Падари аскари ҷавонмарг: Ба сараш бисёр задаанд

Сокини деҳаи Тосқалъаи ноҳияи Восеъ Ҳасан Оев, падари Сайидакбари Ҳасан - наваскари 22-солае, ки як моҳ қабл аз шаҳри Кӯлоб ба хизмати ҳарбӣ бурданду дирӯз, 27-уми май, ҷасадашро дар зодгоҳ ба волидон супурданд, мегӯяд, писараш мавриди латукӯб ва шиканҷаи “дедҳо”-и қисми низомӣ қарор гирифтааст.

Номбурда, ки омӯзгори собиқадор аст, имрӯз дар суҳбат бо faraj.tj замоне, ки гиря гулӯгираш мекарду сухан гуфтанаш душвор буд, гуфт Сайидакбар дар оила фарзанди чорумаш буд ва 8 моҳ қабл оиладораш карда буду акнун интизории фарзанди нахустинашро мекашид. Бино ба гуфтаи падар, Сайидакбар донишҷӯйи соли охири шуъбаи ғоибонаи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб буд ва ҳамроҳаш як соли охир дар мактаби миёнаи рақами 46-и деҳаи Элмурод Хоҷаеви ноҳияи Восеъ ба ҳайси муаллими фанни таърих ба хонандагон дарс медод.

- Сайидакбар хеле паҳлавону қадбаланд буд. Баландии қадаш ба 185-190 см мерасид. Ӯро замоне “облава” карда, ба хизмат бурданд, ки барои идомаи таҳсил ба Кӯлоб рафта буд. Субҳи барвақт, вақте аз ҳуҷраи иҷорааш мебарояд, ӯро кормандони комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб “облава” мекунанду рост ба маркази вилояти Хатлон мебаранд. Вақте мо бохабар шудем, аллакай ӯро ба Душанбе бурда буданд. Баъдтар фаҳмидем, ӯро тарсонида гуфтаанд, ки агар бо хоҳиши худ ариза нанависад, ба Помир равонаш мекунанд ва он ҷо азоб мекашад. Писарам тӯли як моҳи дар қисми низомии комендантӣ, воқеъ дар фурудгоҳи Душанбе, пайваста аз дасти “демблшавандаҳо” азоб мекашидааст, ӯро шиканҷа мекардаанд. Осори латукӯб ва шиканҷаро ҳангоме, ки тани ҷасадро мешӯстем, дар сараш мушоҳида кардам. Писари тағояш, ки донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аст ва бародараш чанд бор барои хабаргирияш рафтаанд. Ин ҳолатҳоро медонистаанд, вале як маротиба ба ман нагуфтанд. Шояд то ин ҳад бад будани ҳолатро эҳсос намекарданд. Бовар намекунам, фармондеҳони қисми ҳарбӣ, ки тани беҷони фарзандамро оварда буданд, гуфтанд, ки дилаш шамол кашида, бемор шудааст, вале ман ба ин сафсатаҳо бовар намекунам. Ӯ ягон бор аз дилаш шикоят намекард, - гуфт нобоварона бо овози хаста падари ҷигарреш.

Ҳасан Оев, ҳамчунин гуфт, ин корро ҳамин тавр нахоҳад гузошт ва ҳатман омилони ин ҷиноятро ба ҷавобгарӣ хоҳад кашид.

Ёдовар мешавем, ки мақомот ҷисми беҷони наваскари сокини ноҳияи Восеъ, ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиев, деҳаи Тосқалъа, Сайидакбари Ҳасанро шаби гузашта ба волидон супурданд.

Марҳум як моҳ қабл ба хизмати аскарӣ сафарбар шуда буд. Комиссари ҳарбии ноҳияи Восеъ Музаффар Шарипов, “облава” ва ҳамагуна зӯровариро зимни сафарбарии Сайидакбари Ҳасан ба хизмати ҳарбӣ рад карда, гуфт, ӯ довталабона, бо хоҳиши худ ариза навишта, ба хизмати Ватан рафтааст.

Faraj.tj