Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ: дар соли 2017-ум 66 шикоят оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ шуд

Фаъолияти Гуруҳ оид ба кӯмаки ҳуқуқӣ ба пешбурди таъсиси системаи таваҷҷуҳи самаранок ба шиколятҳо аз шиканҷаву муносибати бераҳмона ва таҳқиқи мустақилонаи шиканҷа дар Тоҷикистон, инчунин ба ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо оид ба расонидани кӯмаки амалии ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо равона гардидааст.

Барои муайян намудани ҳудудҳои истифодаи шиканҷа ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона гузаронида мешавад. Ҳуҷҷатгузорӣ тавассути муроҷиати қурбониёни эҳтимолии шиканҷа ва ё хешовандони онҳо ба Эътилоф ва ё бо дастрас кардани иттилои аввалия аз дигар шахсони манфиатдор, ВАО, ТҒД, адвокатҳо, табибон ва ғайра сурат мегирад.

Дар давраи аз 1-уми январ то 31-уми декабри соли 2017 аз ҷониби Гуруҳ оид ба кӯмаки ҳуқуқӣ ва ташкилотҳои аъзои Эътилоф 66 муроҷиати шаҳрвандон бо шикоят аз шиканҷа ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд, ки миёни шикояткунандагон 5 нафар ноболиғон ва 5 нафар занон ҳастанд.

Миёни намудҳои шиканҷаҳои истифодашуда чунин навъҳо зикр шуда буданд: латукӯб дар қисмҳои гуногуни бадан, аз ҷумла бо калтаки резинӣ, гузаронидани қувваи барқ ба ангуштони дастҳо, ба узвҳои мардӣ, тариқи салфеткаи тар ба даҳони қурбонӣ, овехтани шишаҳои пластикии пур аз хок ба узвҳои мардӣ, гузаронидани сӯзанҳо/мехҳо аз таги нохунҳо, зӯроварии руҳӣ дар шакли таҳқир, таҷовуз ё таҳдиди таҷовуз, гузоштан дар оби хунук (давомнокии гузоштан дар об - 1-2 шабонарӯз), гузоштан дар оби хунук дар вақти хунукии сол ва ғайра.

Шиканҷаҳо бо мақсади гирифтани нишондоди худиқрорӣ истифода шудаанд.

Аризаҳо оид ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ба мақомоти зерини давлатӣ ворид шудаанд: ВКД - 55; КДАМ - 7; МТМУ - 1; муассисаи томактабӣ - 1; АНМН - 1; Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия - 1.

Дар давраи ҳисоботӣ Гуруҳ оид ба кӯмаки ҳуқуқӣ силсилаи мастер-класс ва тренингҳоро барои адвокатҳои шаҳру вилоятҳои кишвар оид ба мезанизмҳои ҳимояи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона баргузор намуд.

Гуруҳ оид ба кӯмаки ҳуқуқӣ бо Гуруҳи расонаӣ дар мавриди гузаронидани тадқиқотҳои журналистӣ фаъолона ҳамкорӣ дорад. Дар соли 2017 гузаронидани 10 тадқиқоти журналистӣ дастгирӣ ёфт. Парвандаҳое, ки тадқиқоти журналистӣ талаб мекарданд, муайян карда ва шарҳҳои ҳуқуқӣ дода шуданд.

Дар соли 2017 аз рӯи 15 парванда мониторинги мурофиаҳои судӣ гузаронида шуд, ки судшавандаҳо дар бораи истифрода шудани шиканҷа ё муносибати бераҳмона ариза навиштанд.

NoTorture.Tj