Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар давраи моҳҳои январ-июни соли 2017 аз ҷониби Гуруҳи расонаии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон 124 матлаб дар бахши русӣ, 133 матлаб дар бахши тоҷикӣ, инчунин 10 матлаб дар бахши англисии торнамо пахш карда шуд. Дар давраи ҳисоботӣ шумораи боздидкунандагони торнамои Эътилоф 11 431 нафар афзуд.
Рӯзи 3-юми май дар нишасте, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии озодии матбуот баргузор гардид, роҳбари Эътилоф Нурмаҳмад Халилов ва роҳбари Гуруҳи расонаӣ Шоира Давлатова рӯзноманигорон ва воситаҳои ахбори оммаеро, ки мушкилоти шиканҷаро инъикос мекунанд, бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ мукофотониданд. Барои саҳмгузорӣ дар самти пешбурди ҳуқуқҳои инсон Радиои "Озодӣ", оҷонсии иттилоотии "Азия-Плюс", ҳафтаномаи "Фараж" ва ОИ "Озодагон", инчунин, рӯзноманигорон Мирзонабӣ Холиқзод (Радиои “Озодӣ"), Мавзуна Абдуллоева (ОИ "Азия-Плюс"), Шамсулло Фозилов ("Фараж") ва Алишер Зарипов ("Озодагон") қадрдонӣ карда шуданд.
Дар доираи аксияи «Ман муқобили шиканҷа: дирӯз, имрӯз, ҳамеша!», ки ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо шиканҷа бахшида шуда буд, аз 21 то 23-юми июн дар мониторҳои калони хиёбонии Душанбе ролики дорои матнҳо бо ду забон - тоҷикӣ ва русӣ: моддаи 18-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Ягон кас набояд ба шиканҷа, бераҳмӣ ва муносибати ѓайриинсонӣ гирифтор карда шавад» ва иқтибос аз муроҷиати президенти Тоҷикистон - «Бо дарназардошти арзиши олии ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҷиддан эълон медорам, ки ягон корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ягон ҳолат ҳуқуқи истифодаи шиканҷа ва паст задани шаъну шарафи инсонро надорад» давр зад.
Аз санаи 19-ум то охири моҳи июн Эътилоф ҳамарӯза дар торнамои www.notorturetj.org ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ қиссаҳои аксии қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро ҷойгир намуд. Дар умум, 17 қиссаи аксӣ ҷойгир карда шуд.
Дар доираи аксия рӯзи 28-уми июн дар Хоруѓ намоишгоҳи аксҳо ташкил карда шуд. Ба намоишгоҳ намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ташкилотҳои байналмилалӣ даъват карда шуданд. Намоишгоҳи аксҳо барои ҳамаи хоҳишмандон кушода буд.
11-уми майи соли 2017 дар торнамои Эътилоф гӯшаи нави «Ман ҳомии ҳуқуқам» боз карда шуд. Ҳадафи асосии гӯшаи мазкур сохтани портрети ҳимоятгарони ҳуқуқ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва инъикоси фаъолияти онҳо, инчунин ҷалб намудани таваҷҷуҳи доираи васеи ҷомеа ба масоили ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. То имрӯз зери гӯшаи «Ман ҳомии ҳуқуқам» зиёда аз 40 иқтибос бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ пахш шудааст.