Зарби чӯб Мазбутҷонро пеш аз даҳ рӯзи анҷоми хидмат кушт

Наздикони як марзбони 21-сола, ки 10 рӯз пеш аз анҷоми хидматаш ба ҳалокат расидааст, мехоҳанд, додгоҳ омилони марги ӯро ҷазои сахт бидиҳад.

Волидони Мазбутҷон Мансуров, ки моҳи март ҳалок шуд, мегӯянд, ду соли зиндони шартӣ барои яке аз афсарон, ки бар марги писараш гунаҳкор дониста шуд, ҷазои бисёр сабук аст. Онҳо мехоҳанд, Додгоҳи олӣ қазияро бознигарӣ карда, омилони марги писари ҷавонашонро ҷазои сахт бидиҳад.

Додгоҳи низомии Қӯрғонтеппа рӯзи 18 май Меҳриддин Нуров, капитани қисми низомии 0306 раёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллиро дар марги Мазбутҷон Мансуров, сокини ноҳияи Конибодом гунаҳкор донист ва ба 2 соли зиндони шартӣ маҳкум кард.

Муҳокимаи яке аз афсарони дигари ҳамин воҳиди низомӣ бо иттиҳоми даст доштан дар марги Мазбутҷон Пиров идома дорад ва ба ӯ аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дилафрӯз Самадова ҳомии ҳуқуқ ва вакили дифои хонаводаи Мансуровҳо мегӯяд, волидайни сарбоз аз ҳукм розӣ нестанд ва мехоҳанд аз он ба додгоҳи болоӣ шикоят кунанд.

Нуров барои баромадан аз хадди ваколатхои мансабӣ ҷазо додаанд ва нисбаташ ҷазои сабук таъйин шудааст. Ман чунин мешуморам, ки сарбоз Мазбутҷон қурбонии шиканҷа гаштааст.

Тибқи талаботи қонун кирдори Нуров бояд, бо моддаи 143.1, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои шиканҷа, пешбинӣ мекунад, банду баст карда шуда, нисбаташ ҷазои одилона татбиқ карда мешуд” – мегӯяд, Дилафрӯз Самадова. Ба гуфтаи волидайн ва вакили дифоашон онҳо ба зудӣ ба Додгоҳи олӣ шикоят мебаранд.

То анҷоми хизматаш 10 рӯзи дигар монда буд

Мардон Мансуров, падари сарбози ҳалокшуда мегӯяд, касе ки писарашро бераҳмона латукӯб кардааст, бояд ҷазои сазовор бигирад.

“Дар парванда сарбозҳо нишондод додаанд, ки капитан Нуров писарамро ба кабинет дароварда бо дастаи бел зад, мӯйи сарашро тарошид. Баъд як лейтенанти калон омада, писарамро як шаппотӣ задааст» - гуфт падари сарбоз.

Мазбутҷон Мансуров моҳи апрели соли 2016 ба қавли наздиконаш довталабона ба артиш рафт ва то 10 апрели соли равон бояд ба хона бармегашт. Падари сарбоз мегӯяд, бори ахир бо писараш 22 марти соли равон телефонӣ суҳбат дошт ва Мазбутҷон ба падараш ваъда додааст, ки пас аз 10 рӯз ба хона бармегардад. Аммо Мардон Мансуров гуфт, субҳи барвақти 24 март ба ӯ занг зада гуфтаанд, ки писараш даргузашт.

Мансуров афзуд, нахуст ба ӯ гуфтанд, ки писараш ба сабаби дарди кӯрруда ва ҳангоми ҷарроҳӣ вафот кардааст, аммо низомиёне, ки ҷасади писарашро ба хона оварданд, ба ӯ ваъда додаанд, ки гунаҳкорони марги писараш ҷазои сазовор мегиранд.

Ташхиси тибби муайян кардааст, ки сарбози ҷавон бинобар «латукӯби пайдарпай бо дастаи бел ва кафидани испурч бо хунравии шадид” ҳалок шудааст. Падари сарбоз гуфт, баъди дафни ҷасади писараш ду моҳ интизор шуд, то бубинад, ки додгоҳ нисбати омилони марги писараш чӣ ҳукм содир мекунад. Аммо мегӯяд, ҳукми Додгоҳи ҳарбии гарнизонии шаҳри Бохтар ӯро ноумед кард.

Мансуров гуфт, ҳатто ҳукми гунаҳкори аслӣ дар фавти писарашро пинҳонӣ аз ӯ содир карданд. Мансуров мегӯяд, бо ин ки аз Конибодом ба шаҳри Бохтар барои иштирок дар мурофиа омада, ҳукмро бидуни ҳузури онҳо эълон карданд.

Мардон Мансуров бовар дорад, ки капитан Меҳриддин Нуров писарашро латукӯби зиёд карда, ҷазои сабук гирифт, аммо ба афсар Идимат Пиров барои як шаппотӣ солҳои тулонии зиндон таҳдид мекунад.

“Муҷримон аз артиш ихроҷ шуданд”

Мақомоти Нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон мегӯянд, онҳоеро, ки сабаби марги сарҳадбони ҷавон шуданд, танбеҳ доданд ва аз сафи артиш берун кардаанд. Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Қушунҳои сарҳадӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи ҳалокати Мазбутҷон Мансуров дар умум чор нафар ҷазо гирифтанд.

Аз инҳо, ба қавли Улуғхоҷаев, ду нафар барои паст задани шаъну эътибори афсар аз сафи қушунҳои сарҳадӣ ихроҷ шуданд, нисбати ду нафари дигар барои беаҳмиятӣ ҷазои интизомӣ татбиқ шудааст.

Сухангӯи Қушунҳои сарҳадӣ афзуд, барои роҳ надодан ба чунин бадрафторӣ кор мебаранд. “Айни замон барои пешгирии чунин омилҳо аз ҷониби Қушунҳои сарҳадӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳам дар байни сарбозон ва ҳам дар байни афсарон гузаронда шуда истодаанд. Умедворам, ки дар оянда чунин ҳодисаҳо дигар сар намезананд”- афзуд Муҳаммад Улуғхоҷаев.

Талошҳои мо барои пайдо кардани афсар Меҳриддин Нуров бенатиҷа буд. Маълум нест, ки ӯ дар бораи ин қазия чӣ назар дорад.

Бадрафторӣ дар артиш мушкили доғи Тоҷикистон

Бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон яке аз мушкилоти доғ ба ҳисоб меравад ва дар гузашта ҳам мавридҳои марги сарбозон дида шудааст.

Қазияи ҳалокати Мазбутҷон Мансуровро созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ зери назорат гирифтааст. Созмонҳои кор бо сарбозон мегӯянд, соли равон шикоятҳо аз бадрафторӣ нисбати хизматчиёни ҳарбӣ зиёд шудааст.

Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ имсол чаҳор шикоят дарёфт кардааст. Шикоятҳо асосан аз муносибати бераҳмона, латукӯб ва шиканҷа нисбати хизматчиёни ҳарбиро дарбар мегирад.

Фаъолони ҳуқуқи башар ва созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ мегӯяд, ки солҳои охир бархурди мақомот ба шикоятҳо дар заминаи латукубу азияти сарбозон дар артиш хеле ҷиддитар шуда дар ин замина тадбирҳои ҷиддии ҷилавгирикунанда аз муносибати ғайриоинномавӣ миёни сарбозон гирифта мешаванд.

Ба қавли Дилафрӯз Самадова, намояндаи созмон « Муносибати бераҳмона ва ҷазо дар артиши миллӣ бояд аз байн бурда шавад. Роҳбарият дар андешаи ҳаёту саломатии ҳар як сарбоз бошанд ва онҳоро солим ба назди падару модарошон баргардонад.

Ozodi