Сарбоз 13 сол зиндонӣ шуд

Суди гарнизони ҳарбии шаҳри Хоруғ пас аз баргузории 2 мурофиаи озод бо ҳузури сарбозону афсарони зиёди қисмҳои низомӣ дар саҳни бинояш Абдуллоев Бахтовар Нуралиевич - як сарбози Қӯшунҳои марзбониро дар латукӯб ва ба ҳалокат расонидани ҳамхизматаш Ёдгорзода Абдуқаюм гунаҳгор дониста, ба 13 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Ин мурофиаҳои судӣ рӯзҳои 24 -ум ва 25-уми октябр баргузор шуданд.

Фоҷиа ду моҳ қабл, 20-уми август, дар арафаи Иди Қурбон дар дидбонгоҳи 11-уми қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар минтақаи Язғуломи ноҳияи Ванҷ рух дод ва пас аз санҷиши ҳолати кор ва ҷои ҳодиса, Прокуратураи ҳарбии гарнизони Хоруғ бо ду моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ -373 қ. 2, банди “д” «Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои  байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо» ва 110 қ. 3, «Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ» банду баст карда, ба суд ирсол намуд. Ин моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ ба шахси гунаҳкор аз 5 то 10 ва аз 12 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Марҳум Ёдгорзода Абдуқаюм баҳори соли равон ихтиёрӣ аз Комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сафарбар гардидааст. Ҳамхизмати ӯ Абдуллоев Бахтовар бошад, зодаи маҳаллаи Заҳматободи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аст ва шаш моҳ қабл аз марҳум ба аскарӣ рафтааст.

Кӯшиши зиёди гирифтани тамос ва фаҳмидани ҷузъиёти ҳодиса бо баррасикунандаи парванда, судя Манзаршо Ошурбек бенатиҷа анҷом ёфт, аммо тибқи иттилои як манбаъ аз прокуратураи ин гарнизон, судшаванда иқрор шудааст, ки амали латукӯби ҳамхизматашро бар пояи дашному ҳақорат ва гирифтани қасос анҷом додааст ва аз карда пушаймон аст.

Ҳодиса чӣ гуна рух додааст?

Ёдгоров Шаша, падари марҳум Абдуқаюм, пас аз иштирок дар мурофиаи судӣ дар суҳбати телефонӣ иброз дошт, ки “Судшаванда дар мурофиа гуфт, ҳамхизматаш, яъне писари ман, гӯё ӯро дашном дода бошад ва барои ин амалаш худсарона хостааст ӯро ҷазо диҳад:

-Абдуллоев гӯё гуфтааст, ки як сӯзан биёрад, то ҷои даридаи шимашро бидӯзад, вале Абдуқаюм нофармонӣ кардасту онтарафтар рафта, дашном додааст. Пас аз ин, ӯ нақшаи гирифтани қасосро кашидааст. Рӯзи 20-уми август, сарбозҳо барои Иди Қурбон тайёрӣ дида, картошка тоза мекардаанд ва Абдуқаюм сатили партовро ба партовгоҳ бурдааст. Ин замон Бахтовар аз қафои Қаюм рафтаасту дар паси девор ӯро латукӯб кардааст,- гуфт падари марҳум Абдуқаюм.

Бино ба эътирофи судшаванда Абдуллоев, ки дар сухани охиринаш иброз доштааст, ӯ ҳамхизматашро ба девор рост карда, як мушти сахти ногаҳонӣ ба гулӯ - роҳи нафасаш задааст. Пас аз он ки Ёдгорзода хам шудааст, боз чанд мушти дигар ба пушти гардан ва сараш задааст. Ҳамин тавр, ӯ ба замин афтидааст.

-Пас аз он ки Абдуллоев мебинад, роҳи нафаси Абдуқаюм баставу кабуд шудааст, ба дигарон хабар медиҳад, ки аллакай дер шудааст,-гуфт падари Абдуқаюм, замоне, ки гиря дар гулӯяш дармемонд.

Наздикони Абдуллоев: Ӯ ин коррро накардааст, онро ба сараш бор кардаанд

Эътирофи гуноҳ ба марги ҳамхизматаш аз ҷониби сарбоз Абдуллоев Бахтовар дар ҳолест, ки наздиконаш бовар надоранд, ӯ ин ҷиноятро содир карда бошад. Онҳо аз ӯ ҳамчун як бачаи оромтабиат, камгап ва хушахлоқ тавсиф мекунанд.

Барои огоҳӣ ва шиносоӣ аз вазъи хонаводагии оилаи Абдуллоевҳо сӯи маҳаллаи Заҳматободи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки дар талу теппаҳои шимолии шаҳри Душанбе ҷойгир аст ва яке аз маҳаллаҳои сераҳолӣ ба шумор меравад, роҳ пеш гирифтем.

Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, оилаи Абдуллоевҳо хонаводаҳои доро ва сарватманд нестанд ва дар як гӯшаи баланди ин маҳалла зиндагӣ доранд.

Ин хонавода аз панҷ нафар: 4 писар ва 1 духтар иборат аст. Нуралӣ Абдуллоев, падари оила, дар ҳар сохтмоне, ки рост ояд, кор карда, барои таъмини хонавода қути лоямуте ба даст меорад. Модар бошад, дар идораи давлатие ба ҳайси фаррош фаъолият мекунад.

Бародари калонии Бахтовар - Қурбон Абдуллоев 25 сол дорад ва ӯ низ мегӯяд, сохтмончӣ аст, вале ҷои кори аниқ надорад. Гоҳ-гоҳ дар сохтмонҳо кор пайдо карда, иҷро мекунад.

Бино ба гуфтаи Қурбон, Бахтовар 19 сол дорад ва ихтиёран ба хизмати аскарӣ рафтааст.

-Ӯ пас аз хатми синфи 9 дар мактаби ронандагӣ таҳсил карда, соҳиби шаҳодатнома гардид. Тӯли як сол ба ҳайси “почталён” кор кард. Ягон ҳаракати ноҷо, ҷангу ҷанҷол намекард, оромтабиат буд. Бо хоҳиши худаш ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ариза дода, ба хизмат рафт. Доим занг зада, гап мезадем. Тӯли як соли хизматаш ягон гапу хабари зиёдатӣ набуд. Намедонам, чӣ сабаб шуд, ки ба чунин амал даст задааст. Ман гумон мекунам, ки ин амали нангинро нафари дигар содир кардааст ва ба сари додари ман бор кардаанд. Ҳеҷ гоҳ одам бо як мушт намемурад. Бино ба хабарҳо, аскари марҳум “приступ”-и дил доштааст, -гуфт бародари Бахтовар.

Номбурда сабаби дар мурофиаи судӣ иштирок накарданашонро ба вазъи иқтисодии оила рабт дод ва гуфт, “Вақте ки мурофиаи аввалинаш дар рӯзи 16-уми октябр таъйин гардида буд, модар ва холаам рӯзи 15-ум ба шаҳри Хоруғ  рафтанд. Бемасъулиятии кормандони судро бинед, як рӯз пеш аз мурофиа хабар доданд, ки мурофиа ба як ҳафта қафо монда шуд. Ин вақт модарам аллакай дар ними роҳ ба Хоруғ буд. Вазъи зиндагии мардумро фикр накарданд, нагуфтанд, ки роҳи каму андаке нест, ақаллан ду рӯз пеш бояд моро огоҳ месохтанд. Ба ҳар ҳол модару холаам аз роҳ нагаштанд, рафта Бахтоварро диданд ва ду рӯз баъд баргаштанд. Барои 10 рӯз дар он ҷо мондан маблағи зиёд даркор аст”, - гуфт Қурбон Абдуллоев.

Раиси маҳаллаи Заҳматобод Зафаралӣ Исмоилов низ аз Бахтовар ҳамчун як нафари оромтабиат тавсиф кард ва гуфт, дар корҳои ҷамъиятии маҳалла ҳамеша фаъол будааст.

-Ӯ бо хоҳиши худаш ба хизмат рафт ва то ин вақт хонда, шаҳодатномаи ронандагӣ ҳам гирифт ва тӯли қариб ду сол ба ҳайси “почталён” (номарасон) ҳам кор кард. Хеле бачаи орому ботамкин буд. Сатҳи зиндагӣ ва вазъи иқтисодии оилаашон мисли оилаҳои зиёди маҳалла миёна аст. Ба рӯйхати оилаҳои камбизоат низ шомиланд. Касе бовар надошт, ки чунин ҳолат бо Бахтовар рух медиҳад. Ҳамсояҳо то рӯзи ба хизмат рафтанаш аз ӯ ягон шикоят накардаанд, овози баланд ва суханони қабеҳ ҳам нашунидаанд, - гуфт раиси маҳаллаи Заҳматобод Исмоилов З.

Мутаассифона, бо сабаби дар кор будани падару модари ин хонавода натавонистем бо эшон суҳбат кунем ва назарашонро вобаста ба ин қазия бифаҳмем, аммо бародари дигари Бахтовар, Бахшулло Абдуллоев, ки дар як корхонаи хиштбарорӣ боркаш шуда кор мекунад, дар як тамоси телефонӣ аз ҳукми содиркардаи судя изҳори норозигӣ кард ва гуфт, пас аз дастрас кардани нусхаи он ҳатман ба зинаҳои болоии судӣ муроҷиат хоҳанд бурд.

Падари Абдуқаюм: Дигар чӣ кор ҳам кунем? Аз ҳукм розием.

Норозигии наздикони Бахтовар аз ҳукми суд дар ҳолест, ки падари Абдуқаюм дар як тамоси телефонӣ ҳангоми бозгашт аз Хоруғ гуфт, аз ҳукм розӣ аст:

-Дигар чӣ кор кунем, писарамро зинда карда намешавад. Касе ҷиноят кардааст, бигузор ҷазояшро гирад. Прокурор 15 сол пурсид, вале судя барои худиқрорӣ ва пушаймонӣ 2 солашро кам кард, - гуфт падари марҳум Абдуқаюм.

Шикояткунанда «буз» аст?

«Дедовшина» ё сарбозозорӣ қонуни нонавишта ва падидаи номатлуб дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон буда, аз замони Шӯравӣ мерос мондааст. Дар аксар ҳолатҳо он сарбозон, хусусан навскаронро, ҳатто ба худкушӣ оварда мерасонад ва онҳо наметавонанд ба афсаронашон шикоят баранд.

Бино ба қавли онҳое, ки аллакай хизмати аскариро ба анҷом расонида, ба ҳаёти мулкӣ баргаштаанд, шикояткунандаро дар қисми ҳарбӣ «буз» меноманд, ҳатто агар ҷабрдида мавриди латукӯб ва азоби тоқатфарсои «дед»-ҳо ҳам қарор гирифта бошад. Бинобар ҳамин, наваскарон кӯшиш мекунанд, ба ҳама азобу шиканҷаи хизмат тоб биёранд, то ин тахаллуси нангинро ба худ нагиранд. Дар ҳамин ҳол, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ бар ин назаранд, ки маҳз ҳамин падидаи номатлуб монеи ихтиёрӣ ба хизмати аскарӣ рафтани ҷавонон мегардад ва «облава» барои ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ба таври ғайриқонунӣ сурат мегирад.

Ёқуб Ҳалимов, рӯзноманигор мегӯяд, «дедовшина” ё сарбозозориро мешавад барҳам дод ва ҳатман бояд барҳам дода шавад.

-Дар ҷаҳони муосир шаҳрҳо ва давлатҳоро тавассути дурбинҳои назоратӣ ба танзим медароранд, чаро қисмҳои низомиро ба танзим даровардан ва аз “дедовшина” пешгирӣ кардан имкон надоштааст? Барои ман нофаҳмост, ки чаро афсарон беаҳамиятӣ мекунанд ё ҳавасманданд, ки “дедовшина” дар қисмҳои низомӣ вуҷуд дошта бошад? Бояд аз онҳо пурсид, вале афсарон барои шиканҷаи сарбозон бояд ҷавобгӯ бошанд, зеро масъул ҳастанд,- мегӯяд Ёқуб Ҳалимов.

Хилватшоҳ Маҳмуд, ҷомеашинос бар он назар аст, ки “барои комилан барҳам додани “дедовшина” дар қисмҳои низомӣ варианти беҳтарин ба роҳ мондани хидмати алтернативӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва ё ҳамон хидмати шартномавӣ аст. Дар сурати акс, вазъ ба гунае боқӣ мемонад, ки солҳои қаблӣ вуҷуд дошт. Ин падидаи номатлуб қариб дар ҳама кишварҳои пасошӯравӣ, ки Тоҷикистон низ шомили он аст, вуҷуд дорад. Дуруст аст, ки дар бархе кишварҳо, аз қабили давлатҳои Назди Балтик ва Гурҷистон ин мушкил барвақттар ҳал шуда, артиши онҳо артиши касбӣ шуда истодааст. Маргу мири аскарон (сарбозон) дар дохили қисми низомӣ новобаста аз он ки дар он вақт афсар дар қисм буд ё не, масъулиятро аз дӯши фармондеҳон (қумандонҳо) соқит наменамояд. Баробар ба муҷримин бояд афсарон низ дар назди қонун ҷавоб гӯянд. Зеро волидайн фарзандашонро барои ду сол ба хидмат мефиристанд ва ба афсарон бовар мекунанд, ки ҳаёти фарзанди онҳо зери хатар нест”.

Ин дар ҳолест, ки наздикони марҳум Ёдгорзода Абдуқаюм барои беназоратӣ ва бемасъулиятӣ аз болои афсарони қисми низомии Қушунҳои сарҳадии КДАМ дар ноҳияи Ванҷ, ки фарзандашон он ҷо хизмат мекард, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии кишвар шикоят бурдаанд. Онҳо аз мақомоти салоҳиятдор тақозо намуданд, ки ба чунин амалҳо дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон хотима дода шавад ва афсарони ин қисми ҳарбӣ ҳам ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, вале аз мақомоти Прокуратураи генералӣ ҷавоб гирифтаанд, ки пас аз санҷиш дар кирдори ягон афсари қисми ҳарбӣ ҳолатҳои ғайриқонунӣ ошкор нагардидааст.

Faraj.tj