Рӯзи касбиатон муборак, адвокатҳо!

Рӯзи 26-уми май дар Тоҷикистон «Рӯзи адвокат» қайд карда мешавад. Адвокатураи маҳаллӣ, ки зиёда аз 80 сол боз фаъолият дорад, то имрӯз дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳм мегузорад.

Таври маълум, фаъолияти адвокатӣ саҳлу содда набуда, аз адвокат донишу таҷрибаи васеъ, азхудгузаштагӣ, истодагарӣ дар мавқеи худ, бовиҷдонӣ мехоҳад. Ин фаъолият ҳамзамон барои адвокат то андозае хатарнок аст, чун ӯ ҳамеша миёни баҳси ду ҷониб қарор дорад ва ҳар ду ҷониб ҳам кӯшиш мекунанд ҳақ бароянд. Дар ин маврид, барои барқарор намудани адолат вазифаву саҳми адвокатҳо дар мадди аввал аст.

Сарфи назар аз ҳама мушкилиҳо, адвокатҳо талош мекунанд дар иҷрои талаботи Конститутсияи кишвар ва дигар қонунгузориҳо, инчунин меъёрҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон иштирок намоянд, ки вазифаи ҷониашон аст.

Кулли адвокатҳои кишварро бо рӯзи касбиашон табрик мегӯем ва умедворем, ки аз хатарҳои эҳтимолӣ эмину бо фаъолиятҳои ҳирфаӣ дар хизмати шаҳрвандон бошанд.

Рӯзи касбиатон муборак!

NoTorture.Tj