Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Як сокини шаҳри Ҳисор иддао дорад, кормандони комиссарияти ҳарбӣ Сайёд Ҳалимов, бародарзодаи 24-солаашро бо зӯр барои хидмат дар артиш бурдаанд.
Бадриддин Сафаралиев дар як тамоси телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, субҳи имрӯз, 11 апрел кормандони комиссариат ба манзили онҳо омада, писари бародари марҳумашро, ки бемор аст, бо худ бурдаанд. Вай афзуд, “ду сол пеш ҳам ӯро дошта оварда буданд. Мо гуфтем, ки ин касал аст, аммо гӯш накарданд. Санҷиши тиббӣ бемор будани ӯро собит кард ва барояш билети ҳарбии “ноқобил” доданд”.
Сафаралиев мегӯяд, аммо имрӯз духтур хулоса додааст, ки Сайёд сиҳат аст ва баъди чанд соат ӯро аз Комиссариати Ҳисор ба Душанбе овардаанд: “Ӯ як одами бемор аст. Дасташ низ хуб нест, чанд маротиба шикаста аст. Бар илова вай ягона саробони оилаашон мебошад. На падар дорад ва на модар. Се фарзанд ҳастанд, ки онҳоро ӯ бо бибияш нигоҳубин мекунанд. Падараш соли 1998 аз олам гузашт ва модараш онҳоро партофта рафтааст. Дигар касе надоранд”.
То замони нашри ин хабар талошҳои хабарнигори “Озодагон” барои пайдо кардани масъулини Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳисор бенатиҷа буд. Дар сурати дастрас шудани иттилоъ дар ҳамин саҳифа нашр мешавад.