Исмоил Бачаҷонови 32-сола моҳи январи соли 2011 дар тавқифгоҳи тафтишотии №1-и шаҳри Душанбе дар натиҷаи зўроварии ҷисмонӣ вафот кард

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон оғози аксияи «Ман муқобили шиканҷа! Имрӯз! Фардо! Ҳамеша!»-ро бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола рӯзи 26-уми июн қайд карда мешавад, эълон медорад.

Аз 19-уми июн то охири ин моҳ дар сомонаи Эътилоф www.notorturetj.org ва дар саҳифаҳоямон дар шабакаҳои иҷтимоӣ қиссаҳои аксии қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро ба шумо пешкаш хоҳем кард. Ба ғайр аз сарбоз Шаҳбол Мирзоев, ки дар натиҷаи муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар артиш маъюб шуд, дигар ҳама ҳангоми боздошт, бозпурсиҳо дар шуъбаҳои милитсия, ҳангоми хизмати ҳарбӣ ва адои ҷазо дар колонияҳо фавтидаанд. Онҳо аз 18 то 47-сола буданд.

 

NoTorture.Tj