Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Фазлиддин Сафаров, як зиндонии маҳкум ба ҳабси абад, ки бо ҷурми куштори инсон тайи 13 сол аст дар маҳбаси шаҳри Бохтар (дар гузашта Қӯрғонтеппа) ба сар мебарад, иддао дорад, ки аз ҷониби кормандони ин зиндон мавриди латтукӯб ва шиканҷа қарор гирифтааст.
Вай ҳангоми мулоқот бо наздиконаш дар ҳафтаи гузашта гуфтааст, ки панҷ сол қабл баъди арзу додаш ба як намояндаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба бадрафтории кормандони маҳбас, дучори азияту озор шудааст.
Аммо кормандони маҳбаси Бохтар ин иддаоро рад карда ва мегӯянд, ки маҳбас низому тартиботи хоси худашро дорад ва дар нисбати ҳеҷ яке аз зиндониён бадрафторӣ сурат намегирад. Ҳоло Эътилофи зидди шиканҷа барои маълум кардани вазъи Фазлиддин Сафаров дар ин маҳбас, як вакили мудофеъ истихдом кардааст.
Бибикалон Мӯъминоваи 69-сола, модари Фазлиддин Сафаров рӯзи 25-уми июн баъди мулоқоташ бо Фазлиддин Сафаров дар маҳбаси Бохтар ба Радиои Озодӣ иддао кард, ки бар асари латтукӯб писараш тақрибан саломатиашро аз даст додааст. Бибикалон Муъминова, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб ҳафтаи гузашта ҳамроҳи наберааш бо писари 49-солааш Фаздиддин Сафаров мулоқот кардааст.
Вай гуфт, панҷ сол қабл вақте намояндагони СММ аз маҳбаси Бохтар боздид намуда, оид ба вазъи маҳбусон пурсон шудаанд, Фазлиддин аз шиканҷаву бадрафторӣ дар ин маҳбас шикоят карда ва ба қавли ӯ, маҳз баъди ин кормандони маҳбас ӯро ба истилоҳ "чап" гирифта, азият додаанд.
"Вақте, ки садои духтарашро шунид, пурсид, ки ин кӣ аст, гуфтем, ки Сумая. Ӯро ба оғӯш гирифта, дар гӯшаш чизе гуфт. Ҳамин вақт корманди маҳбас фарёд зад, ки ҳарчӣ нагу, писарам духтарашро сар дод ва бо овози баланд гуфт, ки дигар барои ман фарқе надорад, 13 сол маро шиканҷаву азоб додед, вақте зерпироҳанашанро бардошт, қабурғаҳояш сиёҳ буданд, гуфт, ҳамаро шикастаед, дигар наметарсам, куштан хоҳед, кушед, сараш варам карда буд ва худаш хам нишастан наметавонист (гиря мекунад)."
Намояндагии Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон рӯзи 25-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар моҳи майи соли 2012 фиристодаи махсуси СММ Хуан Мендес барои як ҳафта ба Тоҷикистон омад ва мавзӯи шиканҷаву латтукӯб дар боздоштгоҳҳо ва муасисаҳои ислоҳиро дар миён гузошт ва баъди бозгашташ як гузориши махсус низ интишор кард.
Вай аз ҷумла аз маҳбаси Бохтар низ дидан карда буд. Вай дар банди 78-и гузоришаш аз ҷумла зикр намуда буд, ки "маҳбусони маҳкум ба ҳукми якумра дар утоқҳои тангу тори бидуни ҳавокаш ва бо ҳарорати гармии беҳад баланд ва дар маҳдудаи 23-соата нигоҳ дошта мешаванд. Онҳо бо шароити оддии санитарӣ ва ва ғизо таъмин нестанд ба онҳо кӯмаки тиббӣ ва равонӣ расонида намешавад, онҳо ҳаққи дастрасӣ ба китобу машқи ҷисмонӣ надоранд ва дар як сол як маротиба ҳаққи мулоқот бо наздиконашонро доранд."
Аммо модари Фазлиддин мегӯяд, "дар корғазча"-е, ки Фазлиддин ба мо дод, номи се корманди маҳбас -- Тағоев Абдумаҷид, Амриддин Малахов ва Убайдуллоев навишта шудааст, ки маҳз ҳамонҳо ӯро латтукӯб мекардаанд. Писари ман дигар роҳи фаҳмониданашро надошту надорад чӣ мекард? Ман дидам, ки ангуштонаш шикастагӣ буданд, дар ҷояш нишаста наметонист, чашмонаш хира".
Аммо Раҳимбек Шодавлатов, корманди маҳбаси Бохтар рӯзи 25-уми июн дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳафтаи гузашта пайвандони Фазлиддин Сафаров ба мулоқоти ӯ омада буданд ва онҳо аз дарун коғазча бароварда ва сару садо карданд, ки гӯё ӯро дар дарун латту кубу азият медиҳанд.
"Инҷо маҳбас аст ва маҳбусҳо давраи ҷазои худро мегузаронанд, мо ба онҳо коре надорем, инҷо сохтори низомӣ аст ва ҷои ислоҳшавӣ аст ва онҳо бояд тартибу низоми маҳбасро риоя кунанд, вале онҳо мехоҳанд дар ҳаминҷо ҳам бо усули "олами ҷиноӣ" ба сар баранд. Вақте, ки тартиби дарунро риоя намекунаду кормандони маҳбас меоянду талаб мекунанд, онҳо ба ҷои риоя намудан дар вақти омадани хешу таборонашон дар бораи кормандони маҳбас ҳарҷӣ мегуянд, ки фалон корманд ӯро азобу шиканҷа медиҳад".
Ҳоло баъди муроҷиати наздикони Фазлиддин Сафаров ба Созмони зидди шиканҷа, ин созмон барои ташхису маълум намудани вазъи ин зиндонӣ, як вакили мудофеъ таъйин кардааст. Зариф Мухторов, вакили мудофеъ ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо аз ҷониби Созмони зидди шикана ба унвони Идораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон нома навишта ва дархост кардаанд, ки муштаракан ба маҳбаси Бохтар рафта ва саломатии Фазлиддин Сафаровро ташхис намоянд. Вай афзуд, ки як пизишкро низ бо худ мебаранд.
Тавре модари Фазлиддин мегӯяд, писарашро дар соли 2005 дар ҳодисаи куштори як зани таксист айбдор карданд ва бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне "куштори одам" айбдор ва ба ҳукми абад маҳкум намуданд. Онҳо иддао доранд, ки Фазлиддин таҳти шиканҷа айбро ба гардан гирифтааст ва то кунун дар мулоқотҳо бо онҳо мегӯяд, ки ҳеҷ касро накуштааст.
Зимнан, Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дар як арзёбииаш дар давоми шаш моҳи соли гузашта аз навъҳои шиканҷа дар боздоштгоҳу маҳбасҳо зикр кардааст.
"Латукўб бо бастани дасту пой, гузоштани қувваи барқ ба зери нохунҳои ангуштони дастон ва қисмати байни пойҳо, зарбаҳо ба қисмати сар, рехтани об, задани зарба ба гурда ва шикам, задани зарба тариқи гузоштани китоб ба қисмати шикам ва фарқи сар, задани зарба ба қисмати рўй, аз ҷумлаи шиканҷаҳоест, ки дар боздоштгоҳҳо ва маҳбасҳо аз кор гирифта мешуданд."
Моҳи апрели соли 2012 раисҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даъват кард, ки "ба усулҳои нораво ҳангоми таҳқиқ ва тафтиши парвандҳои ҷиноятӣ роҳ надиҳанд."
Моҳи апрели ҳамон сол ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои бори аввал банди алоҳидаи “шиканҷа” ворид ва ба омилони навъҳои мухталифи шиканҷа ҷазо таъйин гардид, ки мизони ҳадди аксари он то 20 соли зиндонро дар бар мегирад.
Вале Тоҷикистон то ҳол тавсияи Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба масъалаи шиканҷаро напазируфта ва аз имзои протоли иловагии Аҳдномаи байналмилалии муқобила бо шиканҷа ва дигар навъҳои бадрафторӣ, худдорӣ кардааст.
Дар сурати тасвиби ин санад, Тоҷикистон вазифадор мешавад, ки ба нозирони байналмилалӣ иҷоза бидиҳад, ки худашон ба кишвар омада ва вазъи зиндонҳову боздоштгоҳҳои кишварро таҳқиқ кунанд.