Табодули таҷриба дар мавриди ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон  баҳри табодули таҷриба дар мавзуи “Ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона тибқи Протоколи Истамбулӣ” аз 23 то 24-уми январи соли 2018 дар шаҳри Душанбе барои адвокатҳо, табибони клиникаҳои хусусӣ, табибон - руҳшиносони мустақил вохӯрии корӣ баргузор намуд.

Дар ин вохӯрӣ коршиносони байналмилалии ташкилоти «Табибон барои ҳуқуқи инсон» Русудан Бериашвили ва Лиа Муакашвили аз таҷрибаи кории худ ба ҳамкорони тоҷикашон гуфтанд.

Парвина Наврӯзова, коршиноси миллӣ оид ба стандартҳои Протоколи Истамбулӣ гуфт: «Дар вохӯрии номбурда мавзуҳои ҳуҷҷатгузории тиббӣ, банақшагирии тренингҳо оид ба мавзуи “Ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона тибқи Протоколи Истамбулӣ”, омода кардани адвокатҳо барои иштирок дар парвандаҳои марбут ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона, дурнамои ҳамкории ҳамаҷониба бо намояндаҳои ташкилоти «Табибон барои ҳуқуқи инсон» бо мутахассисони тоҷик, ҳамчунин омода будани табибон барои гузаронидани муоинаи тиббӣ ва ҳуҷҷатгузории тиббӣ вобаста ба парвандаҳои шиканҷа, тарзи дуруст дарҷ кардани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”.

Бояд зикр намуд, ки Протоколи Истамбулӣ дастурамал оид ба таҳқиқи самаранок ва ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона ба шумор меравад. Он принсипҳои байналмилалии пешбурдӣ оид ба баҳогузории вазъи қурбониёни эҳтимолии шиканҷа ва муносибати бераҳмона, инчунин пешниҳод намудани хулосаҳои чунин баҳогузориро ба мақомоти судӣ ё дигар мақомоте, ки масъули таҳқиқи далелҳои шиканҷаанд, дар бар мегирад.

 

NoTorture.Tj