Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Нӯҳ намояндаи ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ, хусусан Ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон (IPHR, Белгия, роҳбари лоиҳа), Фонди ҷамъиятии «Нотабене» (Тоҷикистон) ва Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» (Тоҷикистон), дар Душанбе бо мақсади баҳогузории тартиби амалигардонии лоиҳаи «Муттаҳидсозии кўшишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба мониторинги иҷроиши ӯҳдадориҳои милливу байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон», ки бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо амалӣ мегардад, барои банақшагирии фаъолияти муштараки ташкилотҳои худ ҷамъ омаданд.
«Ин лоиҳа ба се ташкилоти – шарик барои муттаҳид сохтани кӯшишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ вобаста ба расониднии кӯмаки ҳуқуқӣ ба қурбониени поймолгардии ҳуқуқи инсон имкон медиҳад. Мо барои муколама бо ҳукуматдорони Тоҷикистон, пешниҳод намудани тавсияҳо барои ба беҳбудӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ноил гардидан, ва ҳамкори бо ташкилотҳои хориҷӣ бо мақсади мутобиқнамудани стандартҳои ҳуқуқие, ки Тоҷикистон ӯҳдадор шуд мутобиқ намояд, кӯшиш мекунем мусоидат намоем” - аз номи шарикони ин лоиҳа арз намуд директори IPHR Бриджит Дюфур.
Лоиҳае, ки дар тӯли ду сол амалӣ хоҳад шуд, ҷиҳати калидии соҳаҳои ҳуқуқи инсон, ба мисли роҳ надодан ба истифода намудани шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, таъмини адолати судӣ, риояи озодии баён, озодии ҷамъомад ва ташкили иттиҳод, манъи табъиз мавриди диққат хоҳад дошт. Ташкилотҳои – шарикон фаъолияти зеринро амалӣ хоҳанд намуд: мониторинги ҳуқуқи инсон ва фаъолияти суроғавӣ бо ҷабрдидагон; омода намудани ҳисоботҳо вобаста ба ҳуқуи инсон; фаъолияти иттилоотӣ, баланд бардоштани сатҳи иқтидори иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, кор бо ВАО; ташкили ҷомеаи шаҳрвандӣ ва эътилофҳои гурӯҳҳои ҷомеа. Лоиҳа бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо Ташаббус дар соҳаи мустаҳкамгардонии демократӣ ва ҳуқуқи инсон (EIDHR) бо дороии буҷаи 513 671 евро амалӣ карда мешавад.
Барои дастрас намудани иттилои бештар, хоҳишмандем муроҷиат намоед ба:
Бриджит Дюфур, Директои лоиҳа, Ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон, Tel: +32 (0) 2 880 03 99, e-mail: Brigitte.dufour@iphronline.org.
Шоира Давлатова, Ҳамоҳангсози гурӯҳи расонаӣ, ТҶ “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”, тел: +992 907 83 11 32, e-mail: Shoiratj@gmail.com