Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Чанд корманди милиса ва афсари комиссариати ҳарбии Шаҳринав барои ҷалби, ба гуфтаи мақомот, ғайриқонунии сокини ин ноҳия Иброҳим Ниёзов ба артиш ҷазо гирифтаанд. Ба гуфтаи Додситонии ҳарбии Тоҷикистон, Ниёзов ду моҳ пеш барои хидмат ба қисми ҳарбии "0332"-и нирӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Панҷ фиристода шуда, бинобар беморӣ ҳамагӣ як рӯз хизмат кардааст ва ҳоло дар бемористон аст. Пайвандонаш мегӯянд, ӯ то замони ҷалб шудан ба артиш солим буд ва ҳеч беморӣ надошт.
Посухи додситонӣ ҳафтаи гузашта ба номи Радиои Озодӣ фиристода шудааст. Дар он мақомоти додситонӣ иддаои волидони сарбози нирӯҳои марзбонӣ Иброҳим Ниёзовро дар бораи латту кӯб шуданаш рад кардаанд.
Матлаб дар бораи Иброҳим Ниёзов рӯзи 25-уми январ дар сомонаи Радиои Озодӣ нашр шуд ва дар он модари сарбоз шикоят мекард, ки писари 23-солаашро ду моҳ пеш ба хизмат бурданд ва "ҳоло пурра аз гап мондаасту касеро намешиносад".
Ҳалима Мирова, модари сарбоз, ҳамчунин иддао кард, ки писарашро "бо роҳи фиреб ва бо ваъдаи кор дар оркестри ҳарбӣ" даъват карда, "аммо ба хизмат бурда, азият додаанд".
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Дар номаи Додситонии ҳарбӣ ба унвонии Радиои Озодӣ гуфта шудааст, санҷиши онҳо муайян кард, ки дар воқеъ Иброҳим Ниёзов бо фармони вазири дифоъ ба кор дар оркестри ҳарбӣ қабул шудааст, "аммо ба сабаби сари вақт ҳозир нашудани Ниёзов ин фармон бекор карда шудааст".
Дар айни замон додситонии ҳарбӣ дар вокуниши худ оид ба ин қазия тасдиқ кардааст, ки Иброҳим Ниёзовро кормандони милиса ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳринав овардаанд. Додситонӣ мегӯяд: "Барои вайрон кардани тартиби даъват нисбат ба шахсони ба қонунвайронкунӣ роҳдода муҷозоти интизоми татбиқ гардид."
Аммо дар нома дақиқ гуфта нашудааст, ки чанд нафар барои қонуншиканӣ ҷазо гирифтаанд. Қаблан Вазорати дифоъ дар посух ба номаи наздикони сарбоз гуфта буд, Иброҳим Ниёзов дар даъвати тирамоҳӣ дар доираи қонун ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шудааст.
Наздикони сарбоз дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки баъд аз чанд рӯзи хизмат дар як қисми ҳарбии нирӯҳои сарҳадӣ дар ноҳияи Панҷ, Иброҳим Ниёзовро дар ҳолати вазнин ба беморхона оварданд ва баъди як муддат дар шифохонаи касалиҳои рӯҳӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ бистарӣ карданд. Ба иддаои наздикон, дар бадани ӯ осори латту кӯб мушоҳида шудааст.
Дар вокуниши Додситонии ҳарбӣ гуфта шудааст, ки Иброҳим Ниёзов бо мақсади саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ худро аз ошёнаи дуюм ба замин партофта ҷароҳат бардоштааст.
"Баъди табобат Ниёзов худро гирифтори бемории равонӣ вонамуд сохта, барои муайян кардани вазъи равонӣ дар бемористони бемориҳои рӯҳӣ бистарӣ шудааст", -- гуфта шудааст дар номаи додситонӣ
Додситонӣ дар вокунишаш мегӯяд, "нисбат ба сарбоз дар қисми ҳарбӣ рафторҳои ғайриоинномавӣ сурат нагирифтааст". Тасдиқи он аз манобеи мустақил ғайриимкон аст.
Аз ин пеш додситонии вилояти Хатлон дар шарҳи қазияи сарбоз гуфта буд, "ӯ бинобар доштани беморӣ, ҳамагӣ як рӯз хизмат карда, дар беморхона бистарӣ шуд".
Пайвандони сарбоз ба ин далелҳо шубҳа доранд. Бо муроҷиат ба чандин ниҳод, наздикони сарбоз хостанд омилони ба ин вазъ расондани Иброҳим муайян ва муҷозот шаванд. Ҳоло "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" - як созмони ҳомии ҳуқуқи сарбозон дар пайи муроҷиати волидони сарбози 23-сола, ба таҳқиқи қазияи ӯ шуруъ кардааст. Ҳуқуқшиносони созмон мегӯянд, дар ин қазия паҳлӯҳои зиёде норӯшан аст.
Ҳоло хонаводаи сарбоз мехоҳанд, Иброҳимро аз беморхонаи рӯҳӣ берун ва дар ҷойи дигар табобат кунанд. Аммо тасмими ба хизмат баргаштан ё рухсат шудани сарбоз пас аз хулосаи ниҳоии табибони беморхонаи рӯҳӣ гирифта мешавад.
Масъулони созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" мегӯянд, давоми панҷ соли охир аз наздикони сарбозону даъватшавандаҳо 949 шикоят гирифтаанд.
Волидон аз нақзи ҳуқуқ ва қонуншиканиҳо дар мавсими даъват ё қисмҳои ҳарбӣ шикоят кардаанд. Бо вуҷуди талоши ҳомиёни ҳуқуқ, кам иттифоқ афтодааст, ки дар асоси ин шикоятҳо парванда оғоз ва масъулони қисми ҳарбӣ ва ё фармондеҳон ҷазо бигиранд.