Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Суди ноҳияи Ёвон 24-уми июл баррасии дубораи парвандаи собиқ нозири минтақавӣ Машраф Алиевро, ки бо ҷурми шиканҷа нисбат ба як ноболиғ айбдор дониста мешавад, оғоз кард. Аммо дар рафти мурофиа раисикунандаи суд Иброҳим Қурбонов бо дархости ҳимоятгари судшаванда худро аз баррасии парванда канор гирифт.
Вакили мудофеи судшаванда Акбар Ҳасанов бовар дорад, ки парвандаи мазкур набояд дубора дар суди ноҳияи Ёвон баррасӣ шавад, чунки ба андешаи ӯ, суди мазкур дар содир шудани ҳукми одилона манфиатдор нест.
«Ин парвандаро як сол қабл ҳамин суд зери раисии Шодмон Алиев дида баромада, нисбат ба зерҳимояи ман ҳукми ноодилона ва ғайриқонунӣ бароварда буд. Баъдан раиси Суди олӣ ба ин ҳукм розӣ нашуд ва дар асоси он коллегияи Суди вилояти Хатлон оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ҳукми суди ноҳияи Ёвонро бекор карда, онро ба тафтишоти дубора баргардонд. Мутаассифона, он супоришҳоеро, ки суд ба тафтишоти иловагӣ дода буд, муфаттишон иҷро накарданд. Зерҳимояи ман дубора айбдор дониста шуд ва парванда ба суди ноҳияи Ёвон ирсол гардид», - афзуд ҳимоятгар.
Бинобар ин, Акбар Ҳасанов бо дархости рад шудани баррасии қазияи мазкур аз ҷониби суди ноҳияи Ёвон муроҷиат кард ва судя онро қабул дошт. «Бигзор парвандаро суди дигар ноҳия ё суди вилоят ба баррасии худ қабул кунад», - изҳор дошт Ҳасанов.
Аммо вакили дифои ҷабрдида Умед Ниёзов, ки хизмати ройгони ӯро Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак» таъмин кардааст, аз ин дархости Ҳасанов ва таъиноти судя оид ба он изҳори нигаронӣ карда, мегӯяд, ки ин таъинот ғайриқонунӣ аст.
«Ҳимоятгари судшаванда дар дархости пешниҳодкардааш банди 6-и қисми 1-и моддаи 61-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ (Ҳолатҳое, ки иштироки судяро дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ истисно мекунанд)-ро асос оварда, мегӯяд, ки судяи ноҳияи Ёвон дар баррасии парвандаи мазкур наметавонад объективӣ бошад. Чунки раисикунандаи қаблии парванда раиси суди ноҳия буд ва раисикунандаи навбатӣ зертобеи ӯст. Аммо ин даъво асос надорад, чунки мутобиқи талаботи моддаи 87-и Сарқонуни ҶТ судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст», - таъкид сохт Умед Ниёзов.
Айни замон ҳимоятгари ҷабрдида тасмим дорад, ки аз болои таъиноти хусусии судяи ноҳияи Ёвон ба суди болоӣ шикоят барад.
Ёдовар мешавем, ки сокини ноболиғи деҳаи Кулободи ҷамоати Чоргули ноҳияи Ёвон 29-уми апрел дар манзили истиқоматиаш дар ҳоли худро ба дор овехтан пайдо карда шуд. Наздиконаш писарбачаро аз банд берун оварда, дар ҳолати вазнин ба беморхона бурданд. Тафтишот муайян сохт, ки чанде қабл корманди милисаи маҳаллӣ бо гумони даст доштан дар дуздӣ, ӯро ба утоқи кориаш даъват намуда, писарбачаро таҳқиру дашном дода, ба хотири гирифтани гувоҳии иқрорӣ латукӯб кардааст. Бино ба маълумоти тафтишот, ноболиғ баъд аз муносибати дағалонаи корманди милиса даст ба худкушӣ задааст.
7-уми сентябри соли 2012 додгоҳи ноҳияи Ёвон Машраф Алиевро гунаҳкор дониста, ба 7 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард. Аммо додгоҳи вилояти Хатлон дар асоси эътирози раиси Суди олии ҶТ ҳукми додгоҳи Ёвонро бекор кард, зеро ба ақидаи ӯ, ҳукм нисбат ба Машраф Алиев сабук аст. Бо назардошти эътирози мазкур парвандаи ҷиноятӣ ба тафтиши дубора фиристода шуд.