Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
10-уми апрели соли 2018, соати 10:00, дар Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз болои қарор дар бораи қатъи парвандаи ҷиноятӣ аз рўи далели марги ронандаи 25-солаи таксӣ Шамсиддин Зайдуллоев дар АНМН шикоят карда мешавад.
Модари ҷавони фавтида Тоҷинисо Каримова якҷоя бо адвокатҳо Қурбонов Д. ва Кабиров С., ки хизматрасониашон аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон таъмин карда мешавад, мекўшанд судро ба ғайриқонунӣ будани қарори қаблан баровардашуда бовар кунонанд, то тафтиши парванда аз нав оғоз гардад.
Мурофиа таҳти раисии судя Луқмон Раҷабиён баргузор хоҳад шуд. Намояндагони ВАО-ро барои инъикоси мурофиаи судӣ даъват мекунем.
ДАР БОРАИ ҚАЗИЯ: 8-уми апрели соли 2015 Шамсиддин Зайдуллоеви 25-соларо, ки ронандаи таксӣ буд, бо гумони гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар боздошт карданд. Баъди чанд рўзи нигаҳдорӣ дар тавқифгоҳи муваққатии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ў аз дунё гузашт. Пайвандони ҷавон мегўянд, ки марги ў дар натиҷаи латукўб ва шиканҷа фаро расидааст. Ба гуфтаи онҳо, дар тамоми бадани ў доғҳои зиёд ва хунрезиҳо намоён буданд. Ҳангоми шустани ҷасад, пайвандон дар марҳум қабурғаҳои шикаста, доғҳо дар дасту пойҳо ва сару гарданро мушоҳида карданд. Онҳо дидаҳояшонро аз аксҳо сабт намуда, бо дархости оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат карданд. АНМН фарзияи дигар дорад - дили ҷавон дар натиҷаи вобастагӣ доштан аз маводи нашъаовар «ломка»-ро бардошт накард.
24-уми апрели соли 2015 нисбати қазияи мазкур тибқи талаботи қисми 3, моддаи 143 прим 1 (шиканҷа) КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Аммо тафтишот тўл кашид ва 23-юми декабри соли 2015 муфаттиши Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар бораи қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ дар мавриди марги Шамсиддин Зайдуллоев бинобар сабаби мавҷуд набудани нишонаи ҷиноят қарор баровард. Дар ҳамин ҳол, ба модари ҷавон гуфтанд, ки метавонад аз болои ин қарор ба мақомоти дигар шикоят барад. Тоҷинисо Каримова аз болои қарор шикоят бурд ва талаб намуд, ки тафтишот аз сари нав оғоз ва шахсияи гунаҳгорони марги писараш маълум карда шавад. Умуман, модари ҷавони фавтида ва адвокати ў ба унвонии Прокурори генералӣ ва мушовири калони Прокурори генералӣ оид ба таъиноти махсус С. Назарзода қариб 10 ариза навиштаанд.
Баъди ҳама талошҳои бефоидаи «дастрасӣ» ба Прокуратураи генералӣ, моҳи феврали соли 2016 Тоҷинисо Каримова дар бораи ғайриқонунӣ қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбати қазияи марги писараш ба Суди ноҳияи Сино шикоят бурд. Аммо ҳар бор судя бо асоси он, ки гўё Прокуратураи генералӣ маводҳои парвандаи ҷиноятиро пешниҳод намекунад, мурофиаро ба таъхир мегузошт. Муфассалтар дар http://notorturetj.org/analytics/nepodsudnoe-delo