Гуруҳи расонаӣ: Иттилоъноксозӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаву мақомот ба масъалаи шиканҷа

Инъикоси ҳолатҳои истифодаи шиканҷа ва раванди мурофиаҳои судӣ барои ҷалби таваҷҷуҳи доираи васеи ҷомеа, мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои милливу байналмилалӣ ба ин масъала ва муттаҳидсозии талошҳои онҳо баҳри мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ мусоидат мекунад.

Фаъолияти Гуруҳи расонаӣ ба инъикоси системавии кори Эътилоф, боло бурдани сатҳи фарҳанги ҳуқуқӣ ва ҷалби аҳолӣ ба мубориза зидди шиканҷа тариқи ВАО нигаронида шудааст. Гуруҳи расонаӣ намояндагони ташкилотҳои узви Эътилоф ва рўзноманигорони алоҳидаро муттаҳид намудааст.

11-уми майи соли 2017 Эътилоф лоиҳаи нави «Ман - ҳимоятгари ҳуқуқ!»-ро рўйи кор овард. Мақсади асосии ин гўша созмони чеҳраи ҳимоятгарони ҳукқуқ ва фаъолони шаҳрвандии Тоҷикистон, инъикоси фаъолияҳои онҳо, инчунин ҷалб кардани таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аст. Айни замон дар гўшаи «Ман - ҳимоятгари ҳуқуқ!» 53 иқтибос дар посух ба суоли «Барои чӣ ман ҳимоятгари ҳуқуқ шудам?» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҷойгир карда шудааст.

Дар доираи мизи мудавваре, ки 3-юми май бахшида ба Рўзи байналмилалии озодии матбуот баргузор гардид, рўзноманигорон ва воситаҳои ахбори омма мукофотонида шуданд. Намояндагони Эътилоф ба рўзноманигорон ва ВАО-е, ки бештар мушкилоти шиканҷаро инъикос мекунанд, изҳори сипос намуда, онҳоро бо дипломҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарафроз гардонданд.

Дар доираи аксия бахшида ба Рўзи байналмилалии қурбониёни шиканҷа аз 21 то 23-юми июн дар мониторҳои калони хиёбонии шаҳри Душанбе (назди меҳмонхонаи «Тоҷикистон», ТВ «Сафина» ва ҳайкали Исмоили Сомонӣ) ролик бо матнҳо ба ду забон - тоҷикӣ ва русӣ давр зад: моддаи 18 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Касе набояд ба шиканҷа, бераҳмӣ ва муносибати бераҳмона гирифтор карда шавад» ва иқтибос аз муроҷиати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи манъ будани истифодаи шиканҷа.

Дар доираи аксия 28-уми июн дар Хоруѓ намоиши аксҳо ташкил карда шуд. Ба намоиш намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳои байналмилалӣ даъват карда шуданд. Намоиши аксҳо барои ҳамаи хоҳишмандон кушода буд.

Аз 19 то 30-юми июн Эътилоф ҳамарўза дар торнамои www.notorturetj.org ва саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ қиссаҳои аксии қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро ҷойгир намуд. Дар умум, 17 қиссаи аксӣ пахш карда шуд.

8-уми декабр, дар арафаи Рўзи байналмилалии ҳуқуқи инсон дар доираи ҷоизаи ҳамасолаи ташкилоти ҷамъиятиии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» - «Беҳтарин ҳимоятгари ҳуқуқи сол» Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ саҳми адвокатҳо ва дигар мутахассисони ҳимояи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро зикр намуд.

Торнамои Эътилоф бо се забон фаъолият мекунад: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ. Дар соли 2017 аз ҷониби гуруҳи расонаӣ зиёда аз 500 матлаб ба нашр расонида шудааст. Ба ѓайр аз ин, Эътилоф дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой дорад. Саҳифаҳои Эътилоф дар шабакаҳои иҷтимоӣ баробари пахши матолиб дар гўшаҳои веб-сайти «Озодӣ аз шиканҷа» навсозӣ мешаванд.

NoTorture.Tj