Ноябр: Шикоят аз шиканҷа пурра баррасӣ нашуд

Моҳи ноябри соли 2017 чанд қазияе, ки дар моҳи октябр ва қабл аз он ҳам расонаӣ гардида буданд, бозтоби нав ёфтанд.

Санаи 22-юми ноябр торнамои Радиои Озодӣ матлабе бо номи «1 гурда - 11 ҳазор сомонӣ. ВКД ба пардохти ҷарима муваззаф шуд»  пахш карда, хабар дод, ки

«Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистонро муваззаф кардааст, ки ба Фарҳод Ғоибов - сокини 37-солаи Панҷакент 11 ҳазор сомонӣ ҷарима пардозанд. Гулчеҳра Холматова, вакили дифои Фарҳод Ғоибов, рўзи 22-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин қарор охири ҳафтаи гузашта содир шуд».

Наздикони Фарҳод Ғоибов гуфтаанд, ки пас аз латукўб дар идораи пулиси шаҳри Панҷакент як гурдаи ў кафидааст. Дар ибтидо онҳо аз Вазорати корҳои дохилӣ барои барқарор кардани гурдааш 650 ҳазор сомонӣ ҷуброни зиёни моддиву маънавӣ талаб карданд. Фарҳод Ғоибов баъди табобат дар яке аз шифохонаҳои Русия дар зодгоҳаш шаҳри Панҷакент умр ба сар мебарад.

Ба қавли вакили мудофеъ, “таҷрибаҳои пешин нишон доданд, ки Вазорати корҳои дохилӣ ҷаримаи таъиншударо мепардозад. Вале 11 ҳазор дар ивази зараре, ки ба нафари таҳти ҳимояти ман расидааст, ночиз аст”.

Бояд гуфт, ки Фарҳод Ғоибов ду сол қабл дар идораи пулис латукўб шуд ва Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аризаи ўро рўзи 27-уми июли имсол баррасӣ кард. Ў 1-уми сентябри соли 2015 дар пайи муноқиша бо як хеши нозири минтақавӣ ба идораи пулис бурда шуд. Наздиконаш мегўянд, ки алайҳи ў ҳеҷ иттиҳоме эълон нашуд, аммо нозири минтақавӣ ҳамроҳ бо як коргари дигари пулис ўро шадидан латукўб кардаанд. Баъдан, дар моҳи январи соли 2016 додгоҳ ду ходими пулисро бо ҷурми “баромадан аз салоҳияти хизматӣ ва расонидани зиёни сахти ҷисмонӣ” ба муддати 8 сол зиндонӣ кард.

Рўзи 24-уми ноябр ҳамин торнамо, яъне Радиои Озодӣ гузориши чандрасонаиеро таҳти унвони «Писари ношунавоямро ба артиш бурданд»  пахш кард.

- Хонаводаи ду ҷавони тоҷик шикоят карданд, ки бо вуҷуди маризии фарзандонашон онҳоро маҷбуран ба хизмати артиш ҷалб карданд… Вақте ба маҳали бемористони марказии низомии шаҳри Душанбе расидем, модари Фахриддин Ҳамдуллоеви 21-сола, сокини шаҳри Ҳисор, гуфт, ки чанд рўз қабл мақомот писари аз кўдакӣ беморашро аз кўча боздошт карда, ба ин бемористон овардаанд ва акнун бо таҳдид мехоҳанд ўро ба хизмати ҳарбӣ фиристанд. Иқболой Норқулова, модари ин ҷавон бо эҳсосот ва гирякунон гуфт: "Писарам аз кўдакӣ гирифтори бемории руҳӣ ва энурез ё сармозадагии пешобдон аст ва дар ҳолати хоб наметавонад пешобашро нигаҳ дорад. Қаблан пизишкҳо ташхис карда, ба хулосае омаданд, ки писарам барои хизмати ҳарбӣ корношоям аст". Модари Ҳамдуллоев мегўяд, ки масъулони комиссариати ҳарбӣ худи ўро ҳам сарзаниш кардаанд, ки монеи хизмати ҳарбии писараш мешавад. Дар назди бемористони низомӣ волидайни Некрўз Бобокалонов, сокини дигари ноҳияи Ҳисор низ қарор доштанд, ки ин ҷавонро низ ба артиш пазируфтаанд. Ба гуфтаи хешовандон, Некрўз аз кўдакӣ ношунаво аст ва ба ҳеҷ шарт наметавонад хидмати низомӣ кунад. Хешовандони Некрўз Бобокалонов нахостанд дар ин бора суҳбат кунанд, танҳо гуфтанд, ки мехоҳанд ба Додситонии кулл шикоят кунанд. Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқшиносон мегўянд, ки ҷалби ҷавонони мариз ба хизмати сарбозӣ иштибоҳ ва нақзи қонун аст. Аз ҷумла, Ҷаҳонгир Назаров, як ҳуқуқшиноси низомӣ аз шаҳри Ҳисор дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки даъвати иҷбории ин ду ҷавон ба сафи артиш хилоф бо қонун мебошад. Ҷаноби Назаров гуфт: "Ин ду ҷавон санади тасдиқкунанда доранд, ки наметавонанд дар сафи артиш хидмат кунанд. Аммо мақомот ин ҳуҷҷатҳоро нодида гирифта, ҳоло мехоҳанд онҳоро иҷборӣ ба хизмати ҳарбӣ фиристанд. Ин кор ғайриқонунӣ мебошад. Нафароне, ки ба ин кор иқдом карданд, бояд тибқи талаботи қонун ҷавоб диҳанд",- омадааст дар шарҳи гузориш.

Гузориши дигари чандрасонии торнамои Радиои Озодӣ бо номи «Модари сарбози ҳалокшуда: 4 сол боз ба худ омада наметавонам»  санаи 29-уми ноябр пахш гардид.

- Як таҳқиқот дар Тоҷикистон рўшан кардааст, ки "нархи ҷон" ё мизони пардохти ҷуброни зарар ба хонаводаи сарбозони ҳалокшуда ва аскарони маҷруҳ сол то сол коҳиш меёбад. Агар дар қазияҳои чанд сол пеш додгоҳҳои низомии Тоҷикистон барои ҳалокати сарбозон ё захмӣ шудани онҳо дар сафи неруҳои мусаллаҳ тақрибан 700 доллар ҷуброни зарар таъин мекарданд, акнун ин рақам то 200 доллар поин омадааст. Ҳалокати сарбозон ё захмӣ шудани онҳо дар пайи "дедовшина" ё озору азият дар артиши Тоҷикистон яке аз мушкили аслии неруҳои мусаллаҳ ном бурда мешавад,- аз ҷумла омадааст дар гузориш.

Ба иттилои торнамои мазкур, ин пажуҳиш аз тақдири се сарбози ҳалокшуда ва як аскари маҷруҳ нақл мекунад, ки давоми ду соли ахир баҳси ҷуброни зарари маънавиашон дар додгоҳҳои низомии Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Муаллифони пажуҳиш гуфтаанд, ки талаби зарари маънавӣ барои сарбозон дар низоми додгоҳии кишвар таҷрибаи нав аст ва аз соли 2016 шуруъ шудааст. Дар он сол Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе қарор кард, ки Вазорати дифоъ ба волидони Фирдавс Раҳматов, сарбози ҳалокшуда ҳамчун ҷуброни зарари маънавӣ 5 ҳазор сомонӣ ё муодили 635 доллар ҷарима пардохт кунад. Аммо ҳаҷми зарари маънавӣ ё "қимати ҷон"-и ҳамтоёни дигари Фирдавс аз ин ҳам поинтар омад. Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе барои Абдуваҳҳоб Қаюмов 3000 сомонӣ ё 340 доллар ва барои Мақсуд Носиров 2000 сомонӣ ё 227 доллар зарари маънавӣ таъин кард. Илова ба се сарбози ҳалокшуда додгоҳҳои кишвар барои сарбози маҷруҳ Шаҳбол Мирзоев 4 ҳазор сомонӣ - 508 доллари амрикоӣ зарари маънавӣ таъин намудаанд.

Ин ҳама дар ҳолест, ки торнамои NoTorture.Tj рўзи 22-юми ноябр матлабе таҳти унвони «Гумонбарон зиндонӣ шуданд, аммо шикоят аз шиканҷа пурра баррасӣ нашуд»  пахш карда, хабар дода буд: «Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе се сокини ноҳияи Ёвонро, ки бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир гумонбар мешуданд, зиндонӣ кард. Рўзи 21-уми ноябр судяи парванда Шарифҷон Сайдализода эълон дошт, ки Ҷонибек Сайфиддинов 8,6, Насим Кукиеву Ёсин Меликов 8-солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд. Ин афрод дар ҷараёни муҳокимаи судӣ гуфтанд, ки тафтишу баррасии парванда бо нақзи ҳуқуқ анҷом шуда буд ва онҳо гуноҳро зери шиканҷа бар дўш гирифтаанд. Дар ҳоле, ки гумонбарон дар ҷараёни тафтиши парванда ба шиканҷа шуданашон аз ҷониби кормандони пулис шикоят карданд, ин қазия мавриди баррасии пурра қарор нагирифт. Танҳо Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур гуфт, ки пас аз муроҷиати адвокати се айбдоршаванда Гулчеҳра Холматова оид ба санҷиши шиканҷаи боздоштшудаҳо дар боздоштгоҳи муваққатӣ ду корманди бахши зудамали ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур барканор карда шудаанд. Вале бо вуҷуди нишондоди худи боздоштшудаҳо, мақомот то охир вуҷуди шиканҷаро тасдиқ накарданд».

Ҳамин торнамо дар ин рўз, яъне 22-юми ноябр, матлаби дигаре бо номи «Гуруҳ оид ба мониторинг тренинг мегузаронад»  пахш карда, хабар дод, ки «дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо - "Амал барои озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон" аз 27 то 29-уми ноябри соли 2017 тренинги "Стандартҳои байналмилалӣ ва дохилидавлатӣ дар самти солимии равонӣ бо ишора ба муассисаҳои пўшида" баргузор мегардад».

- Ҳадафи тренинг баланд бардоштани касбияти аъзои Гуруҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи ҳуқуқҳои шахсонест, ки дар муассисаҳои руҳӣ қарор доранд. Иштирокчиёни тренинг 15 нафар аъзои Гуруҳ оид ба мониторинг мебошанд,- омадааст дар шарҳи матлаб.

Инчунин, торнамои NoTorture.Tj рўзи 29-уми ноябр таҳти унвони «Адвокатҳои Тоҷикистон усулҳои ҳимояи қурбониёни шиканҷаро омўхтанд»  хабар пахш кардаву иттилоъ дод, ки «ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» дар чаҳорчўбаи фаъолияти Гуруҳи кўмаки ҳуқуқӣ (ГКҲ)-и Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи октябр то ноябри соли 2017 барои адвокатҳои амалкунанда ва ҷавони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ як силсила тренингҳо гузаронд».

NoTorture.Tj