Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Искандарзода Б., судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе нимаи дуюми рӯзи 13-уми апрел баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ғоибназаров Фирӯзи 18-сола, донишҷӯи соли якуми Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи Саидмумин Раҳимов ва 8 нафар судшавандагонро, ки дар муноқишаи гуруҳӣ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ муттаҳам карда мешаванд, идома дод.
Ба гуфтаи Абдураҳмон Шарипов, адвокати Фирӯз Ғоибназаров, тафтишоти пешакӣ бе ягон далел, дар асоси тахмину гумонҳо нисбати зерҳимояаш бо моддаи 237 (авбошӣ) қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз кардааст, ки комилан ғайриқонунӣ аст. Зеро, ба қавли ҳимоятгар, дар муноқишаи рӯзи 11-уми январи соли равон, ки миёни ҷавонони маҳаллаи 33-юм, кӯчаи ба номи Раҳмон Набиев ва якчанд нафар хонандагони синфи 10 ва 11-уми мактаби 59-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рух додааст, Фирӯз Ғоибназаров ҳузур дошт, вале иштирок надоштааст.
Тавре адвокат аз қавли Фирӯз Ғоибназаров мегӯяд, зерҳимояаш аз муноқишаҳое, ки 9 ва 10-уми январ, вақте ки ин ду гуруҳ барои муноқиша дар кӯчаи Р. Набиев ҷамъ меоянд, хабаре надоштааст.
- Зерҳимояамро воқеан 11-уми январи соли 2017 тахминан соати 18:30 дақиқа, кормандони милитсия дастгир карда, ба утоқи кориашон, бинои ШВКД-1 н. Сино, ш. Душанбе бурда, шабонарўзӣ нигаҳдорӣ кардаанд. Вале, протоколи дастгиркунӣ бо санаи 13-уми январи соли 2017 тартиб дода шудааст, ки хилофи талаботи моддаи 94 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин сабаб, аз болои ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва тағйири санаи боздошткунӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе шикоят бурдаанд,- мегўяд адвокат Шарипов Абдураҳмон.
Боздошти Ғоибназаров Фирӯзро аз таъмиргоҳи нақлиётӣ дар кӯчаи Ҷаббор Расулов рӯзи 11-уми январи соли равон зимни мурофиаи судии қаблӣ шоҳид С. С., ки ба сифати устои таъмиргари нақлиёт дар ин таъмиргоҳ фаъолият мекунад, тасдиқ намудааст. Аз нишондоди шоҳид маълум гардидааст, ки вақти воқеан дастгир шудани Ғоибназаров Ф. 11.01.2017 соати 18:30 будааст.
Бо ташаббуси Суд, ба мурофиаи судӣ муфаттиши калони шуъбаи тафтишотии РВКД ш. Душанбе, ки тафтишоти пешакии парвандаро ба зимма дошт, даъват шуда, пурсида шуд. Яке аз сабабҳои асосии ба мурофиа даъват шудани муфаттиш он будааст, ки ба қавли судшавандагон, муфаттиш гӯё баёнотҳояшонро бо роҳи муносибати бераҳмонаи ғайриинсонӣ, фиреб ва ваъдаи ҳамчун шоҳид гузаронидан дар парванда гирифта бошад.
Тавре Ғоибназаров Фирӯз дар баёноти ба адвокат додааш менависад, пас аз боздошт ва ба милиса дастрас шуданаш ба ӯ фаҳмонидаанд, ки дар авбошӣ, ки 11-уми январи соли 2017, тахминан соати 17-18 содир шудааст, гумонбар дониста мешавад: “Дар рафти баёнотдиҳиам дар назди марде, ки куртаи сиёҳ, шими рангаш сиёҳ, дар пояш туфлии сиёҳ, қадаш 170-175 см, мӯи сараш ранги сиёҳ буд, чанд нафар омада маро латукӯб мекарданд, ки дар баёнот чизе менависанд, ҳамонро имзо кунам. Маро задагӣ шахсон 3 нафар буданд, ки лаҳҷаи гапзаниашон дағалона бо истифодаи дашном ва суханҳои қабеҳ, пастзанандаи шаъну шараф ва обрӯи шахсиям буданд”.