Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси варзида ва раҳбари созмони ҷамъиятии «Дурнамо+», ки ахиран ба дарёфти ҷоизаи «Зани шуҷоъ» аз ҷониби вазорати корҳои хориҷии Амрико мушарраф гашт, ахиран аз он кишвар баргашт.
Дар сӯҳбат бо Ойниҳол Бобоназарова, бо арзи табрик барои дарёфти ҷоиза нахуст аз эҳсосу андешааш ҳангоми гирифтани ҷоиза пурсидем.
Ойниҳол Бобоназарова: Вақте ин ҷоизаро ба ман супурданд, фикр кардам, ки масъулияти ман хеле зиёд мешавад, чун ин ҷоиза барои ҳимояи ҳуқуқи инсон супурда шуд. Мардум ҳам аз ман бештар умед мекунанд. Онҳо фикр мекунанд, ки акнун ҳама масъалаҳоро ман метавонам ҳал кунам. Аммо ин хеле душвор аст. Баъзан метавонам иҷро кунам, баъзан наметавонам. Зеро мо дар ҷомеае зиндагӣ мекунем, ки бадбахтона, қонун амал намекунад. Ҳамзамон бояд гӯям, ки ин танҳо ҷоизаи ман нест. Ман албатта аз Сафорати Амрико дар Тоҷикистон миннатдорам ва баъдан аз рӯзноманигорон. Зеро маҳз рӯзноманигоронанд, нафареро, ки кор мекунад, ба ҷомеа муаррифӣ мекунанд. Ва ин ҷоизаи он шахсони шуҷоест, ки барои ҳуқуқи инсон кор мекунанд.
Радиои Озодӣ: Лутфан мегуфтед, ки ин ҷоиза чӣ гуна соҳибашро ёфт? Яъне, кӣ шуморо пешниҳод кард?
Ойниҳол Бобоназарова: Аслан, сафоратхонаҳои Амрико, ки дар кишварҳои гуногун фаъолият мекунанд, дар бораи он занҳои фаъоли ҷомеа ба Департаменти давлатии Амрико маълумот пешниҳод мекунанд. Он ҷо комиссиюни махсусе ҳаст, ки аз байни нафарони зиёде шахсиятҳои арзандаро интихоб мекунад ва вазири корҳои хориҷии Амирико онро тасдиқ мекунад.
Радиои Озодӣ: Дар маросими эҳдои ҷоиза ҳангоми муаррифии Шумо бештар ба кадом ҷанбаи фаъолиятатон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт?
Ойниҳол Бобоназарова: Асосан маро ҳамчун ҳимоятгари ҳуқуқи инсон муарифӣ карданд ва аз корҳоям дар мавриди муҳоҷирони корӣ, мубориза бар зидди шиканҷа, мубориза бар зидди хушунат нисбати занҳо, кор бо ҳабсхонаҳо сухан гуфтанд ва ҳамчунин зикр карданд, ки ӯ дар Тоҷикистон аввалин бонуест, ки барои расидан ба мансаби президентӣ талош кард.
Радиои Озодӣ: Оё бо хонум Обама ва ё дигар мақомоти расмӣ дар мавриди фаъолияти худатон ва вазъи Тоҷикистон сӯҳбати хосае доштед?
Ойниҳол Бобоназарова: Қабл аз маросими ботантана сӯҳбати кӯтоҳе буд бо хонум Обама, ки ҳар нафари моро шинос карданд, аммо сӯҳбати алоҳида бо ин бону надоштам. Аммо бо дигар кормандони департаменти Амрико сӯҳбат доштам, аз ҷумла бо масъулони шуъбаи оид ба масоили Осиёи Марказии Департаменти давлатии Амрико ва шуъбае, ки бо Тоҷикистон кор мекунад ва чанд нафари дигар. Ва нишасти хабарии муфассале доштам, ки рӯзноманигорони зиёд дар он ширкат карданд. Ман бояд то 17 март дар Амрико мемондам, аммо чунин имкон надоштам. Модарам бемор буд ва бояд ба Тоҷикистон бармегаштам.
Радиои Озодӣ: Ин сӯҳбатҳо дар кадом мавзӯъ буд? Ба кадом масъалаҳо таваҷҷӯҳ зоҳир мекарданд?
Ойниҳол Бобоназарова: Асосан дар бораи ҳуқуқи инсон мепурсиданд. Аммо як чизи ҷолиби дигаре, ки таваҷҷуҳи онҳоро ҷалб кард, пешниҳоди номзадии ман дар интихобот аз ҷониби ҳизби исломӣ буд. Онҳо мегуфтанд, бори аввал мо шунида истодаем, ки як ҳизби исломӣ занро пешниҳод кардааст. Масалан, Беназир Бҳутторо ҳизби дунявӣ пешниҳод карда буд. Ман гуфтам, ин ду сабаб дошт. Аввалан, ман солҳои зиёде бо раҳбарияти ин ҳизб шинос будам. Зеро нисбати онҳо қонуншикании зиёде сурат мегирифт, ба онҳо фишор меовардам ва ман садо баланд мекардам ва онҳоро ҳимоя мекардам. Дуюм, вақте сулҳи тоҷикон шуд, барои ислоҳоти конститутсионӣ аз ҷониби собиқ мухолифон ҳам бояд пешниҳодҳо мешуд. Онҳо хоҳиш карданд, ки дар масъалаҳои ҳуқуқӣ кӯмак кунам ва ман кӯмак ҳам кардам. Ва ҳатто дар масъалаи тақсимоти сидарсадӣ яке аз мансабҳоро ба ман ҳам пешниҳод карданд, аммо рад кардам. Ман таъкид кардам, чизи дигар он буд, ки ҲНИТ медонист, ки дар шароити Тоҷикистон узви ин ҳизбро пешниҳод кардани онҳо хавф ҳам дорад. Ҷомеа ду тақсим мешавад. Хусусан, баъди воқеаҳои араб. Ҳатто Мурсиро, ки бо роҳи интихоботи шаффоф ба сари қудрат омада буд, зуд сарнагун карданд. Онҳо инро хуб медонистанд, ки дар давлатҳои пасошӯравӣ ба сари ҳукумат омадани намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ ғайриимкон аст. Гуфтанд, нафаре бошад, ки манфиати ҳам коммунистҳо, ҳам демократҳо ва ҳам исломиҳоро ҳимоя кунад ва моро чун шаҳрванди баробарҳуқуқ эътироф кунад. Аммо барои онҳо ҳам мушкил буд. Чун дар байни худи онҳо ҳам нафароне буданд, ки мегуфтанд набояд зан раисиҷумҳур бошад. Аммо онҳо хеле кор карданд. Ҳазорон диск омода карда пешниҳод карданд, ки мо дар давлати демокртаӣ зиндагӣ мекунем, ки дар он зан метавонад раисиҷумҳур бошад ва мувофиқи шариат ин мумкин аст. Хеле заҳмат кашиданд. Онҳо гуфтанд, ки барои ҷаҳон ин таҷрибаи аҷиб аст. Рӯзноманигорон аз ман пурсиданд, ки «ба занҳои афғон чӣ маслиҳате метавонед бидиҳед, чун шумо тавонистед бо исломиҳо забон ёбед, ҷанбаҳое пайдо кардед, ки шуморо наздик кард? Вақте ҳукумати мусолиҳаи миллӣ мешавад ва Толибон ҳам ба сари ҳукумат меоянд, занҳо бояд бо онҳо чӣ гуна муносибат дошта бошанд?». Ман гуфтам, ки толибон аз ҲНИТ фарқи зиёд доранд. Толибон тӯли чил сол дар даст яроқ доранд ва ҳамеша ҷанг мекунанд, онҳо дигар роҳро намедонанд. Исломиҳои мо мардуми таҳаммулпазиранд. Онҳо ба дониш авлавият медиҳанд ва қисми зиёди онҳо ҳам дипломи исломӣ доранд ва дипломҳои мактабҳои дунявӣ. Онҳо прагматиканд ва омодаанд дар давлати демократӣ зиндагӣ кунанд, кор кунанд ва ҳатто кӯмак кунанд. Ростӣ, ман чизе гуфта наметавонам, чун Толибон дигаранд.
Радиои Озодӣ: Ба ин ҷиҳати масъала, ки ҲНИТ имзои заруриро ҷамъ оварда натавонист, баҳои онҳо чӣ гуна буд?
Ойниҳол Бобоназарова: Онҳо ба ин чизҳо дахл накарданд ва ҳатто напурсиданд, ки чаро имзо ҷамъ накардем. Барои онҳо шинохти зан ҳамчу шахсият аст муҳим ва қадами бузург буд. Аммо ман бояд гӯям, ки имзои зарурӣ ҷамъ шуда буд, ҳатто зиёд буд.
Радиои Озодӣ: Аз он ки дар интихобот то охир рафта натавонистед, имрӯз рӯҳафтода нестед?
Ойниҳол Бобоназарова: Не, баръакс таҷрибаи хуб гирифтам ва таҳлил кардам, ки дар куҷо мо хато кардем. Баъдан ҷомеа ба интихобот ҳавасманд шуд. Вақте маро сабти ном накарданд, бархе ҳатто гуфтанд, ки интихобот тамом шуд. Номзадҳои дигар ба мақоми президентӣ мегуфтанд, ки мо тарафдори президенти кунунӣ ҳастем. Аммо ман ягона нафаре будам, ки мегуфтам, дар баъзе масъалаҳо аз ӯ беҳтарам. Ин як бедоршавӣ буд ва ман фикр мекунам дар интихоботи оянда шахсоне, ки бозича нестанд ва бозӣ намекунанд, ширкат хоҳанд кард.
Радиои Озодӣ: Худи шумо ширкат кардан мехоҳед?
Ойниҳол Бобоназарова: Вақт нишон медиҳад. Агар имкон шавад, чаро не?
Радиои Озодӣ: Умуман, минбаъд нақши шумо дар сиёсат чӣ гуна хоҳад буд?
Ойниҳол Бобоназарова: Бархе мегӯянд, ман дар сиёсат нестам. Ин нодуруст аст. Вақте шумо аз сиёсат мегурезед, сиёсат худ шуморо меёбад. Ба интихобот рафтан ва ба касе овоз додан худ сиёсат аст. Ман дар ҳамаи равандҳои сиёсие, ки дар Тоҷикистон мешавад, фаъолона ширкат мекунам.
Радиои Озодӣ: Назари шумо ба интихоботи порлумоние, ки соли 2015 баргузор мешавад, чӣ гуна аст? Оё ба шаффоф гузаштани он бовар доред?
Ойниҳол Бобоназарова: Бори нахуст САҲА дар масъалаи интихоботи президентӣ ҳисоботи ҷиддию муфассале анҷом дод ва пешниҳодҳои зиёде кард, ки як қисмати онро порлумон хуш пазируфт. Ва агар пешниҳодҳои САҲА иҷро шавад, метавонад интихобот шаффоф бошад, агар не, имкон надорад. Аммо то даме, ки дар участкаҳои интихоботӣ намояндаҳои ҳамаи ҳизбҳо ва номзадҳо набошанд ва маълумоти ширкати интихобкунандаҳо ва ба кӣ чӣ миқдор овоз додани онҳоро дар девори участкаҳо нагузоранд, интихобот шаффоф шуда наметавонад. Бадбахтона, интихоботи ғайришаффоф ба бесуботии ҷомеа оварда мерасонад.
Радиои Озодӣ: Ҳоло фишорҳо ба дафтари ҳизбҳои мухолифи сиёсӣ ва халал расондан ба ҷаласаҳои онҳо зиёд шудааст. Оё бо ин ҳама ҳизбҳо метавонад фаъол шаванд ва дар интихоботи порлумонӣ таъсир дошта бошанд?
Ойниҳол Бобоназарова: Инҳо пеши роҳи ҳизбҳоро гирифта наметавонад. Ин амал танҳо беобрӯии аст. Ҳукумат наметавонад рӯирост фишор орад ва чунин гурӯҳҳоро ба кор мебарад. Беҳтар аст бо мардум наздик шаванд ва бо ҳизбҳо забон ёбанд ва роҳи дурустро пеш баранд. Ҳама тарафдори онанд, ки ҷомеа босубот бошад.
Радиои Озодӣ: Шумо гуфтед, ки ҷоиза масъулияти шуморо бештар кард. Барои коҳиш додани чунин равандҳо чӣ кор карда метавонед?
Ойниҳол Бобоназарова: Азбакси ман ҳуқуқшиносам, албатта, ричагҳои (фишангҳо) ҳуқуқиро истифода мебарам. Ричагҳое, ки қонун иҷозат додааст ва механизмҳои байналмилаиро истифода мебарам. Дуюм, ричаге, ки ман мехоҳам истифода барам ва ягона ричаге, ки таъсиррасон аст, воситаҳои ахбор аст. Ҳар чиновнике, ки аз камбудии соҳааш дар матбуот менависанд, ҳатман худро бад ҳис мекунад. Агар аз ман мепурсиданд, ки кӣ ба ин ҷоиза бояд пешниҳод шавад, ман мегуфтам, рӯзноманигорон. Зеро дар Тоҷикистон пеш аз ҳама ҳамин институт кор карда истодааст ва бо вуҷуди фишорҳо дар сафи пеш аст. Ман бояд гӯям, ки оиди воситаҳои ахбор ҳам аз ман суол карданд. Ман гуфтам, ки агар муқоиса кунем, рӯз то рӯз вазъ дар ин самт бадтар шуда истодааст. Ман аз мурофиаи охирин нисбати «Азия плюс» ва бастани сайти «Озодӣ» сухан гуфтам. Дертар фаҳмиданд, ки вакили дифоъи Зайд Саидовро ҳам ба маҳкама кашидаанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ҷои пеш рафтан баръакс механизмҳои фишорро зиёд карда истодааст. Ин на ба фоидаи ҳукумат аст ва на мардум.
Радиои Озодӣ: Шояд чунин дар қиёс чандон дуруст набошад, аммо ба назари шумо дар Амрико риояи ҳуқуқи инсон ба фарқ аз Тоҷикистон чӣ гуна аст?
Ойниҳол Бобоназарова: Ман зиёд дар Амрико будам. Бовар кунед, он мардум барои худ биҳишт сохтааст. Дар чеҳраҳои онҳо тамоман қаҳру ғазаб нест. Ҳамеша салом мегӯянд, табассум мекунанд. Хонум Обама ва дигар мақомдорон бисёр самимиву одӣ сӯҳбат мекунанд. Дар Тоҷикистон вақте як чиновники миёна бо шумо сӯҳбат мекунад, гумон мекунед, аз ӯ қарздор ҳастед ва бояд хизмати ӯро кунед. Он ҷо эҳтиром ба инсон сарфи назар аз нажоду эътиқодаш хеле баланд аст. Ман бовар дорам, ки дар Тоҷикистон ҳам чунин рӯзҳо фаро мерасанд.
Радиои Озодӣ: Шумо аз ҳар нафари дигар имкони бештаре барои зиндагӣ дар дигар кишварҳо доред. Оё ягон бор чунин хоҳиш надоштед, ки Тоҷикистонро тарк кунеду ба дигар кишварҳо равед?
Ойниҳол Бобоназарова: Баъди он ки аз ҳабсхона баромадам, чанд давлат пешниҳод карда буданд, ки мо метавонем ба шумо паноҳгоҳи сиёсӣ диҳем. Аммо дар дигар кишварҳо ман беш аз як ҳафта наметавонам зиндагӣ кунам. Тоҷикистон ватани ман аст. Аз ҳар камтарин пешрафташ шод мешавам ва аз ҳар чизи нохуби он ғамгин мешавам. То имрӯз ягон бор чунин фикр дар сарам набуд, намедонам, баъд чӣ мешавад. Ҳама наздикони ман инҷоянд. Аммо онҳое, ки мераванд, ин ҳуқуқи онҳост. Ҳар кас дар ҳар ҷое, ки худро хушбахт ҳис мекунад, бояд ҳамон ҷо зиндагӣ кунад. Ватандӯстиву патриотизм дурӯғ аст. Ватанро ҳамон вақт дӯст медоред, ки агар он ҳам шуморо дӯст дорад. Ҳама ҷо як замин аст. Дӯст доштани ватан бо як лозунг намешавад, дӯстдории ватан он аст, ки вақте ҳис мекунӣ, ту ба ин замин тааллуқ дорӣ, ин давлат аз ту ҳам вобаста аст ва туро ҳимоя мекунад.
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва сарвари созмони “Перспектива +” аст.
Ойниҳол Бобоназарова соли 1948 дар ноҳияи Ёвон ба дунё омада, соли 1971 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатиро хатм кардааст. То соли 1976 дар аспирантураи Академияи улум кору таҳсил карда, баъди дифоъ аз рисолаи номзадиаш ба ҳайси устод дар риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатӣ ба кор пардохт ва то мақоми декани ин факулта расид. Соли 1990, дар пайи таъсиси ҳизби демократи Шодмон Юсуф ба ин ҳизб пайваст.
Соли 1994, дар пайи ба қудрат расидани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, тақрибан барои як моҳ боздошт шуд. Аз соли 1996 то 2004 ба сифати мушовири намояндагии САҲА дар масоили ҳуқуқи башар кор кардааст. Аз ҳамон сол то соли 2007 раҳбарии раёсати намояндагии Сандуқи Сорос дар Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Аз соли 2007 раҳбари созмони ғайридавлатии “Перспектива +”, ки дар ҳоли ҳозир яке аз созмонҳои маъруфи ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба шумор меравад.
Баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1997 тибқи саҳмияи сифоизаи мухолифин, ба мақоми муовини додситони кулл пешбарӣ шуд, вале ин мақомро напазируфт.
Шавҳараш Ҷунайдулло Ибодов аз ҳуқуқшиносҳои маъруфи тоҷик аст. Духтараш Парвина Ибодова раиси Анҷумани дастраскунандагони Интернет буда, писараш Ҷовид дар Шӯрои адлия кор мекунад. Домоду келинаш низ ҳуқуқшиносанд.Ойниҳол Бобоназарова 4 набера дорад.