Мурофиаи навбатии марбут ба марги Бобоҷонов 8-уми декабр баргузор мегардад

Имрӯз дар Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз рӯи даъво оид ба ҷуброни зарари маънавӣ барои тафтиши ғайри самараноки парвандаи ҷиноятии марбут ба марги Умар Бобоҷонови 23-сола мурофиаи судӣ баргузор гардид.

Дар ин мурофиа адвокати Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Гулчеҳра Холматова иштирок кард ва ба мо гуфт: “Дар мурофиа намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд, ки маводҳои парвандаи ҷиноятӣ аз Прокуратураи шаҳри Ваҳдат барои омӯзиш аз ҷониби Прокуратураи генералӣ талаб карда гирифта шуд. Аз нишондоди намояндаи Прокуратураи генарии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид, ки қарор дар бораи боз доштани пешбурди тафтиши парвандаи ҷиноятӣ, ки санаи 30-юми декабри соли 2016 аз тарафи Прокуратураи шаҳри Ваҳдат қабул гардида буд, бекор шуда, парванда ба тафтиши иловагӣ бармегардад”.

Гулчеҳра Холматова зикр намуд, ки дар мурофиаи навбатӣ дар Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе санаи 8-уми декабри соли 2017 нусхаи ин қарор пешниҳод мешавад ва ба пурсиши ҷониби ҷабрдида - наздикони Умар Бобоҷонов мегузаранд. “Дар ҳоли бекор кардани ин қарор тафтиш оид ба марги Умар Бобоҷонов бори сеюм оғоз мегардад”,- изҳор дошт Холматова.

Ёдовар мешавем, ки Маҳмадсаид Бобоҷонов, падари Умар Бобоҷонов сокини шаҳри Ваҳдат, барои тафтиши ғайри самараноки парвандаи ҷиноятии марбут ба марги писараш аз Додситонии кулли Тоҷикистон 350 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ талаб кардааст. Бояд гуфт, ки чунин як аризаи даъвогӣ дар таҷрибаи судии ҷумҳурӣ аввалин аст.

Маълумот дар бораи қазия: 29-уми августи соли 2015 сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат, донишҷӯи донишгоҳи Санкт-Петербург Умар Бобоҷонов аз ҷониби кормандони милитсияи Ваҳдат латукӯб шуда, ҳанӯз ба ҳуш наомада, 4-уми сентябр дар беморхона вафот кард. Аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Ваҳдат 1-уми сентябри соли 2015 тибқи моддаи 110, қисми 1 (Расонидани зарари вазнин ба саломатӣ аз беэҳтиётӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтишоти пешакӣ оғоз карда шуд.

Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ, сабаби марги Умар Бобоҷонов ҷароҳати пӯшидаи мағзи сар бо хунрезиҳо дар қисмати бофтаҳои нарм ва қисми болоии мағзи сар гуфта шуд.

Баъдтар, санаи 5-уми сентябри соли 2015, парванда ба қисми 3-и моддаи 110 (Расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст)-и КҶ ҶТ гузаронида шуд. Аз он замон Прокуратураи шаҳри Ваҳдат ду маротиба бо сабаби маълум нашудани шахсоне, ки бояд ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шаванд, парвандаро боздошт.

NoTorture.Tj