Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Як таҳқиқот дар Тоҷикистон рӯшан кардааст, ки "нархи ҷон" ё мизони пардохти ҷуброни зарар ба хонаводаи сарбозони ҳалокшуда ва аскарони маҷруҳ сол то сол коҳиш меёбад.
Агар дар қазияҳои чанд сол пеш додгоҳҳои низомии Тоҷикистон барои ҳалокати сарбозон ё захмӣ шудани онҳо дар сафи нирӯҳои мусаллаҳ тақрибан 700 доллар ҷуброни зарар таъин мекарданд, акнун ин рақам то 200 доллар поин омадааст. Ҳалокати сарбозон ё захмӣ шудани онҳо дар пайи "дедовшина" ё озору азият дар артиши Тоҷикистон яке аз мушкили аслии нирӯҳои мусаллаҳ ном бурда мешавад.
Моҳӣ Носирова наздики чор сол мешавад, ки ба ёди писари ҷавонмаргаш мегиряд. Мегӯяд, ҳатто наметавонад аз деҳа, ки қабри писараш онҷо аст, ба дигар ҷо биравад ва агар ҳам рафт зуд бармегардад.
Писари ӯ Мақсуд Носиров 27 январи соли 2014 дар як қисми низомии қушунҳои сарҳадӣ дар ноҳияи Спитамен қурбони “тарбия кардан”-и аскарони бузургсол шуд. Ба қавли вакилони дифоъ, Мақсуд пас аз зарбаҳо ба гулӯву дигар аъзои бадан беҳуш шуда, ба ҳалокат расид. Додгоҳи ҳарбии гарнизонии Хуҷанд чор сарбози қисми низомии 2587-ро дар марги Мақсуд гунаҳкор дониста онҳоро аз 5 то 7,5 солӣ маҳкум ба зиндон кард.
Баъди се соли марги Мақсуд Носиров волидайни ӯ бо талаби рӯёнидани зарари маънавӣ аз Қушунҳои сарҳадӣ ба додгоҳ муроҷиат карданд. Моҳи сентябри соли равон Додгоҳи ҳарбии гарнизонии Душанбе қарор кард, ки ба оилаи Носировҳо ҳамчун зарари маънавӣ барои марги фарзандашон 2000 сомонӣ ҷарима супорида шавад. Маблағе, ки ба гуфтаи хонаводаи Носировҳо ва вакилони дифоъ хеле ночиз аст ва ҳаминро ҳам масъулини Қушунҳои сарҳадӣ то ҳол пардохт накардаанд.
Мақсуд Носиров аз миёни чор сарбози дигар нафаре мебошад, ки додгоҳ барои ӯ ҳаҷми аз ҳама ками зарари маънавиро таъин кардааст.
Аммо модари Мақсуд мегӯяд, ин маблағи ночиз ҳеҷ гоҳ ҷойи писарашро пур карда наметавонад ва барои ӯ муҳим писараш буд.
“Дар назди ҳаёт пул ҳеҷ чиз аст. Барои ман писарам бошад, хуб… Ин пул ҳеч чизи муҳим нест барои ман. Якта худам танҳо дар хона мешинам, расмаша калон карда мондам. Чор сол гузашта бошад ҳам, то ҳол ба худ наомадаам. Дар хонаи худамон нишаста наметавонам, хонаи додараш меравам, онҷо ҳам нишаста наметавонам. Боз хавотир мешавем, ки ба сари қабри Мақсуд ягон кас фотеҳахонӣ рафт ё не. Худам дарди бедаво шуда истодаам ва рӯз ба рӯз дардам зиёд мешавад,” - мегӯяд модари Мақсуд Носиров.
Моҳӣ Носирова, ки худ муаллима аст, мегӯяд, ҳар боре мебинад, ки рафиқони писараш оиладор шуда, соҳиби писар шудаанд, ба ёди писари ғурамаргаш мешавад.
Натиҷаи як таҳқиқот, ки рӯзи 29-уми ноябр аз ҷониби Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, як созмони ҳомии ҳуқуқи сарбозон дар Душанбе муаррифӣ кард, нишон медиҳад, ки маблағи зарари маънавӣ барои сарбозон аз ҷониби додгоҳҳо то рафт кам мешавад. Ин пажӯҳиш аз тақдири се сарбози ҳалокшуда ва як аскари маҷруҳ нақл мекунад, ки давоми ду соли ахир баҳси ҷуброни зарари маънавиашон дар додгоҳҳои низомии Тоҷикистон баррасӣ шудааст.
Муаллифони пажӯҳиш гуфтанд, талаби зарари маънавӣ барои сарбозон дар низоми додгоҳии кишвар таҷрибаи нав аст ва аз соли 2016 шуруъ шудааст. Дар он сол Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе қарор кард, ки Вазорати дифоъ ба волидони Фирдавс Раҳматов, сарбози ҳалокшуда ҳамчун ҷуброни зарари маънавӣ 5 ҳазор сомонӣ ё муодили 635 доллар ҷарима пардохт кунад. Аммо ҳаҷми зарари маънавӣ ё "қимати ҷон"-и ҳамтоёни дигари Фирдавс аз ин ҳам поинтар омад.
Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе барои Абдуваҳҳоб Қаюмов 3000 сомонӣ ё 340 доллар ва барои Мақсуд Носиров 2000 сомонӣ ё 227 доллар зарари маънавӣ таъин кард. Илова ба се сарбози ҳалокшуда додгоҳҳои кишвар барои сарбози маҷруҳ Шаҳбол Мирзоев 4 ҳазор сомонӣ – 508 доллари амрикоӣ зарари маънавӣ таъин намудаанд.
Дилрабо Самадова, раиси созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ ва яке аз муаллифони пажӯҳиш, рӯзи 29-уми нобяр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар оғоз умедвор буданд, ки бо гузашти вақт ҳаҷми зарари маънавӣ зиёдтар мешавад. Аммо, баръакс, ба гуфтаи Самадова, ҳаҷми зарари маънавӣ барои сарбозон аз 5 ҳазор сомонии қаблӣ ба 3 ва ҳоло то 2 ҳазор сомонӣ поин омадааст.
Дилрабо Самадова гуфт, ҳаҷми зарари маънавиро равоншиносон баъд аз омӯзиши қазия муайян мекунанд, аммо гапи ниҳоиро дар ин замина додрас мезанад. “Равоншиносон баъд аз суҳбат бо волидон ва баҳодиҳии ҳолати руҳиву тиббии оила ё ҷабрдида муайян мекунанд, ки ҳаҷми зарари маънавӣ чӣ қадар бошад. Дар ҳамаи 4 қазияи талаби зарари маънавӣ барои сарбозон равоншиносҳо беш аз 200 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ кардаанд, аммо додгоҳ ҳаҷми зарарро на зиёда аз 5 ҳазор сомонӣ таъин кард. Бар илова, мақомот дар аксар ҳолат розӣ нестанд, ки ҳатто ҳамин маблағро пардохт кунанд".
Ҳамсуҳбати мо гуфт, мақомот баъзан бо баҳонаи ба ҷавобгарӣ кашида шудани афроди гунаҳкор дар марги сарбозон ё захмӣ шудани онҳо, мегӯянд, маблағро бояд гунаҳкорон пардохт кунанд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, маблағи таиншуда барои ҷуброни зарари маънавӣ аз ҷониби додгоҳҳо мустақилона гирифта мешавад ва онҳо танҳо иҷрокунанда мебошанд.
Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Қушунҳои сарҳадӣ гуфт, ки таъини ҳаҷми зарар дар салоҳияти додгоҳ аст. Худи ин ниҳод дар робита бо марги се сарбози собиқаш вориди баҳси додгоҳӣ шудааст.
Ҷаноби Улуғхоҷаев ҳамагуна дахолат ва дархости кам нишон додани маблағи зарарро рад мекунад ва мегӯяд, “аз ҷониби Қушунҳои сарҳадӣ дархост карда намешавад, ки ҳаҷми зарар кам нишон дода шавад.”
Аммо Сухангӯи Қушунҳои сарҳадӣ ба суоли онки оё ҳаҷми маблағ барои ҷуброни зарари маънавӣ оё барои ҷони як сарбоз ночиз нест, посухи дақиқ надод.
Дар зимн талошҳои мо барои дарёфти назари додгоҳҳо бенатиҷа анҷом ёфт.
Вакилони дифоъ ва ҳуқуқшиносони мустақил мегӯянд, қонунгузорӣ барои зарари маънавӣ ягон маблағи мушаххасро таъин накардааст, аз ин хотир наметавон додгоҳҳоро дар нақзи қонун айбдор кард.
Зоир Латипов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, аз рӯи қонунгузории Тоҷикистон суд муқаррар мекунад, ки чанд пул руёнда шавад. Ба қавли ин ҳамсуҳбати мо, нозукии кор ҳам дар ҳамин аст ва ба ин хотир наметавон гуфт, ки додгоҳҳо хилофи қонун маблағ ҳаҷми зарарро таин кардааст.
Ҷаноби Латипов, ки дар чандин қазияҳои марбут ба марги сарбозон иштирок кардааст, мегӯяд, “ҳатто судяҳое, ки ҳаҷми зарарро муайян мекунанд, худашон ҳам эҳсос мекунанд, ки ҳамчун зарар маблағи кам таин кардаанд.”
Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, мақомот дар самти решакан кардани “дедовшина” қадамҳое бардоштаанд, аммо дар ин самт ислоҳоти сахттар ва ҷиддитар лозим аст. Чун ба гуфтаи Зоир Латипов, ҳалок шудан ва дар охир таъини маблағи ночиз ҳамчун ҷуброн дигар ҷавононро пеш аз рафтан ба хидмат ба андеша водор мекунад.
Хушунати низомиён ва зӯргӯии сарбозони баландрутбаву ботаҷруба аз болои сарбозони ҷавон дар артиши Тоҷикистон ҳодисаи нав нест.
Мақомот ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, ки дар пайи барномаҳои вижаи тарбиявиву фарҳангии онҳо дар қисмҳои низомӣ як пешравие дар амри таҳрири вазъ дар артиш ҳосил шудааст, вале боз ҳам ҳодисаҳои хушунат дар артиш ба чашм мехӯрад.
Эътилофи зидди шиканҷа дар як гузориши худ дар охири соли 2016 навишта буд, ки дар солҳои 2014-2016 дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон 59 сарбоз мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифта, 11 нафар ба ҳалокат расидааст.