Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Оиди шикояти зане аз шаҳри Кӯлоб нисбати кормандони шӯъбаи фаврии кофтуковии РВКД дар минтақаи Кӯлоб, ки беасос муқобили бародараш парванда боз кардаанд ва ба таври эҳтимоли шиканҷа кардан бародарашро маҷбур доранд гуноҳи нокардаро ба зима бигирад. Ҳамчунин, бо сабаби арзу шикояти ӯро қабул накардани додситони минтақа ва сари вақт ба додаш нарасидан мо паи таҳқиқи ин қазия шудем. Ин ҳам бошад Умрия Латипова, хоҳари гумонбар ва боздоштшуда Файзалӣ Латипов мебошад, ки эшон аз беадолатии милисаву додситони минтақа ва эҳтимоли шиканҷа шудани додараш ба Прокуратураи генералӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва ВКД номаи шикоятӣ ирсол кардааст, ки гунаҳгорон ёфта шуда, дар доираи қонун ҷазо бигиранд. Ҳамчунин нафарони бародари ӯро шиканҷа карда низ дар доираи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Бибиниссо Расулова – модари Файзалӣ Латипов мегӯяд, ки Файзалӣ ба ҳисоби фарзандон фарзанди шашуми хонадон аст. Ман 7 фарзанд дорам: 2 писар ва 5 духтар. Писаронам Файзалӣ калонӣ ва Шералӣ додараш. Файзалӣ мактаби миёнаро хонда хатм карда, соҳиби маълумоти миёна мебошад. Баробари мактаби миёнаро хатм кардан Файзалӣ гуфт, очаҷон ман ба Федератсияи Руссия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта кор карда, пул мефиристам, то ки зиндагии аҳли оиламонро хуб кунам. Агар ҷои корам нағз бошад, баъд омада ба ягон мактаби олӣ дохил шуда, сипас оиладор мешавам. Бори аввал вай ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Санкпетербурги Федератсияи Руссия рафта, якуним сол дар он ҷо кор карда омад ва ин маротиба ба шаҳри Москваи Федератсияи Руссия ба назди падараш ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт. Ҳамроҳи падараш вай дар фирмае кор мекард. Доимо телефонӣ ҳамроҳи ман сӯҳбат дошт. Ҳамеша дар андешаи додараш буд, ки вай бояд ба ягон мактаби олӣ дохил шуда, соҳиби маълумоти олӣ ва касбе шавад. Рӯзи 26 феврали ҳамин сол бемор будам дар хона, ки милисаҳо бехабар ба хонаам омаданд. Чанд рӯз пештар фарзанди падарам гузашта буд, тайёр шуда будам, дастархону табақам пур кардагӣ, барои дуо кардан рафтанӣ будам. Кормандони милиса манро маҷбур карданд, ки бархез идораи РВКД-и минтақа меравем. Нисбати писарат як, ду саволу ҷавоб ҳаст ҳамон саволҳоро медиҳем, баъд ҷавобат медиҳем ин якӯм маротиба буд. Ягон чизро хабар надорам, ҳар шаб баъди кор телефонӣ ҳамроҳи писарам ва падараш гап мезадам. Соати 12 – и шаб вақти Маскав ба вақти мо соати 2 – и шаб мешавад ман одат карда будам соати 2 занг мезаданд бедор шуда, ҳамроҳашон сӯҳбат мекардам. Писарам то шаб ҳамроҳи ман гап намезад хоб намерафт. Милисаҳо вақти ба деҳаамон рафтан одамони деҳарову кормандони ҷамоат вавакилро саволу ҷавоб карданд. Охир бачаи ман ин қадар сол ҷиноят содир накарда буд, дар фикри ватанаш буд ватанашро дӯст медошт. Манро ба идораи РВКД-и минтақа милисаҳо оварда гуфтанд, ки бачаи ту Сурия рафта омадааст. Ман гуфтам, ки писарҷон бачаи ман чӣ хел Сурия рафтааст, ки ҳар шаб ҳамроҳи ман телефони суҳбат мекунад. Ҳамчунин, вай ҳамроҳи падараш дар як ҷо кор мекунад ва дар як ҷо хоб ҳастанд. Баъд ман ба милисахона омада, вақте фаҳмидам дилам зад аз худ рафтам, саломатиам вайрон шуд. Ба ман об доданд бо худ омада, каме худамро тасаллӣ додам. Ҳамин ки ҳӯшёр шудам ҳамон замон ба падараш занг зада гуфтам, ки отаи Файзалӣ хаминхели гапу кор аст. Милисаҳо мегӯянд, бачаи ту ба нияти Сурия рафтан, то Туркия рафтааст ва аз он ҷо аз роҳаш гашта омадааст. Вай гуфт, ки писари ман ҳеҷ ҷо нарафтааст вай доим ҳамроҳам, агар писари ман биравад ман намедонам? Файзалӣ ҳоло ҳам ҳамроҳи ман дар кор аст. Шаб вақте писарам мисли ҳардафаъина меояд, телефон мекунад мепурсад мегӯяд, - Очаҷон чӣ гап аст? Ман мегӯям, - Бачаҷон ҳамин хели гапу кор. Файзалӣ занг зада, тариқи ИМО телефон бо коркунони ҷамоат оиди ҳамин масъала суҳбат мекунад. Яъне сӯҳбати видеоӣ мекунад. Дар вақти сӯҳбат бо кормандони ҷамоат мегӯяд, ки ман ягон хиёнаткор нестам ман нисбати модар ватан хиёнат накардаам. Ман ватанамро дӯст медорам модарамро дӯст медорам. Ман намехоҳам, ки оби дидаи модари тоҷик занҳои тоҷикистонӣ бирезад. Ман ҳозир чиптаи ҳавопаймо гирифта меоям. Рӯзи 27 феврал, ки якшанбе буд ман милисахона омада, ба милисаҳои пурсида гуфтам, писарам чиптаи ҳавопаймо гирифтааст ва фардо 28 феврал ба хона меояд. Ман гуфтам, писари ман ягон гуноҳ надорад. Аввал гуноҳи Файзалии манро аниқ кунед баъд, агар исбот шуд метавонед вайро ҷазо бидиҳед. Кормандони милиса гуфтанд, вай гунҷишк аст мо маҳкамаш мекунем, суолу ҷавоб мекунем ҷавобаш медиҳем. Мо саҳар барвақт ба фурудгоҳ омада пасарамро гирифтем. Ягон корманди мақомоти қудратӣ дар атрофи мо чарх намезад. Худам як рӯз пеш ба милисахона омада, ба Одинаев Муҳаммад ном корманди фаврӣ ҷустуҷӯӣ буд фаҳмонидам. Гуфт майлаш биёяд хола мо баёноташро мегирем ҷавобаш медиҳем. Мо аз фурудгоҳ писарамро гирифта, рост ба идораи РВКД-и минтақа омадем. Дигар аз милисахона бачаамро ҷавоб надоданд. 72 соат писарамро дар милисахонаи минтақа беасос, бе ягон далел манъ карданд. Боз аз ин ҷо ба ШВКД-и ноҳияи Фархор барои рӯ ба рӯ кардан бурданд. Он ҷо ҳам рӯ ба рӯ накарданд 10 рӯз дар он ҷо ҳам боздошташ карданд. Баъд аз он ҷо оварда, дар СИЗО-и Кӯлоб маҳкамаш карданд. Дар рафти мурофиаи суди ба мо маълум гардид, ки ҷавони фархорӣ Аваз Юсупов соли 2016 ҳамроҳи писари ман дар Москав шинос шуда будаст. Файзалӣ мегӯяд, як рӯзи боронӣ дар қади кӯча ногаҳ ман Авазро дидам, ки аз сару либос ва пойафзолаш об рехта истодааст. Ҳолашро дида, дилам сӯхт ва аз ӯ пурсидам бародар ту аз куҷоӣ? Вай гуфт, - Ман аз ноҳияи Фархор ҳастам. Писарам мегӯяд, ман ба Аваз гуфтам, ки ман аз Кӯлоб ҳастам биё биравем хонаи мо, ман ба ту сару либоси хушк медиҳам, либосҳои таратро иваз кун набошад бо чунин аҳвол касал мешавӣ. Писарам нақл кард, ки Авазро гирифта, ба ҷои хобамон оварда, сару либосашро иваз карда, пойафзолаш додам. Дар макони ман нишаста сӯҳбат намуда, ҳардуямон сурат гирифтем. Дар расм ҳардуяшон кӯтоҳак риш доранд. Файзалӣ мегӯяд Аваз гуфт ман хона меравам, барои хотира биё як сурат бигирем ту манда некӣ кардӣ. Сурат гирифтанд ҷавони фархорӣ моҳи октябри соли 2017 аз Маскав ба Тоҷикистон депорт мешавад. Ба хона меояд, баъди чанд рӯз бо даъвати комисариати ҳарбии ноҳияаашон вай ба хизмати аскарӣ даъват мешавад. Ростӣ мо бо ҷавони фархорӣ ва волидайнашу хешу таборонашон дар рафти мурофиаҳои судӣ шинос шудем, набошад аз куҷо мо ин бечораҳоро мешинохтем. Баъд фаҳмидем, ки бо шоҳидии ҳамин Аваз Юсупов Файзалиро оварда суолу ҷавоб карда будаастанд. Аз пушти Аваз бачаи манро оварда маҳкам кардаанд. Авазро аз кисми ҳарби, ҷои хизматаш дарсгир карда ба Кӯлоб овардаанд ва дар қувваи барқ гирифта боз чандин ҷазои бераҳмонаи дигареро ба ӯ карданд, то ки гуноҳро ба зима бигирад гуфта, ҳамаи инро дар суд бо забони худаш нақл кард. Чӣ қадаре азобам доданд, ки ҳамин бачаи бегуноҳро гунаҳгор ҳаст гуфта шоҳидӣ бидиҳам. Баъд вақте, ки мурофиаи судӣ мешавад, муфатиши ШВКД ноҳияи Фархор Муҳаммадбашир Салимовро ба мурофиа даъват мекунанд. Ман ҳамин қадар фаҳмидам, ки ҳамин Юсупов Аваз шоҳиди додаст, ки мо ҳамроҳи Латипов Файзалӣ ба нияти ҷиҳод Туркия рафтем ва то сарҳади Сурия рафта аз он ҷо ягон чиз нашуд мо гашта омадем.
Баъд дар рафти мурофиаи суди, адвокату судья аз ӯ пурсиданд, ягон сабти овоз ва ё далели дигар доред? Гуфт фақат салом алекум алекат ба салом. Баъд суд хандид, гуфт шумо одамора ба салом алек маҳкам мекунен? Пурсиданд, ки ин бо ягон лидер ва ё шахсиятҳои шинохтаи ДИ сурат дорад? Посух дод, ки не. Боз суол карданд, хайр чӣ дорад? Посух шуниданд, ҳеҷ чиз. Судяи парвандаи писари ман Баҳром Маҷидзода аст. Парвандаи ҳардуяшонро судяи суди минтақаи Кӯлоб дида истодааст. Писарам Латипов Файзали мегӯяд, худаш, ки манро “оперативники РВКД дар минтакаи Кулоб” Одинаев Муҳаммад ҳамроҳи ду, се нафари дигар шиканҷаам доданд. Аваз мегӯяд, азобам доданд, светда монданд бисёр шиканҷаам карданд, ки гуноҳро ба гардан бигир. Бигу ки Латипов Файзалӣ ҳамроҳи ман буд. Ҳамин қадар мегӯяд, ки ба чизе дар паси калаам як то заданд тамом. Авазро низ барои писари ман шуда шиканҷаи зиёд доданд.
Бинобар ҳамин қазия духтари ман Латипова Умрия ба Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон барои дастрас намудани ёрии ҳуқуқӣ мурочиат намуд. Адвокат Шарипов Абдураҳмон, ки аз ҷониби ТҶ “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”, ки аъзои Эътилоф мебошад, Ариза дар борам содир шудани ҷиноят дар намуди шиканҷа омода карда шуда барои ҳифзи ҳуқуқҳои фарзандам ба суд супорида шуд.
Писари манро бо як китоби ғафс аз пушти сараш задагӣ ҳастанд. Файзалии ман зарари равонӣ гирифт. Писараи Латипов Файзали, ҳоло ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ наомада нисбаташ бо моддаи 401 (Зархаридӣ) Кодкеси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда милитсия оғоз карданд.
Умрия Латипова, хоҳари Файзалӣ Латипов:
- Модарам аз хона ба ман занг зада гуфт, ки нисбати бародарат Файзалӣ ҳамин хел гап аст. Ба вай посух додам, ки ман ба Кӯлоб меоям. Макони зист ва ҷои корам дар шаҳри Душанбе мебошад. Ман суханони модарамро шунида, ба додарам ба Маскав тариқи ИМО занг зада гуфтам, ки додарҷон ана ҳамин хели гап аст, хеста биё. Вай дар ҷавоб гуфт, ки ин хели гап нест, ҳамааш дуруғ аст ба суроғаи ман ва барои ана ҳамин корро дуруғ буданаш ба Тоҷикистон бармегардам. Додарам, ки ҳамроҳи падарам кор мекунад чиптаи ҳавопаймо гирифта, рӯзи дигараш ба ватан омад. Ман бошам рӯзи омаданашро хабар надоштам. Рафту агар ман омаданашро пешакӣ хабар медоштам аввал барояш адвокат мегирифтам, пеш аз ӯро бурда маҳкам кардану пурсидани кормандони фаврии ҷустуҷӯӣ адвокати гирифтаи ман бо ӯ ҳамсӯҳбат мешуд, ки ҳамаи ин саргардониҳо асос доранд, ё надорад, ки бачаро роҳи дароз аз Маскав даъват карда оварданд. Кормандони фаврии ҷустуҷӯии минтақаи Кӯлоб модарамро гуфтанд, мо баёноташро мегирем ва ҷавобаш медиҳем. Ҳамин тавр модарам ҳамроҳи додарам рафта, Файзалиро дар фурудгоҳ пешвоз гирифта ба идораи РВКД минтақаи Кӯлоб оварда, пурсиданд ва дигар ҷавобаш надоданд.
Адвоаат Абдураҳмон Шарипов, мегуяд “вақте омада ба парвандаи ҷиноятӣ шинос гаштем. Дар ШВКД ноҳияи Фархор бо муфаттиш Муҳаммадбашир Салимов сӯҳбат намудем. Ҳамаро дида, омӯхта сӯҳбат кардам, ва аз суханони зерҳимояам муайян гардид, ки нисбаташ шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона бо мақсади маҷбур сохтан барои додн\ани нишондоди худиқрори, истифода гардидааст.
Баъд мо нисбати шиканҷа дархост карда будем, ки санҷиши прокурорӣ таъин карда шавад. Санҷиши прокурориро таъин карданд лекин, суд таъин карда буд, ки санҷиши прокурорӣ аз тарафи Прокуратураи генералӣ гузаронида шавад. Зеро, дархости кардаи мо чунин буд. Прокуратураи генералӣ бошад худаш санҷиш нагузаронида иҷрои ин санҷишро ба прокуратураи минтақаи Кӯлоб фиристодааст. Як прокурор ва як суд эксперт ду нафар даромада фақат беруна изҳои баданро нигоҳ карданд, ягон изи лату куб нест. Баъди гузаштани чор моҳи ҳабс, ҳарчанд, ки ман барвақт мактуб ва дархост оиди гузаронидани ташхиси тиббӣ карда будам. Инҳо худашон ҳамин хел дидаву дониста ташхиси тиббиро кашол медиҳанд. Ҳозир ба парванда ташхиси равоншиносӣ таъин карда буданд. Ташхис гузашт ва коршиносони ташхиси равоншиносӣ Латипов Файзалиро мукалаф этироф карда, эълон намуда равон карданд. Лекин мо аломатҳои аз ҷиҳати психологӣ зарар гирифтани Латиповро ҳоло ҳам мебинем.
Маҷидзода Баҳром судяи суди минтақаи Кӯлоб. Судяи парвандаи Латипов Файзалӣ ва Юсупов Аваз:
- Бо сабаби тамом нашудани баррассии парвандаи мазкур ман чизе нисбати ин парванда гуфта наметавонам. Нисбати шиканҷа шудан, ё нашудани гумонбаршудагон Файзалӣ Латипов ва Аваз Юсупов хулосаи коршиносони тиббӣ нишон медиҳад, ки ҳар ду шиканҷа нашудаанд. Ба ман ба ҳайси судяи ин парванда чӣ дархосте, ки аз ҷониби адвокат шудааст ман ҳамаи дархостҳои эшонро дар доираи қонун қабул карда, қаноатбахш кардаам. Масалан, дар масъалаи гузаронидани ташхиси тиббӣ оиди шиканҷа дархост буд ман ин дархостро қаноатбахш кардам, дархост оиди талаби коршиносони равоншинос буд ин дархости адвокат қаноатбахш карда шуд. Ҳамчунин дархост оиди даъвати муаффатиш буд ман ин дархости онҳоро низ қаноатбахш намудам. Бегуноҳ будан ва ё набудани гумонбарон дар мурофиаи ниҳоӣ, баъди муаян кардани хулосаи ниҳоии охирон маълум мешавад, ки дар машваратхонаи суд муаян мекунанд. Дигар ман нисбати ин парванда чизе гуфта наметавонам.
Муҳаммадбашир Салимов – муфатиши собиқ ШВКД ноҳияи Фархор, алҳол муфатиши РВКД минтақаи Кӯлоб:
- Дар масъалаи парвандаи Ф.Латипов ба он кас ба ҳайси муфатиши ин парванда хостем сӯҳбат намоем. Он кас посух дод, ки парванда ба суд ирсол шудааст ва муддати чандест дар дасти судя мебошад ва метавонед аз суд оиди пурсишҳоятон посух бигиред. Ба пурсиши шиканҷа шудан ва ё нашудани Файзалӣ Латипов он кас посух доданд, тибқи хулосаи тиббӣ вай шиканҷа нашудааст.
Ба суроғи корманди фаврӣ ҷустӯҷуии РВКД минтақаи Кӯлоб Муҳаммад Одинаев чанд маротиба ба ҷои кори доимиаш рафтам. Посух як то, он кас дар ҷои кор нест, баромадааст. Баъдан посухи навбатӣ, он кас як моҳа ба курси омӯзиш рафтааст.
Билоли Шамс, аз шаҳри Кӯлоб