Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ дар нисбати чаҳор афсари милисаи Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанберо анҷом дода, бо айбдорӣ ба моддаи 143 прим 1, "шиканҷа", ба додгоҳи пойтахт ирсол доштааст.
Як манбаи наздик ба тафтишоти парвандаи ҷиноӣ нисбати кормандони милиса дар Додситонии кул рӯзи 18-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, бар пояи ин қазия Фарҳод Нурхонов, муовини сардори Шӯъбаи кофтукови ҷиноӣ дар раёсати умури дохилии Душанбе, Аваз Сабзаев ва Икромиддини Аҳлиддин ва як нафари дигар, ки тафтишот номи ӯро ошкор накардааст, бо шиканҷа айбдор дониста мешаванд.
Манбаъ афзуд, дар авоили ҳафтаи равон парвандаи ин чаҳор корманди милисаи Раёсати корҳои дохилии Душанбе ба додгоҳ фиристода шуд.
Таҳқиқ алайҳи кормандони милиса пас аз гузориши видеоии Радиои Озодӣ оғоз шуд ва навор сабаб гашт, ки шумори бештари ҷабрдидаҳо бо шинохтани муттаҳамон, ба додситонӣ муроҷиат кунанд.
Ҳамза Солеҳов, яке аз ҷабрдидаҳо дар сӯҳбат ба Радои Озодӣ гуфт, пас аз оғози тафтишот аз тарафи Додситонии кул, шумораи шаҳрвандоне, ки дар нисбати ин кормандони пулис расман шикоят оварданд, ба 17 нафар расид. Онҳо низ аз зӯроварӣ ва латукӯб шуданашон аз сӯи ин афсарони милиса шикоят карданд.
Ба гуфтаи ин ҷабрдидаҳо, яке аз шоҳидони ин қазия Хуршед Абдуҳалимов дар натиҷаи фишори кормандони милиса Тоҷикистонро тарк намудааст. Ин ҷабрдидаҳо ҳамзамон мегӯянд, ки ҳоло аз сӯи наздикони ин афсарони муттаҳам ба шиканҷа зери фишор ҳастанд, то шикоятҳои худро бозпас бигиранд.
Тавре аз ҷараёни тафтишот маълум шудааст, ин корманднои милиса бо ифтитоҳи парвандаи сохта дар нисбати як сокини Душанбе, аз ӯ ҳазорон доллар ришва хостаанд. Мақомоти тафтишотӣ дар моҳи январи соли равон се тан аз ин кормандони милисаро дастгир карданд ва подполковник Фарҳод Нурхонов баъдтар боздошт шуд.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон авоили соли ҷорӣ дар посух ба суоли катбии Радиои Озодӣ дар робита ба ин қазия гуфт, "нисбати онҳо аз тарафи прокуратураи шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, тафтишот идома дорад ва аз рафти тафтиши ин парванда худи прокуратура метавонад, ба шумо иттилоъ диҳад".
Ҳамза Солеҳов, яке аз ҷабридидаҳо қаблан зимни сӯҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "маро нерӯи барқ монданд, то ба ҳадде ки чашмонам аз сарам мебаромад". Муфаттиши додситонӣ дар қарор чунин навиштааст, "нисбати Солеҳов Ҳамза бо истифодаи қувваи барқ шиканҷаро раво дида, боз ба қисмати рӯй ва гӯшаш ҷароҳат расонида", аз ӯ дар бораи эътирофи иттиҳом дар баёнот имзо гирифтаанд.
Ҳамза Солеҳов аксҳоеро ба Радиои Озодӣ нишон дод, ки дар он осори ҷароҳат дар гӯш ва дигар аъзои баданаш дида мешуд. "Дастонам дар пушт баста буд, дар болоям одам баромада ва ба нерӯи барқ монданд. Ҳис кардам, ки нерӯи барқ мезанад, дод задам, ба даҳонам скоч бастанд, то садоямро дигарон нашунаванд."
Ҳамза Солеҳов гуфт, ба ҳадде ӯро азоб доданд, ки розӣ шуд, зери ҳар санад имзо мегузорад ва имзо ҳам гузошт.
Дар санади додситонӣ ҳамчунин гуфта шудааст, ки ташхиси судиву тиббии Ҳамза Солеҳов дар рӯзи 12-уми январ нишон додааст, ки дар воқеъ Ҳамза Солеҳов аз чанд ҷояш ҷароҳат бардоштааст ва зоҳиран баъзе аз аломатҳои захм аз таъсири нерӯи барқ аст.
"Ҷароҳатҳои ангушти дастон ва думбаи тарафи рост дар бадани Ҳамза Солеҳов эҳтимолан аз таъсири ҷараёни барқ мебошад",-омадааст дар матни додситонӣ.
Дар қарор омадааст, ки Умед Ваҳҳобов ба Хуршед Абдуҳалимов ваъда медиҳад, ки дар ивази 2000 доллар метавонад, худи ӯро комилан аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кунад ва парвандаи додарарӯсашро сабуктар созад.
Муфаттиши калон барои ришвахорӣ боздошт шудааст ва дар утоқи кориаш, 1600 доллареро пайдо кардаанд, ки ба гуфтаи додситонӣ рӯзи 11-уми январ аз Хуршед Абдуҳалимов ситонидааст.
Ҳамакнун ин парванда ба Додгоҳи шаҳри Душанбе ирсол шудааст ва дар назар аст, ки рӯзҳои наздик додраси парванда таъйин шуда ва мурофиа низ оғоз шавад.
Дар чанд моҳи охир мавориди дигари шиканҷа, ба мисли латту кӯби як зан ва як мард аз ҷониби маъмурони милиса дар Душанбе ва дар боздоштгоҳ қасди худсӯзии зани 68-сола дар ноҳияи Айнӣ ба матбуот роҳ ёфт.
Бино ба қонунҳои Тоҷикистон шиканҷа ҷиноят аст ва афроди муттаҳам ба шиканҷа бо хатари ҳукми тӯлонии зиндон рӯбарӯ ҳастанд. Аммо дар зиндагии воқеӣ ин модда дар ҳолатҳои хеле кам татбиқ мешавад