Қадрдонии ҳимоятгарони ҳуқуқ дар арафаи Рӯзи ҳуқуқи инсон

Рӯзи 8-уми декабри соли ҷорӣ дар як чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон - 10-уми декабр, ҳимоятгарони ҳуқуқи инсон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар оғози чорабинӣ директори ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» Наргис Зокирова ҳимоятгарони ҳуқуқи инсонро бо ҷашни касбиашон табрик гуфт ва зикр намуд, ки «ташкилоти мазкур аз соли 2009 инҷониб ҷоизаи ҳарсолаи «Беҳтарин ҳимоятгари ҳуқуқи сол»-ро эълон менамояд. Барандаи ҷоиза метавонад олим, фаъоли сиёсӣ ё ҷамъиятӣ, рӯзноманигор, намояндаи ташкилоти ҷамъиятии ҳимоятгари ҳуқуқи инсон бошад».

Ҳамзамон, зикр гардид, ки барандаи ҷоиза тариқи овоздиҳӣ интихоб карда шуда, аз соли 2012 инҷониб ташаббуси мазкур аз ҷониби Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дастгирӣ меёбад.

Ҷефф Райденаур

Масъули бахши иттилооти Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Ҷефф Райденаур нахуст ҳимоятгарони ҳуқуқро ба муносибати иди касбиашон табрик гуфт ва афзуд: «Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва Ҳукумати Амрико аз ҳамкорӣ бо шумо ифтихор мекунанд. Ҳамаи мо ба озодӣ ҳақ дорем. Шумо ҳамарӯза дар ин масъала кор мекунед ва мо дастовардҳои шуморо эътироф мекунем».

Бояд гуфт, имсол дар номинатсияи «Барои саҳми махсуси ташкилотҳо дар рушди ҳуқуқи инсон» ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон», ки соли 2010 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ҷоиза ба даст овард. Зикр гардид, ки айни замон ташкилоти мазкур дар самтҳои мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ (ҳимояи қурбониёни шиканҷа ва шахсоне, ки дучори муносибати бераҳмонаву пастзанандаи шаъну шараф гардидаанд) фаъолият мекунад. Ҳуқуқшиносони ин ташкилот ҳамзамон ба ВАО-и маҳаллӣ кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонанд. Онҳо инчунин ба ҳимояи нафароне машғул мешаванд, ки дучори кӯчбандии иҷборӣ мегарданд.

Шоира Давлатова, сарвари ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» ва ҳамоҳангсози Гуруҳи расонаии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Соли 2016 ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» ҳамоҳангсози Гуруҳи расонаии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон интихоб шуд. Ҳангоми қабули ҷоизаи «Барои саҳми махсуси ташкилотҳо дар рушди ҳуқуқи инсон» роҳбари ташкилоти мазкур Шоира Давлатова ба ташаббускорони чорабинӣ изҳори сипос намуд ва афзуд, ки ташкилот умедвориҳои ҳамкасбонро дар оянда низ амалӣ хоҳад намуд.

Дар номинатсияи «Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар журналистика» ҷоиза ба рӯзноманигори тоҷик, директори ташкилоти ҷамъиятии «Хома» Шаҳло Акобирова лоиқ дониста шуд. Зикр карда шуд, ки фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии «Хома» ба рушди ВАО-и маҳаллӣ нигаронида шуда, Шаҳло Акобирова мутахассиси кори худ аст.

Лола Насриддинова

Дар номинатсияи асосӣ - «Беҳтарин ҳимоятгари ҳуқуқи сол» роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «ИРОДА» Лола Насриддинова ғолиб дониста шуд. Ӯ баъди қабули ҷоиза гуфт: «Ростӣ, ҷоиза ғайриинтизор буд. Намедонам то куҷо барои ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон талош кардам. Бояд бигӯям, ки мо аз ҳуқуқи кӯдакони гирифтори аутизм ҳимоят мекунем. Созмони “Ирода” дар баробари чунин кӯдакон бо волидони онҳо ҳам кор мебарад. Чун ин гуна кӯдакон мушкилиҳои зиёд доранд ва идораи онҳо дар ҷомеа тақрибан ғайриимкон аст ва бештари волидайн зуд хаста ва таслим мешаванд. Аз назари равонӣ барояшон сахт мушкил аст».

Сипас, намояндагони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ барои супурдани диплому мукофотҳо аз ҷониби Эътилоф ба ҳимоятгарони ҳуқуқ ба саҳна даъват карда шуданд.

Нурмаҳмад Халилов

Роҳбари Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Нурмаҳмад Халилов пас аз муборакбодӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон аз ҷумла зикр намуд, ки «мавзуи шиканҷа дар Тоҷикистон яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ва актуалӣ аст. Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аз соли 2011 инҷониб ҳама корҳои имконпазирро амалӣ менамояд, то шиканҷа кам шавад. Ин кор хеле душвор аст. Дар Эътилоф ташкилотҳои ҷамъиятии ҳимоятгари ҳуқуқ, адвокатҳо, равоншиносон, коршиносони судӣ-тиббӣ ва дигар мутахассисоне шомил ҳастанд, ки барои аз байн бурдани шиканҷа дар Тоҷикистон саҳм мегузоранд».

Зимнан, ҳимоятгарони ҳуқуқ Нуриддин Саидбек, Фозил Оқилов, Гулнора Аминова, Аскар Турсунов, Файзулло Насруллоев, Дилафрӯз Самадова, Умед Ниёзов, Сайвалӣ Наврӯзов, Некрӯз Наврӯзов, Беҳрӯз Юсупов, Гулчеҳра Холматова, Абдураҳмон Шарипов, Дилшод Ҷӯраев, Саймумин Кабиров, Асҳоб Шарипов, Далер Қурбонов барои гирифтани дипломҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ рӯи саҳна даъват шуданд. 

Ҳамчунин намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Ҳусниддин Нидоев ва Абдуҳалим Низомов барои саҳми арзанда дар ҳимояи ҳуқуқи қурбониёни шиканҷа, бо дипломҳо қадрдонӣ шуданд.

NoTorture.Tj