Фарҳод наметавонад ба ватан баргардад

Мақомоти Тоҷикистон наздики сад ҷавонро, ки аз хидмат дар артиш фирор кардаанд, ҷустуҷӯ мекунад. Фарҳод Назаров, сокини 26-солаи ноҳияи Мӯъминобод аз ҷумлаи онҳоест, ки мақомот ӯро барои фирор аз хидмати сарбозӣ дар пайгард қарор додаанд.

Мақомоти ноҳияи Мӯъминобод мегӯянд, Фарҳод тирамоҳи соли гузашта ба артиш даъват шуд, аммо аз даъват сарпечӣ карда, ба Русия гурехт. Ин ҷавон иттиҳоми мақомотро рад мекунад ва мегӯяд, бинобар дар ҷустуҷӯ қарор доштан наметавонад ба ватан баргардад.

“На пойи рафтан, на ҷойи мондан”

Фарҳод Назаров рӯзи 15-уми июн дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар Русия кор надорад, вале бинобар боз шудани парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ӯ аз омадан ба ватан худдорӣ кардааст. Фарҳод аз 18-солагӣ боз барои пешбурди рӯзгори хонавода ба Русия меравад. Мактаби миёнаро низ то синфи нӯҳум хондааст.

Ӯ гуфт, моҳи октябри соли гузашта ҳангоми бозгашт аз Русия дар роҳ ба сӯи хонааш аз ҷониби нозирони роҳ боздошт ва ба комиссариати ҳарбӣ бурда шуд. “Он рӯз дар хонаамон маъракаи хурсандӣ буд. Гуфтам, ки ақаллан гузоред, маъракаро гузаронам, худам меравам. Гуфтанд, ки додаратро ба ҷоят биор ва худат бирав. Шиносномаамро гирифта, хостанд, ки додарамро ба ҷои ман ба хидмат баранд. Ӯ бемор баромад. Баъдан, кашокаши ман сар шуд”, - гуфт ӯ.

Фарҳод мегӯяд, моҳи январи имсол ба Русия рафт ва мақомот ба хонаашон рафта гуфтаанд, ки нисбат ба ӯ барои сарпечӣ аз хидмат дар артиш парвандаи ҷиноӣ боз шудаанд. “Ҳоло дар Русия кор надорам. Бисёр мехоҳам, ки ба Тоҷикистон биравам, лекин метарсам, ки маро суд мекунанд”, - гуфт ӯ.

Мақомот: “Фарҳодро ватан намебахшад”

Мақомоти ноҳияи Мӯъминобод дар минтақаи Кӯлоб мегӯянд, Фарҳод баъди гузаштани муоинаи тиббӣ аз саҳни комиссариати ҳарбӣ гурехтааст ва бинобар ин нисбат ба ӯ Додситонии ҳарбӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда, дар ҷустуҷӯ қарор додааст. Лутфия Ҷумъаева, раиси комиссияи даъвати ҷавонон ба артиш ва муовини раиси ноҳияи Мӯъминобод, рӯзи 15-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз рафтори Фарҳод хашмгинанд.

Ҷумъаева гуфт, тамоми санадҳо барои сафарбарии Фарҳод Назаров ба артиш омода буд, вале ӯ бо баҳонае дар лаҳзаи охирин аз бинои Комиссариати ҳарбӣ гурехта, ба Русия рафтааст. “Аз комиссия гузарондем. Дар ҳақиқат, ҳамон рӯз аз Русия омада буд. Ҳамроҳи модараш аз саҳни комиссариат гурехт. Дар ҳеҷ ҷой пайдо нашуд. Аз ҳама хешу табораш хоҳиш кардем, ки биёяд, вале наомад. Прокуратураи ҳарбӣ нисбат ба ӯ парванда кушод. Моро санҷиданд, ки шояд шумо ӯро гурезонда бошед. Ин бача моро бисёр асабӣ кард. Бояд биояд ва дар назди қонун ҷавоб диҳад. Ҳатто ба воситаи Интерпол ҳам бошад, ӯро биёранд, ки барои дигарон ибрат шавад. Ӯро ватан намебахшад, қонун намебахшад”, - гуфт ӯ.

Фарҳодро дар сурати бозгашт аз ду то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад. Фарҳод Назаров мегӯяд, ҳоло ҳам ризо аст, ки агар ӯро бубахшанд, рафта ба ватан хидмат кунад. Ӯ гуфт, “ман нагурехтам. Аз ман пул пурсиданд. Гуфтам, як дирам надорам, ки бидиҳам. Маро дар ҷустуҷӯ қарор доданд.”

Лутфия Ҷумъаева, масъули сафарбарии ҷавонон ба сафи артиш мегӯяд, онҳо нақшаи даъватро иҷро карданд ва ба мисли Фарҳод ба “фирориён” дар артиш ниёз надоранд.

“Парвандаи ҷавонони фирориро ба додситонӣ супурдем”

Масъулони комиссариати ҳарбӣ дар Хатлон мегӯянд, бар асоси қонун то се бор ба ҷавони зери синни хидмати ҳарбӣ даъватнома дода мешавад ва агар ӯ дар ин муддат ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашавад, парвандааш ба Додситонии ҳарбӣ супурда мешавад.

Як мақоми комиссариати ҳарбӣ дар Хатлон бидуни зикри номаш рӯзи 15-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, дар даъвати баҳорӣ парвандаи ҳудуди сад нафарро, ки аз хидмат сарпечӣ кардаанд, ба додситонии ҳарбӣ супурдааст. Ба гуфтаи ӯ, ин ҷавонон бо вуҷуди даъватҳои батакрор барои рафтан ба хидмат ҳозир нашудаанд ва ҳоло маълум нест, ки онҳо дар куҷо қарор доранд.

Ҷаҳонгир Давлатов, як коршиноси ҷавон мегӯяд, воқеан, бархе аз ҷавонон Русияро ҳамчун паногоҳ барои фирор аз артиш истифода мекунанд. Аммо, ба гуфтаи ин коршинос, “дар даъват ба артиш низ ҳанӯз ноадолатиҳо зиёданд”.

“Нобаробарӣ дар ҷалби ҷавонон ба артиш ҳаст. Масалан, дар деҳае, ки ман зиндагӣ мекунам, аз хешу табори раиси ҷамоат дар даҳ соли ахир касе ба сарбозӣ нарафтааст. Аммо раиси ҷамоат бо забони дароз ҳамроҳ бо кормандони комиссариат омада, бачаҳои деҳқону камбағалро ба артиш мебаранд. Бачаҳои оилаи камбизоат ҳам бори вазнини пеш бурдани рӯзгорро бар дӯш доранд. Ба фикри ман, бояд ҳамин нобаробарӣ дар ҷалби ҷавонон ба хидмат аз байн равад”, - гуфт ӯ.

Дар Тоҷикистон дар як сол ду бор – баҳору тирамоҳ даъвати ҷавонони аз 18 то 27-сола ба сафи артиш баргузор мешавад. Бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва озори сарбозон яке аз омилҳои парҳези ҷавонон аз хидмат дар сафи артиши Тоҷикистон гуфта мешавад. Ҳар сол ҳодисаҳои марги сарбозон дар артиш ва ба ҷавобгарӣ кашидани афсарон барои бадрафторӣ сабт мегардад. Аммо Вазорати дифоъ мегӯяд, солҳои ахир сафи ҷавонони ихтиёрӣ барои рафтан ба артиш афзоиш ёфтааст ва ҳатто имсол нақшаи даъват қабл аз мӯҳлат анҷом ёфт.

Ozodi