Фирӯз санг партофт?... Санг ба ягон кас расид?

Искандарзода Б., судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 24-уми апрели соли ҷорӣ баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ғоибназаров Фирӯзи 18-сола, донишҷӯи соли якуми Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи Саидмумин Раҳимов ва 8 нафар судшавандагонро, ки дар муноқишаи гуруҳӣ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ муттаҳам карда мешаванд, анҷом дод. Пайвандони Фирӯз, ки қаблан ба бегуноҳии фарзандашон таъкид мекарданд, аз пешниҳод намудани шикояти кассатсионӣ даст кашидаанд.

Адвокат Абдураҳмон Шарипов, ки аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои Фирӯз Ғобиназаров сафарбар гардидааст, мегӯяд, ки “суд бо дастрасии моддаи 63-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Фирӯз 2 солу 6 моҳ ҷазо муқаррар кард”.

Ин дар ҳолест, ки айбдоркунандаи давлатӣ дар нутқи хулосавиаш Фирӯз Ғоибназаровро барои содир намудани ҷиноят пурра айбдор дониста, барои ӯ 5 соли маҳрумӣ аз озодиро талаб намуда буд. Волидайни Фирӯз аз шикояти кассатсионӣ даст кашиданд. Онҳо мегӯянд, ки “агар шикояти кассатсионӣ пешниҳод намоем, айбдоркунандаи давлатӣ метавонад эътироз оварда, муҳлати ҷазоро то ба 5 сол аз суд талаб кунад. Аз ин рӯ, худи Фирӯз Ғоибназаров аз овардани шикояти кассатсионӣ даст кашид”.

Дар ҳамин ҳол, падари Фирӯзи 18-сола Ғоибназаров Манон дар мавриди қазияи мавриди назар мегӯяд: “Рӯзи 11-уми январ бегоҳӣ аз кор омадам, аз оилаам фаҳмидам, ки аз шуъбаи милисаи Сино-1 омада, Фирӯз ва 2 рафиқашро бурдаанд. Ба милисахона рафтам, пурсидам, ки чӣ кор кард, чӣ шуд, ягон кас гап намезанад. Ман медонам, ки бачаи ман ҷангара ё беодоб нест. Ӯ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, дар факултети ҳарбӣ мехонд. Дар ШВКД Сино-1 ӯро се рӯз маҳкам карданд, ягон бор моро нишон надоданд, намонданд, ки ба пешаш равем. Намегуфтанд, ки чӣ кор кард, чӣ кор накард, ягон гап ба мо намегуфтанд. Ҳатто моро даромадан намонданд. Мо гуфтем, ки аз рӯи қонун амал кунед, монед фарзандамонро бинем. Милисаҳо ба ҳама саволҳои мо фақат мегуфтанд, ки “бачата тарбия кун”. Се рӯз, то рӯзи 13-уми январ дар назди милисахона истодем. Бо ҳамин бурда дар ИВС маҳкам карданд. Баъд аз муфаттиши парванда Муродов Диловар пурсидем, ки фарзанди мо чӣ кор кардааст? Ӯ гуфт, ки сангпартоӣ карда, ба навор афтидааст. Баъди як ҳафта, вақти вохӯрӣ бо Фирӯз аз ӯ пурсидам, ки барои чӣ гуфтӣ санг партофтам? Ба Фирӯз муфаттиш гуфтааст, ки агар ҳамин гапро гӯӣ, ки ман санг партофтам, туро ёрдам мекунам. Муфаттиш Муродов Диловар моро аҳмақ мекард, ваъда медод, ки имрӯз биё, фалон соат биё барои вохӯрӣ бо писарат, иҷозатнома медиҳам. Дар хунукӣ мерафтем, мешиштем, вале моро фиреб медод ва натавонистем дар ин муддат бо писарам вохӯрем. Писарам мегӯяд, ки “ман он рӯз, дар вақти ҷанҷол он ҷо набудам. Дар вақти пурсупос, дар шуъбаи милисаи Сино-1 маро заданд, дашномҳои қабеҳ карданд”.

Бояд гуфт, ки қаблан бо ташаббуси суд ба мурофиаи судӣ муфаттиши калони шуъбаи тафтишотии РВКД шаҳри Душанбе, ки тафтишоти пешакии парвандаро ба зимма дошт, даъват гардида, пурсида шуда буд. Яке аз сабабҳои асосии ба мурофиаи судӣ даъват шудани муфаттиш он будааст, ки ба қавли судшавандагон, муфаттиш гӯё баёнотҳояшонро бо роҳи муносибати бераҳмонаи ғайриинсонӣ, фиреб ва ваъдаи ҳамчун шоҳид гузаронидан дар парванда гирифта бошад.

Тавре Ғоибназаров Фирӯз дар баёноти ба адвокат додааш навиштааст, пас аз боздошт ва ба милиса дастрас шуданаш ба ӯ фаҳмонидаанд, ки дар авбошӣ, ки 11-уми январи соли 2017, тахминан соати 17-18 содир шудааст, гумонбар дониста мешавад: “Дар рафти баёнотдиҳиам дар назди марде, ки куртаи сиёҳ, шими рангаш сиёҳ, дар пояш туфлии сиёҳ, қадаш 170-175 см, мӯи сараш ранги сиёҳ буд, чанд нафар омада маро латукӯб мекарданд, ки дар баёнот чизе менависанд, ҳамонро имзо кунам. Маро задагӣ шахсон 3 нафар буданд, ки лаҳҷаи гапзаниашон дағалона бо истифодаи дашном ва суханҳои қабеҳ, пастзанандаи шаъну шараф ва обрӯи шахсиям буданд”.

Зимнан, боздошти Ғоибназаров Фирӯзро аз таъмиргоҳи нақлиётӣ дар кӯчаи Ҷаббор Расулов рӯзи 11-уми январи соли равон зимни мурофиаи судӣ шоҳид Раҷабов Сиёвуш, ки ба сифати устои таъмиргари нақлиёт дар ин таъмиргоҳ фаъолият мекунад, тасдиқ намудааст. Сиёвуш дар ин маврид изҳор медорад: «Рӯзи 11-уми январ соатҳои 4-и бегоҳ Фирӯз ба ман занг зада, дар куҷо буданамро пурсида, гуфт, ки “пешат равам, як чизро маслиҳат кунем”. Баъдтар бо ҷӯрааш Оятулло ба ҷои кори ман, маҳаллаи 33 юм, пеши “Запарожча” омаду гап зада шиштем. Ӯ падару модари камбағал дорад. Ман гуфтам, ки насиб бошад, мактаб тамом мешавад, таътили якмоҳа мешавад, биё барои зиндагиат, барои роҳпулиат кор кун. Ӯ розӣ шуд. Ҳамин тавр чақ-чақ карда шишта будем, ки яку якбора 3-4 мошин даромада омад. Маълум шуд, ки милиса ҳастанд. Онҳо либоси мулкӣ доштанд. Аз ҷои кори ман 3 нафарро бо худ бурданд. Ман аз ҳодисаи рухдода бехабар будам. Одами ҷанг кардагӣ аз сару рӯяш маълум аст, вале инҳо ба чунин одам монанд набуданд. Ман гуфтам, ки инҳоро барои чӣ мебаред?» Гуфтанд, ки “шуъбаи милисаи Сино-1 мебарем”. Ман даррав ба модараш занг задам, ки Фирӯзҷонро гирифта бурданд. Дигарашро падару модараш медонанд, онҳо 3-4 рӯз пушти дари милисахона буданд. Аз байн 4 моҳ гузашт. Аз ин ҷанг ман тамоман хабар надоштам. Ҳангоми аз пеши ман бурдани онҳо ягон латукӯб ё дашном нашуданд”.

Адвокат Абдураҳмон Шарипов дар шарҳи қазияи мазкур меафзояд, ки “ман аз 17-уми январи соли 2017, зимни тафтишоти пешакӣ иштирок кардам. Аз болои ҳаракатҳои муфаттиш, боздошту бозпурсӣ, нигоҳдории ғайриқонунӣ ва бандубасти ғайриқонунии маводҳои тафтишоти пешакӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе аризаи шикоятӣ пешниҳод кардам. Шикоятам бо он асоснок карда шудааст, ки аз суханони зерҳимояам, кормандони милиса хилофи талаботи дастурамал “Дар бораи дастгиркунӣ” бо боздоштшудаҳо муомилаи хуб надоштанд, 3 рӯз дар боздошт ғайриқонунӣ нигоҳ дошта шуда, шароити ҷои хоб надоштанд, дар як рӯз танҳо як маротиба ба ҳоҷатхона мебурданд, ҷои хурокхӯриашон номусоид, манъ кардани гаштугузор буд. Ин боздошту пурсиш ва нигоҳдорӣ бе санксияи суд, бе протоколи дастгиркунӣ сурат гирифтааст. Мо аз рӯи ин амалҳои кормандони милисаи Сино-1 шикоят кардем. Вақте муфаттиш пас аз 3 моҳи тафтишоти пешакӣ дар мурофиаи судӣ ба сифати шоҳид пурсида шуд, ӯ вақту соати боздошткунӣ, тартиб додани протоколро аниқ гуфта натавонист. Гуфт, ки гумонбаршудаҳоро соати 20-и бегоҳи рӯзи 13-уми январ дастгир кардаанд. Дар протоколи дастгиркунӣ бошад, соати 3-и шаби 13-уми январ навишта шудааст. Аз ҷониби суд боздошти онҳо дар санаи 11-уми январ соати 18:30 дақиқа ба инобат гирифта нашуд. Ин дар ҳолест, ки шоҳидон дар мурофиаи судӣ нишондод дода буданд, ки кормандони ШВКД Сино-1 рӯзи 11-уми январ соати 18:30 дақиқа ба таъмиргоҳи мошинҳо омада, онҳоро ба милисахона бурданд. Дар ин қисм муфаттиш ягон тафтишот нагузаронидааст. Прокуратура ҳам ин чизро сарфи назар кардааст. Аксаран, ҳамаи бачаҳое, ки боздошт шудаанд, аз оилаҳои камбизоатанд».

“Иштироки ман дар ин ҷанҷол исбот карда нашуд, вале бо сабаби он, ки падару модари камбағал дорам, онҳо бо муфаттиш “забон” ёфта натавонистаанд, барои ҳамин моддаи 237 қисми 3-ро ба гардани  ман задаанд”. Ин суханон аз тарафи худи Фирӯз Ғоибназаров дар рафти мурофиаи судӣ ба забон оварда шуд. Дар моддаи 237 қисми 3Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ) омадааст, ки ҷиноят бояд бо истифодаи олоти ҷиноят содир карда шавад. Агар олоти ҷиноят бошаду онро истифода накарда бошанд, он ҷиноят ҳисоб намешавад. Сӯиқасд ба ҷиноят ва ё умуман тибқи ин модда бандубаст карда намешавад. Вале мақомоти тафтишоти пешакӣ чӣ хеле хост, ҳамон хел бандубаст кард. Барои ҳамин, мо аз болои ҳамин амал ба прокуратура шикоят кардем. Муфаттиш дар вақти эълон кардани айб дар рафти тафтишоти пешакӣ қайд кардааст, ки Фирӯз ду бор санг партофт, вале намедонад, ки тарафи кӣ санг партофт, ба касе расид ё нарасид. Ягон шоҳид нест. Ягон далели шайъӣ нест, предмети ҷиноят нест.

Аз муфаттиши парванда мусоҳиба гирифтан имконнопазир буд, чун ӯро пайдо карда натавонистем. Искандарзода Бахтиёр, судяи Суди ноҳияи Сино бошад, дар суҳбати бидуни сабт гуфт, ки “дар мавриди парванда чизе гуфта наметавонам, зеро он ба тобеияти Суди шаҳри Душанбе гузаштааст. Яке аз волидайни судшудаҳо аз болои ҳукми суд шикоят бурдааст”.

Искандарзода ҳукмро нисбат ба Ғоибназаров Фирӯз боадолатона меҳисобад ва мегӯяд, ки дар рафти мурофиаи судӣ гуноҳи Фирӯз исбот шудааст. Судя суханашро бо он асоснок менамояд, ки дар мурофиа судӣ Ҷабборов Нуриддин, рафиқи Фирӯз шоҳидӣ додааст, ки дар дасти Фирӯз чӯберо дидааст.

Судя инчунин боздошти Фирӯз Ғоибназаров ва рафиқонашро рӯзи 11-уми январ аз маҳаллаи 33-юм, ки ба андешаи Абдураҳмон Шарипов - адвокати Фирӯз Ғоибназаров, ғайриқонунӣ аст, рад мекунад. Судя Искандарзода мегӯяд, ки муфаттиш ҳақ дорад гумонбаршудаҳоро давоми 48 соат боздошт кунад ва пас аз он барои боздошти минбаъдаи онҳо аз суд санксия дархост намояд.

Тасмим гирифтем рӯзи шанбе, 13-уми май, аз вазъи саломатии ҷабрдида Раҳматов Шаҳром, ки дар муноқишаи гуруҳӣ аз сараш ҷароҳат бардошта, чанд муддат дар бемористони “Қарияи боло” табобат гирифта буд, аз наздик бохабар шавем. Вале, мутаассифона, Шаҳромро дар хонаашон пайдо накардем.

Бо модари Шаҳром пушти дари хонаашон суҳбат кардем. Модараш мегӯяд, ки то ҳанӯз вазъи саломатии писарашон хуб нест. Сари чанд вақт падараш ӯро назди духтурон барои ташхис мебарад: “Имрӯз ҳам ӯро ба “Қарияи Боло” бурданд”. Ба гуфтаи модар, Шаҳром фаромӯшхотир шудааст: “Ҳамроҳаш гап занему каме баъдтар гашта пурсем, аз ёдаш рафтааст. Ба ёдаш намеояд, ки каме пештар дар бораи чӣ суҳбат кардааст. Пеши сараш устухон надорад. Пас аз ҷарроҳӣ устухони майдашудаи сарашро ба мо доданд, ҳоло дар “холодилник” истодааст”.

Каме баъдтар бародари Шаҳром ба суҳбати мо ҳамроҳ шуд ва гуфт, ки бе иҷозати падараш наметавонанд дар мавриди Шаҳром ва муноқиша суҳбат намоянд. “Одами фарзанди моро задагӣ дар Русия гаштааст. Рамазон задааст ва гурехта ба Русия рафтааст”,- гуфт бо алам дар хотимаи суҳбат модари Шаҳром.

Дар ҳамин ҳол, Назриқулова Мавзуна, ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59, ки Ғоибназаров Фирӯз 11 сол он ҷо таҳсил кардааст, дар суҳбат бо мо гуфт, ки 10 сол боз дар мактаби мазкур кор мекунад ва Фирӯзро ҳамчун бачаи фаъол мешиносад.

- Аз 10 соле, ки дар мактаби №59 ба сифати омӯзгор фаъолият дорам, 6 солашро ҳамчун ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ сипарӣ кардам. Вақте аз муноқишаи собиқ хонандагони мактабамон хабар ёфтам, ҳеҷ боварам наомад, ки Ғоибназаров Фирӯз ва Ҷабборов Нуриддин, ки ҳамсинфанд, дар ин кор даст дошта бошанд. Зеро дар 6 соле, ки ҳамчун муовини директор кор кардам, ягон маротиба беодобию бетартибӣ ва ё ҷангу ҷанҷоли ин бачаҳоро надида ва нашунида будам. Дар корҳои ҷамъиятии мактаб фаъолона иштирок мекарданд. Ҳарчанд хониши аъло надошта бошанд ҳам, вале рафтори хуб доштанд. Агар хоҳед, ҳамаи муаллимонро даъват мекунам, то андешаҳояшонро нисбати Фирӯз ва Нуриддин гап зананд. Онҳо ин хел бача набуданд. Мактаб 2150 нафар хонанда дорад, ки дар ду баст таҳсил мекунанд. Ягон муаллим аз Фирӯз то рӯзи хатми мактаб шикоят накарда буд. Аз ин сабаб, вақте фаҳмидам, ки собиқ хатмкардаҳои мактаби мо дар муноқиша иштирок кардаанд, боварам наомад. Ҳатто муаллимоне ҳам, ки Фирӯзро дарс дода буданд, бовар накарданд, ки ӯ ин корро карда бошад,- гуфт М. Назриқулова.

Дар рафти тадқиқот хостем бевосита аз аҳволи хонаводаи волидайни Фирӯз Ғоибназаров бохабар гардем. Аз рӯи мушоҳидаҳо, дидем, ки шароиту вазъи оилавии Ғоибназаровҳо хуб нест. Онҳо солҳои 70-ум хона харидорӣ карда будаанд, ки он вақт барои як оила пешбинӣ шуда буд, вале бо мурури замон, бо зиёд гардидани шумораи аҳли оила ва вазъияти нохуби иқтисодиашон натавонистанд барои аъзои дигари оила ҷои дигаре хона бихаранд ва ё бунёд кунанд.

Бибираҷаб Раҷабова, модари Фирӯз Ғоибназаров як зани кӯчарӯб аст ва чанд сол боз дар ДУ-и ноҳияи Сино ва шавҳараш Ғоибназаров Манон ба ҳайси мудири хоҷагӣ дар массисаи таълимии мактаби таҳсилоти умумӣ рақами 24-и шаҳри Душанбе кор мекунанд. Модари зор мегӯяд, ки ӯ 760 сомонӣ маош мегирад ва шавҳараш бошад, 600 сомонӣ.

- Пештар шавҳарам 700 сомонӣ музди меҳнат мегирифт, вале сарфи назар аз зиёд гардидани маоши коргарон, аз чӣ бошад, ки маоши ӯ кам шуд ва ҳоло 600 сомонӣ мегирад. Ҳеҷ нафаҳмидем, ки барои чӣ чунин шуд. Дар бисотамон ҳамагӣ як писар дорем. Ду фарзанди дигарамон ҳоло мактабхонанд. Фирӯз дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, дар кафедраи ҳарбӣ тариқи шартнома таҳсил мекард, ки маблағи солонааш 5200 сомонӣ мебошад. Ин маблағро аз бонки “Имон-интернешнл” бо фоиз қарз гирифта, ба донишкада супорида будем. Акнун маблағамон ҳам сӯхту шояд дигар писарамонро баъди ба озодӣ баромадан аз мактабаш ронанд. Тақдири яккаписарам чӣ мешуда бошад? Имсол духтари калониам мактаби миёнаро хатм мекунад. Мақсад дорад ба Коллеҷи тиббӣ дохил шуда, духтур шавад. Вале бо ин аҳвол намедонем чӣ кор кунем. Шояд соли дигар ҳуҷҷатҳояшро месупорад,- бо ашки бари рухсор ва дили пурғам мегӯяд модар.

Ба гуфтаи Ҳадиса - аммаи маҳкумшуда Фирӯз Ғоибназаров, онҳо дар масоҳати 2,8 сотиқ замини наздиҳавлигӣ 4 оила зиндагӣ мекунанд, ки дар умум 23 нафарро дар бар мегирад. Ба гуфтаи Ҳадиса, “замони тафтишоти пешакии парванда боре як нафар бо номи Абдулло суроғ карда, ба хона омад. Кӣ буданашро пурсидам, гуфт аз УВД. Аз дар даромада, каме ин тарафу он тараф нигоҳ карда, гуфт, ки “хато шудааст, фамилия дигар будааст” ва баромада рафтанӣ шуд. Ман гуфтам, ки дар ҳамин маҳаллаи “Роҳи нав” аз хонаи 1 то 360 агар кӯдакони 10-12-сола Абдулло ном надошта бошанд, дигар ягон Абдулло нест. Ӯ дигар чизе нагуфта, баромада рафт. Баъд пагоҳаш, ки падари Фирӯз барои вохӯрӣ рафт, аллакай муомилаҳо дигар, рафтору гуфтор дигар шуд. Боз дар як вохӯрӣ Фирӯз ба падараш мегӯяд, ки муфаттиш гуфтааст агар ба калла гирӣ, ки санг партофтаӣ, қисми 3-ро ба кисми 2 иваз мекунам ва гуноҳат сабук мешавад,- гуфт аммаи Фирӯз.

Қаблан ҳам адвокат А. Шарипов изҳор дошта буд, ки “протоколи дастгиркунӣ (боздошти Фирӯз Ғоибназаров) бояд аз рузи 11 январи соли чорӣ воқеан дастгиркардашуданаш тартиб дода мешуд вале, он аз санаи 13-уми январи соли 2017 тартиб дода шудааст, ки хилофи талаботи моддаи 94-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин сабаб, аз болои ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва тағйири санаи боздошткунӣ аввали моҳи апрел ба Прокуратураи шаҳри Душанбе шикоят бурда шудааст». Дар навбати худ, Прокуратураи шаҳри Душанбе аризаро барои баррасӣ ба Прокуратураи ноҳияи Сино фиристодааст.

Муовини прокурори ноҳияи Сино изҳор медорад, ки “алҳол аз ворид гардидани ариза дар бораи боздошти ғайриқонунӣ бохабар нестам, дидан даркор. Агар ариза ворид шуда бошад, аз натиҷааш ба муроҷиаткунанда хабар дода мешавад. Баъдан шумо метавонед ҷавобашро аз худи муроҷиаткунанда гиред”.

Notorture.Tj