҳмона истифода шудааст. Аз ин лиҳоз, Одинаев Н. ба прокуратура аризаи шикоятӣ навишта будааст. Мутаассифона, прокуратура аризаро санҷидаасту гўё ҳолати шиканҷа тасдиқи худро наёфта бошад, дар ин асос аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати кормандони ШВКД дар шаҳри Кӯлоб рад кардааст. Мо такроран дар рафти мурофиаи судӣ оид ба ин ҳолати зери шиканҷа қарор гирифтани зерҳимояамон дархост кардем. Суд як моҳ танаффус эълон карда, дархости моро ба прокуратураи шаҳр равон намуд. Баъди як моҳ дар суд таъинот эълон карда шуд, ки прокуратура боз ҳам дар ҳаракатҳои кормандони милитсия таркиби ҷиноятро надидааст».
Њамчунин, адвокат Раҳмоналӣ Раҷабов илова кард, ки «қаблан муфаттиш аз зерҳимояи мо аризаеро гирифтааст, ки гўё ба ӯ адвокат лозим нест. Инчунин, дар рафти рӯбарӯкунии ҷабрдидаҳо мо - адвокатҳояш даъват нашудаем».
Абдураҳмон Шарипов, ки аз тарафи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ барои њимояи њуқуқӣ ҷудо карда шудааст, мегӯяд, дар қабати парванда ҳатто протоколи дастгиркунӣ вуҷуд надорад.
- Ҳарчанд ўро рӯзи 7-уми август ба шуъбаи корҳои дохилӣ овардаанд, вале аризаи ҷабрдидагонро рӯзи 8-уми август аз онҳо гирифтаанд. Ин чӣ маънӣ дорад?! Чизи дигаре, ки моро ба шубҳа овард, ин яку якбора, дар як рӯз, дар як соат пайдо шудани се ҷабрдида мебошад,- илова кард А. Шарипов.
Яке аз ҷабрдидаҳо - Анорбӣ Асадуллоева зимни суҳбат изњор дошт, ки «ман заминро аз ў харидорӣ кардам ва ба ман гуфт, ки баъди сохтани хона ҳуҷҷатҳоямро дуруст карда медиҳад. Аммо ҳангоме, ки кормандони ШВКД “рейд” гузаронданду ҳуҷҷатҳои моро диданд, ба мо гуфтанд, ки ҳуҷҷатҳоям ғайриқонунӣ асту маро фиреб додаанд. Баъди ин ман аз болои ў ба ШВКД аризаи шикоятӣ навиштам».
Барои равшанӣ андохтан ба қазия, ба муовини сардори РВКД дар вилояти Хатлон вобаста ба минтақаи Кӯлоб Абдулқодир Мирзозода муроҷиат намудем. Аз номбурда хоҳиш кардем, ки барои суҳбати мо бо муовини сардори ШВКД дар шаҳри Кӯлоб ва зердастонаш, ки дар шикоят номбар мешаванд, мусоидат намояд. А. Мирзозода тариқи телефонӣ супориш дод то моро қабул кунаду ба суолҳоямон ҷавоб гӯяд. Мутаассифона, баъдан тариқи телефони мобилиаш ба мо занг зада, кўтоҳ гуфт, ки дар он рӯзҳо дар рухсатии меҳнатӣ будаасту аз он ҳолат хабаре надорад. “Ман ҳоло аз шаҳр берун рафтаму бо шумо суҳбат карда наметавонам” гўён, телефонашро хомўш кард.
Муроҷиати мо ба Прокуратураи шаҳри Кӯлоб ва прокуратураи вилоят дар минтақаи Кӯлоб низ бенатиҷа монд. Дар Прокуратураи шаҳри Кӯлоб танҳо ҳаминро гуфтанд, ки «таъиноти судӣ ба прокуратураи шаҳр ворид шудааст ва 5-уми январи соли 2017 мо ба суд хулосаи худро фиристодаем. Вақте мо шикоятро гирифтем ва дидем, ки прокуратураи минтақа аллакай як бор ин ҳолатро санҷидааст, хулосаи ҳамонро гирифта ба суд ирсол кардем. Фозил Нозирзода - корманди прокуратураи минтақа аризаро санҷидааст ва ташхиси тиббии судӣ таъин кардаст. Дар хулосаи ташхиси тиббии судӣ аз 21-уми сентябри соли 2016 омадааст, ки дар бадани даъвогар асари шиканҷа нест. Дар ҳамин асос, аз оғози парвандаи ҷиноятӣ рад кардааст».
Муовини прокурори вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Машрабзода аз суҳбат худдорӣ намуда, танҳо ҳаминро гуфт, ки ягон муроҷиати шаҳрвандон дар прокуратураи минтақа бе баррасӣ намемонад.
Суоли матраҳ ин аст, ки чаро Прокуратураи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб аз натиҷаи санҷиши аризаи шаҳрванд Насрулло Одинаев ба ӯ ҷавоб нагардондааст?
Н. Одинаев айни ҳол аз болои ҳукми Суди шаҳри Кӯлоб аз 31-уми январи соли 2017 ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон шикоят бурдааст. Дар шикояти кассатсиноии худ ҳукми суди шаҳрро ғайриодилона дониста, аз суди болоӣ хоҳиш кардааст, ки ҳукми Суди шаҳри Кӯлоб аз 31-уми январ бекор карда шавад ва парвандаи ӯ барои аз нав баррасӣ кардан ба ҳайати нави судӣ фиристода шавад. Дар илова ба шикояти кассатсионӣ, қайд карда шудааст, ки оид ба шиканҷа шуданаш аз тарафи кормандони милитсия суди марҳилаи аввал баҳои қонунӣ надодааст.
Бояд гуфт, ки Суди шаҳри Кӯлоб 31-уми январи соли 2017 Насрулло Одинаевро бо моддаи 247, қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбати ӯ ҷазо дар намуди ҷарима бо ҳаҷми 1500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 60 ҳазор сомонӣ таъин кард. Суд дар асоси қисми 5, 6 моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 24-уми августи соли 2016 ӯро аз иҷрои ҷазо озод намудааст.