Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Равшан Азизов, сокини 21-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, баъд аз ду моҳи даъват ба артиш ва хидмат дар қисми "0438"-и нирӯҳои марзбонӣ дар шаҳри Хоруғ бар асари беморӣ даргузаштааст.
Мақомот мегӯянд, ӯ саратони гулӯву бинӣ буд. Пайвандонаш иддао доранд, ки Равшан Азизов пеш аз рафтан ба артиш ҳеч дард надошт ва зоҳиран дар шароити, ба гуфтаи онҳо, бади хидмат мариз шудааст. Коршиносон мепурсанд, ки агар ин ҷавон бемор буд, чаро ҳангоми фиристодан ба артиш табибон дақиқ накарданд.
Азизовро моҳи октябри соли 2019 ба хидмати ҳарбӣ фиристодаанд ва ӯ рӯзи 17-уми декабр дар бемористон даргузашт. Мақомоти Додситонии ҳарбии Тоҷикистон ба падари сарбоз гуфтаанд, ки марги ӯро таҳқиқ мекунанд.
Уктамҷон Исоев, падари сарбоз, рӯзи 5-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, гузашта аз ин, Равшан Азизов писари ягонаи оила буд ва мақомот ҳақ надоштанд, ӯро ба артиш фиристанд. Комиссариати ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳанӯз моҳи августи соли 2019 дар як санад тасдиқ кардааст, ки Азизов писари ягонаи хонавода аст. Нусхаи ин санад дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст.
Бар асоси қонун дар Тоҷикистон писарони ягонаи оилаҳо ба хидмати ҳарбӣ ҷалб карда намешаванд, аммо маълум нест, ин ҷавон чӣ гуна ба артиш бурда шудааст. Уктам Исоев иддао дорад, ки писарашро бо фиреб ва маҷбурӣ ба артиш фиристодаанд ва талошҳояш барои бозгардондани ӯ бенатиҷа буд.
"Моҳи октябр ба писарам хабар додаанд, ки ба ӯ ҳамчун писари ягонаи оила санад медиҳанд. Вақте ба комиссариати ҳарбӣ рафтааст, ӯро ба хидмат фиристодаанд. Писарам сиҳат буд ва ҳеч шикоят надошт," -- мегӯяд ӯ.
Ба нақли ин сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, баъди бемор шудан писарашро аввал дар шифохонаи ҳарбии Душанбе, "Қарияи Боло" ва дертар дар бемористони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бистарӣ кардаанд: "Аҳволаш хеле вазнин буд. Дандонҳояш варам карда буд ва хӯрок хӯрда наметавонист. Пизишкон ошкоро чизе намегуфтанд. Фақат ишора мекарданд, ки бемориаш ҷиддӣ аст. Як вақт бемории роҳи нафас гуфтанд. Сардӣ ва шароити сахти хидмат ӯро ба беморӣ гирифтор кардааст. Агар сари вақт муолиҷа мекарданд, шифо меёфт."
Масъулони комиссараити ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 3-юми январ дар бораи чӣ тавр ба артиш фиристодани Равшан Азизов суҳбат накарданд. Як масъули комиссариат, ки худро полковник Абдухолиқов муаррифӣ кард, гуфт, бояд номаи расмӣ пешниҳод кунем. "Ҳоло чизе гуфта наметавонем. Нома фиристед, мебинем ва маълумотро дақиқ мекунем," – гуфт ӯ дар суҳбати телефонӣ.
Ҳасанҷон Шералиев, раиси ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Радиои Озодӣ гуфт, аз марги Равшан Азизов хабар доранд, вале чӣ гуна ба артиш рафтани ӯро намедонанд. "Модараш вафот кардааст, бачаи ятим буд. Ӯро ба хидмат бурданд ва вақти зиёде нагузашта, гуфтанд, ки бемории саратон шудааст," -- илова кард ӯ.
Дар яке аз ташхисҳои тиббии Равшан Азизов, ки Маркази ҷумҳуриявии саратоншиносии Вазорати тандурустии кишвар аз он иқтибос овардааст, бемории ин ҷавон “саратони гулӯ ва бинӣ” навишта шудааст.
Бори аввал нест, ки пайвандони сарбозон аз тарзи, ба гуфтаи онҳо, нодурусти ҷалби фарзандонашон ба артиш ва ҳолатҳои бемориву марги онҳо ҳангоми хидмати ҳарбӣ шикоят мекунанд.
Дилрабо Самадова, раиси созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, гуфт, дар соли 2019 расман 6 ҳолати марги сарбозонро дар артиш сабт кардаанд. Ӯ гуфт, дар асл ин омор метавонад аз он бештар бошад. “Аксари инҳо ба ҳолатҳои шиканҷа дар қисмҳои ҳарбӣ рост меоянд,” – шарҳ дод ӯ.
Самадова мегӯяд, дар сурати муроҷиати наздикони Равшан Азизов омода ҳастанд, ба ин хонавода кумаки ҳуқуқӣ расонанд.
Дар пайи нигарониҳо аз шеваи ҷалби ҷавонон ба артиш, моҳи ноябри соли 2019 дар Вазорати дифои Тоҷикистон гуфта буданд, камбудҳо дар ҳузури муовини нахуствазир Азим Иброҳим баррасӣ хоҳанд шуд. Бо гузашти беш аз як моҳ аз анҷоми нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон аз баррасии шикоятҳое, ки замони даъвати ҷавонон борҳо расонаӣ шудаанд, хабаре нест.
Дар Тоҷикистон даъват ба хизмат дар артиш соле ду бор -- баҳору тирамоҳ -- сурат мегирад ва дар ҳар даъват ҳазорҳо ҷавони аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд.
Вазорати дифои Тоҷикистон пайваста таъкид мекунад, ки дар муқоиса ба солҳои пеш шароити хидмати ҷавонон дар артиш беҳтар шудааст ва шумораи онҳое, ки ихтиёрӣ ба хидмат мераванд, афзудааст. Аммо сокинону таҳлилгарон ҳамвора аз вуҷуди ҷалби маҷбурии ҷавонон, омилҳои коррупсионӣ, шиканҷаву муносибати сард ва шароити бад дар қисмҳои ҳарбӣ ва набуди имтиёзҳои кофӣ барои сарбозон шикоят мекунанд.