Вакили Ҳикоятов: "Шиканҷаварон озоданд ва ба тафтишот халал мерасонанд"

Вакили дифои Умед Ҳикоятов, ҷавоне, ки мегӯяд аз сӯи кормандони пулис шиканҷа шудааст, аз додситонӣ талаб кард, ду корманди пулиси гумонбар дар қазия паси панҷара кашида шаванд.

Ба гуфтаи вакили дифоъ, ин кормандони пулис бо ҳар роҳу усул Ҳикоятов ва наздикони ӯро маҷбур доранд то аз даъвояшон даст кашанд. Умед Ҳикоятов даъво дорад, ки ду корманди ШКД-и ноҳияи Фирдавсӣ ӯро мавриди латукӯб қарор дода, "ҳаёташро сӯзонданд".

"Агар тафтишот ин хел равад, милисаҳо мумкин бегуноҳ бароянд"

Гулчеҳра Холматова, узви Эътилофи зидди шиканҷа ва вакили дифои Умед Ҳикоятов мегӯяд, зерҳимоя ва наздикони ӯ аз рӯзи оғози парвандаи ҷиноятӣ зери фишори ду корманди пулис қарор доранд, то аз даъвояшон даст кашанд.

Қазияи латукӯби Умед Ҳикоятов нигарониҳои зиёдеро дар пай дошт. Фаъолони ҷомеа ва садҳо корбари шабакаҳои иҷтимоӣ тақозо карданд то омилони латукӯби ин ҷавон сахт муҷозот шаванд.

Дар латукӯби Умед Ҳикоятов ду корманди пулис Зубайд Сангинмуродзода ва Додаров С. муттаҳам мебошанд. Нисбати онҳо бо қисми сеюми моддаи 316 ё "баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ", парванда боз шудааст. Бо ин гумон ба онҳо аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад. Вале феълан онҳо бо шарти берун нарафтан аз ҷойи зист озод ва сари коранд.

Гулчеҳра Холматова, вакили дифои Умед Ҳикоятов мегӯяд, аз рӯи қонунгузорӣ ин кормандони пулис бояд ба ҳабси пешакӣ гирифта шаванд ва набояд дар озодӣ бошанд. Маҳз озод будани ин ду корманди пулис, ба гуфтаи Холматова, ба тафтишот халал расонда истодааст.

"Ин кормандони милиса талош доранд ба Умед Ҳикоятов ва наздикони ӯ таъсир расонанд. Ҳатто як ҳамкори собиқи худро аз Ишкошим назди Ҳикоятов фиристодаанд ва ин корманди собиқи милиса гуфтааст, ту фикр мекунӣ агар ин одамро маҳкам кунанд, ту ҳамту мегардӣ? Аз саршавии парванда зӯроварӣ карда истодаанд. Боз гуфтаанд, ки Сангинмуродзода панҷ фарзанд дорад",-таъкид кард вакили дифоъ.

Гулчеҳр Холматова мегӯяд, аз он нигарон аст, ки дар ниҳоят кормандони пулис бегуноҳ мебароянд. Хонум Холматова аз таҷрибаи худ гуфт, қаблан чандин ҳолате буд, ки нисбати кормандони пулис ба иттиҳоми шиканҷа парванда боз шуд, вале дар ниҳоят онҳо ҷазо нагирифтанд.

"Аз кор ронда нашудаанд"

Вакили дифои Умед Ҳикоятов дар ҳоле аз фишор ба зерҳимояаш шикоят дорад, ки мақомот мегӯянд, ду корманди милиса ҳанӯз кори худро идома медиҳанд.

Рӯзи 10-уми апрел дар Раёсати корҳои дохилии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ин бобат мунтазири хулосаҳои санҷиш мебошанд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, танҳо баъди натиҷаи экспертиза тасмими ниҳоӣ дар бораи Зубайд Сангинмуродзода ва Додаров С. гирифта мешавад.

Муфаттиши парвандаи Умед Ҳикоятов ҳам бо далели "сирри тафтишот" нахост дар ин бора ҷузъиёти бештар бидиҳад.

Қазияи латукӯби Умед Ҳикоятов, сокини 38-солаи шаҳри Душанбе нигарониҳои зиёдеро дар пай дошт. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва садҳо корбари шабакаҳои иҷтимоӣ тақозо карданд то омилони латукӯби ин ҷавон сахт муҷозот шаванд.

Умед Ҳикоятов рӯзи 10-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҷараёни тафтишот розӣ нест. Чун ба гуфтаи Умед, ҳамарӯза ба даҳҳо маротиба занг зада, мехоҳанд то ӯ аз даъвояш даст кашад. Ҳамсуҳбати мо гуфт, ташхиси ахир нишон дод, ки ба ҷуз аз олотҳои мардинагиаш, як устухонаш низ аз латукӯби шадид осеб дидааст.

"Як ҳамшаҳриамонро миёнарав кардаанд, ки ман аз даъвоям даст кашам. Заданд, маъюб карданд, боз онҳо бегуноҳ будаанд. Боз пурсиданд, ки пеш бемории грижа доштӣ ё не. Гӯё ман бемории грижа доштам, ман дар ҳаётам инхел бемор набудам. Инхелӣ на кор пеш равад, на чизи дигар, албатта онҳо бегуноҳ мебароянд",-афзуд Ҳикоятов.

"Ҳаётамро сӯзонданд"

Умед Ҳикоятовро рӯзи 31-уми марти имсол бо нишонаҳои "осеби пӯшидаи моядон" ва "кафидани мояҳои чапу рост" ба бемористон бурда шуд. Ӯ мегӯяд, ду нозири минтақавӣ ӯро шиканҷа карданд ва "ҳаёташро сӯзонданд".

Ҳодиса баъди соати 9-и субҳи 31-уми март рух дод ва ӯ дар ҳолате боздошт шуд, ки оби ҷав нӯшида буд. Ба қавли Ҳикоятов, баъди латту кӯб шудан дар идораи нозири минтақавӣ ӯро ба шуъбаи наркологӣ ва баъди он ба ҳушёрхона бурдаанд. Дар ҳушёрхона, ба гуфтаи Ҳикоятов, ӯ дигар аз ҷояш хеста натавонист, чун олоти мардиаш пурра варам карда буд.

Аммо масъулини Шӯъбаи корҳои дохилии Фирдавсӣ гуфтанд, ки Умед Ҳикоятов барои "вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳолати мастӣ" боздошт шуда буд, вале шиканҷа ва латту кӯбашро рад мекунанд.

Зимнан ин бори аввал нест, ки кормандони пулиси Душанбе ба шиканҷаи боздоштшудаҳо муттаҳам мешаванд. Ҳарчанд, аксари ин ҳодисаҳо дар ниҳоят ҳамчун шиканҷа тафтиш намешаванд.

Моҳи феврали имсол додситонӣ ба зидди чаҳор афсари Раёсати корҳои дохилии Душанбе барои баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ ва шиканҷа парвандаи ҷиноӣ боз карда буд. Ин афрод бо шумули муовини сардори Шӯъбаи кофтукоби ҷиноии Раёсати корҳои дохилии Душанбе ба шиканҷаи як сокини пойтахт ва сӯистифода аз мақом муттаҳам мешаванд.

Ҳомиёни ҳуқуқ шиканҷа ва бадрафториро аз мушкилиҳои аслӣ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон медонанд.

ozodi