Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Нақшаи миллии амал оид ба татбиқи тавсияҳои Шўрои Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби кишварҳои аъзо доир ба ҳуқуқи инсон мутобиқи расмиёти Тафсири даврии универсалӣ (марҳилаи дуюм) барои солҳои 2017-2020 (минбаъд дар матн – Нақшаи миллӣ) тасдиқ гардид.
Ҳуҷҷати мазкур бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2017 тасдиқ карда шуд.
«Ин алакай дуюм Нақшаи миллӣ оид ба татбиқи тавсияҳои Шўрои СММ доир ба ТДУ аз ҷониби кишварҳои аъзо мебошад, ки аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар тасдиқ гардидааст ва ҷиҳати тақвият бахшидани системаи миллии ҳимоя ва пешбарӣ намудани ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистон равона шудааст, ки ин дар навбати худ иқдоми мусбӣ мебошад», - қайд намуд Наргис Зокирова, директори ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният».
Тибқи Нақшаи миллии амал тули се соли оянда Тоҷикистон бояд аз рўи 151 тавсияҳои қабулшуда (2-тои он аз ҷониби Тоҷикистон алакай иҷро шудаанд) корҳоро анҷом диҳад.
Дар қатори онҳо андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таҳкими мустақилияти ҳокимияти судӣ, аз он ҷумла анҷом додани арзёбии татбиқи барномаҳои қаблӣ вобаста ба ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва таҳияи барномаи нав, инчунин беҳтар намудани таъминоти моддӣ-техникӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар кафолатҳои моддӣ барои судяҳо ба нақша гирифта шудааст.
Инчунин беҳтар гардондани шароити муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои иҷноятӣ, таъмини кафолатҳои ҳуқуқӣ ба шахсони боздоштшуда ва ҳабсшуда тариқи қабул намудани Стратегияи ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ то соли 2025 ба нашқа гирифта мешавад, аз ҷумла такмили механизми анҷом додани мониторингҳо аз ҷониби гурўҳи мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Илова бар ин, равона сохтани саъю кўшишҳо баҳри мубориза бар зидди шиканҷа ба нақша гирифта мешавад. Барои истифода намудани шиканҷа ҷавобгарӣ пурзўр карда мешавад, барномаи омодагии касбии кормандони мақомоти дахлдори давлатӣ доир ба масъалаҳои озодӣ аз шиканҷа такмил дода мешавад, аз он ҷумла мутобиқи Протоколи Истамбул.
Аз ҷониби давлат инчунин таҳкими ҳуқуқ ба таҳсил ва мусоидат кардан ба фаро гирифта шудани доираи васеъи занони деҳот ва духтарон ба раванди таҳсил ба нақша гирифта мешавад. Дар робита ба ин, таҳияи нақшаи барномаҳои таълимӣ ва дастурамалҳо барои омўзгорони муассисаҳои бахши ғоибонаи таълимӣ ба нақша гирифта мешавад. Илова бар ин, анҷом додани таҳқиқотҳо доир ба масъалаҳои фаро гирифтани духтарон ба таҳсилоти миёнаи асосӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла муайян кардани сабабҳои дур шудани духтарон аз таҳсил ва ғайра дар назар дошта шудааст.
Дар Нақшаи миллии аз ҷониби кишварҳои узв татбиқ шудани тавсияҳои Шўрои СММ дар доираи ТДУ чорабиниҳои зиёди дигаре пешбинӣ шудаанд, ки ба тавсияҳои дигари аз ҷониби Тоҷикистон қабулшуда, алоқамандӣ доранд. Доир ба Нақшаи миллӣ метавонед аз сомонаи bhr.tj бо гузаштан ба суроғаи мазкур http://bhr.tj/ru/index/index/pageId/17/ маълумоти бештар дастрас намоед.
Тибқи суханони муовини директори ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» Таҳмина Ҷураева, аз моҳи январ то моҳи феврали соли 2017 Раёсати кафолати ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ якҷоя бо Ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» - ҳамоҳангсози ғайрирасмии Эътилофи ТҒҲ-и Тоҷикистон оид ба омодагӣ ба ТДУ як қатор муҳокимаҳо дар мавзўи тавсияҳои марҳилаи дуюми ТДУ баргузор намуданд.
«Дар муҳокимаҳои мавзўии мазкур иштирокчиён аз ҳайати намояндагони гурўҳи кории давлатӣ оид ба ТДУ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ба Нақшаи миллии татбиқи тавсияҳои марҳилаи дуюми ТДУ дохил намудани чорабиниҳо пешниҳодҳо манзур карданд.
Аз рўи натиҷаҳои муҳокимаҳои мавзўӣ, аз ҷониби Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсон лоиҳаи Нақшаи миллии татбиқи тавсияҳои марҳилаи дуюми ТДУ таҳия карда шуд, ки он пешакӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд» - иброз намуд Таҳмина Ҷураева.
Чорабиниҳои мазкур аз ҷониби Шўъбаи байналмилалии ташкилоти Институти «Ҷамъияти Кушода» бунёди Мадад дар Тоҷикистон, БРСММ дар ҶТ ва Дафтари минтақавии Осиёи Марказии Идораи Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дастгирӣ шуданд. Тамоми ҳуҷҷатҳои марбут ба ТДУ дар сомонаи ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» www.bhr.tj дастрас карда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки 6 майи соли 2016 Тоҷикисон дар Шўрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар доираи марҳилаи дуюм аз расмиёти Тафсири даврии универсалӣ гузашт. Тибқи натиҷаҳои тафсир, Тоҷикистон аз 71 кишвар 203 тавсия гирифт, ки аз онҳо 151 тавсия қабул, 5 тавсия қисман қабул карда шуд, 2 тавсия иҷро шуд, 45 тавсия қабул карда нашуд.