Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз додситонӣ хостааст, ки даъвои эҳтимоли шиканҷа шудани се сокини ноҳияи Ёвон аз тарафи чаҳор корманди пулисро расидагӣ кунад. Шикояти марбут ба эҳтимоли шиканҷа шудани гумонбарон рӯзи 7 апрел дар ҷараёни мурофиаи се сокини ноҳияи Ёвон ба додгоҳ ироа шудааст.
Ҷонибек Сайфиддинов, Насим Кукиев ва Ёсин Меликов – сокинони ноҳияи Ёвон – тибқи моддаи 200-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ" муттаҳам дониста мешаванд, ки ба мӯҳлати то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Ин афрод рӯзи 7 апрел ба додрас гуфтаанд, ки ҷараёни тафтишу баррасии қазияи онҳо бо нақзи ҳуқуқ анҷом шуд ва эътирофи гуноҳ таҳти шиканҷа ҳосил шудааст.
Ин се гумонбар аз додрас хостаанд, шикояти шиканҷа шудани онҳоро ҷиддӣ гирифта, чаҳор ходими пулиси шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо ба ҷавобгарӣ ҷалб кунанд. Шарифҷон Сайдалиев, додраси додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур, рӯзи 11 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба хотири расидагӣ ба ин қазия додситониро муваззаф кардааст. Дар шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шоҳмансур шиканҷа шудани гумонбарони ҷинояти марбут ба маводи мухаддирро комилан рад карда ва бепояву асос хонданд.
Гулчеҳра Холматова
Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ки Ёсин Меликов, Ҷонибек Сайфиддинов ва Насим Кукиев бо гумони харидуфурӯши "ҳашиш" моҳи феврали имсол боздошт шудаанд. Вакили дифои гумонбарон Гулчеҳра Холматова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нафарони таҳти ҳимояти ӯ дар рӯзи аввали мурофиа ба додрас гуфтаанд, ки баъди боздошт шадидан шиканҷа шуданд ва зери латту кӯб маҷбур гуноҳро ба гардан гирифтанд.
Дар ҷараёни мурофиаи рӯзи 10 апрел Сайфиддин Исломов, падари Ҷонибек Сайфиддинов дар муҳокима эътироф кардааст, ки ҳашишро ба писараш худи ӯ дода буд, чун солиёни зиёд аст, ки ҳашиш истеъмол мекунад. Ба иддаои падар, худи ӯ ҳам мавриди латту кӯб ва азияти пулис қарор гирифтааст. Худойбердӣ Кукиев, падари Насим Кукиев гуфтааст, вақте аз рӯи қазияи писараш ба назди пулис омад, ӯро низ шиканҷа кардаанд. Худойбердӣ Кукиев мегӯяд, 28 сол аст, ки “ҳашиш” истеъмол мекунад ва инро пинҳон намедорад. Вай иддао кардааст, ҳеч гоҳ на вай ва на фарзандаш ба харидуфурӯши маводи мухаддир машғул нашудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Сайфулло Сайфуллозода, муфаттиши шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур, ирсоли парванда ба манзури расидагии аъмоли кормандони пулис ба додситониро тасдиқ кард. Вале айни замон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳеч кас ба онҳо ҳеч кор накардааст. Ин хел гап дар ягон ҷой нест".
Масъулони дигари Шуъбаи корҳои дохилии Шоҳмансур дар робита ба ин қазия изҳори назар намекунанд ва аз ифшои ному насаби кормандони худ, ки дар боздошти ин се нафар даст доштаанд, худдорӣ намуданд.
Даъвои се сокини Ёвон дар ҳолест, ки охири моҳи март мурофиаи дигаре дар шаҳри Душанбе шикояти гумонбар дар ҷинояти “зархаридӣ” оид ба шиканҷа шуданаш аз ҷониби пулисро тасдиқ накард. Ҷовидон Ҳакимов, як сокини шаҳри Кӯлоб, иддао кард, ки зери шиканҷа маҷбур шуд эътироф кунад, гӯё ҷавонҳоро барои сафар ба Сурияву Ироқ бо ҳадафи иштирок дар ҷангҳо зери парчами гурӯҳи “Давлати исломӣ” ташвиқ мекард, вале дар асл худро бегуноҳ мешуморад.
Се ходими пулисе, ки дар ин мурофиа ба ҳайси шоҳид даъват шуданд, ин иттиҳомотро рад карданд ва додгоҳ ҳам дигар ба ин мавзӯъ барнагашт. Ҳакимови 29-сола рӯзи 30 март гунаҳкор ва ба 15 соли зиндон маҳкум шуд.
Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, мавзӯи шиканҷа дар идораҳои пулис аз мушкилотест, ки зоҳиран бартараф ё решакан кардани он осон нест. Созмони Amnesty International дар як гузоришаш гуфтааст, то ҳол дар Тоҷикистон усул ё механизми бозрасии мавридҳои шиканҷа ва бадрафторӣ вуҷуд надорад.
Ҳанӯз Тоҷикистон Протоколи факултативӣ ба Конвенсия алайҳи шиканҷаро ҳам тасвиб накарда ва аз таъсиси механизми миллии пешгирӣ сарпечӣ кардааст. Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша аз нишондодҳои вазъи ҳуқуқи башар ҳимоят карда, мегӯянд, дар сурати расидани шикоят мунсифона баррасӣ мешавад. Аз сӯи дигар, бархе вакилони дифоъ мегӯянд, ки собит кардани ҳодисаҳои шиканҷа дар додгоҳ кори осон нест, чунки низоми додгустарӣ дар баррасии чунин қазияҳо бетараф нест ва ҳам сабти осори шиканҷа дар тани инсон бо сабаби адами дастрасии гумонбари боздоштшуда ба табибу экспертизаи судӣ номумкин аст.
Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон моҳи октябри соли 2016 достони 14 қурбонии шиканҷаро дар маҷмӯаи “Тақдирҳои шикаста. Умрҳои рабуда” нашр кард, ки дар фурсати панҷ соли аз ин пеш дучори бадрафтории пулис шудаанд. Аз миёни онҳо танҳо ду нафарашон зинда мондаанд. Масъулони ин созмон гуфтанд, ки то тобистони соли 2016 аз рӯи 37 ҳодисаи истифода аз шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ва маҳбасҳои кишвар шикоят дарёфт кардаанд ва ин омор дар муқоиса ба нишондоди ҳамин давраи соли 2015 1,5 баробар зиёд будааст.