Ирсоли парвандаи се айбдоршаванда барои санҷиши прокурорӣ

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе санаи 7-уми апрел дархости Гулчеҳра Холматова, ҳимоятгари судшавандагон Ҷонибек Сайфиддинов, Насим Кукиев ва Ёсин Меликовро оид ба дучори шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифтани судшавандагон ҳангоми боздошт қонеъ гардонида, барои санҷиши прокурорӣ ирсол кард.

- Суд дархости моро оид ба гузаронидани санҷиши прокурорӣ аз рӯи шикояти судшавандагон дар бораи истифодаи шиканҷа нисбати онҳо дар хонаи машваратӣ дида баромада, қонеъ гардонд. Дар маҷлисгоҳи судӣ таъинот оид ба гузаронидани санҷиши прокурорӣ ва барои гузаронидани амалиёти тафтишотӣ ба Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур фиристонида шуд,- гуфт Гулчеҳра Холматова.

Ёдовар мешавем, ки ба Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ Сайфиддин Исломов - падари қурбонии эҳтимолии шиканҷа Ҷонибек Сайфиддинов, ки ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир айбдор мешавад, муроҷиат карда буд.

Аз рўи ин парванда боз ду нафари дигар айбдор мешаванд. Мурофиаи судии онҳо дар Суди ноҳияи Шоҳмансур оғоз гардид. Ҳар се нафар дар суд оид ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбаташон аз ҷониби кормандони милитсия ҳангоми боздошт хабар доданд.

Адвокати Эътилоф Гулчеҳра Холматова, ки ба айбдоршавандаҳо хизмати ҳуқуқӣ мерасонад, иттилоъ дод, ки рўзи 2-юми феврали имсол дар ноҳияи Ёвон ҳангоми истифодаи маводи нашъадори ҳашиш яке аз айбдоршавандаҳо - Ёсин Меликов боздошт карда шуд. Дар ду рўзи баъд ду нафари дигар - Насим Кукиев ва Ҷонибек Сайфиддинов боздошт гардиданд.

«Ҳамаи се нафар дар суд амалан ҳолати якхелаи боздошташонро нақл карданд, ки чи тавр чор нафар дар либоси мулкӣ (баъдтар мефаҳманд, ки онҳо кормандони ШВКД-и ноҳияи Шоҳмансур будаанд) бе нишон додани ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияташон бо тундӣ онҳоро ба мошин шинонда, ба ҳуҷрае воқеъ дар ошёнаи 3-юми бинои ШВКД-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мебаранд. Онҳо нақл карданд, ки чи тавр бо мақсади гирифтани нишондоди иқроршавӣ дар содир кардани ҷиноят бо дасту пой ба ишкамашон заданд ва дар ангуштонашон қувваи барқ монданд. Меликов ва Кукиев дарди заҳматоварро тоқат накарда, ба содир намудани ҷиноят иқрор кардаанд»,- зикр намуд адвокат.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ бо ишора ба нақзи ҷиддии меъёрҳо ҳангоми боздошти нафарони номбаршуда ёдовар мешавад, ки мувофиқи Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ, ягон кас набояд ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона гирифтор карда шавад.

NoTorture.Tj