Оё гузаронидани тадқиқоти илмӣ, аз ҷумла тиббӣ бо шахси маҳкумшуда, ҳатто бо розигии ӯ мумкин аст?

Ҳуқуқдон бошед!

Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд.

САВОЛ: Оё гузаронидани тадқиқоти илмӣ, аз ҷумла тиббӣ бо шахси маҳкумшуда, ҳатто бо розигии ӯ мумкин аст?

ПОСУХ: Не, мутобиқи меъёрҳои моддаи 10-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳкумшударо азобу шиканҷа додан ё нисбат ба ӯ муносибати бераҳмона ва ё ғайриинсонӣ кардан ё шаъну эътибори ӯро паст задан, таҳти тадқиқоти тиббӣ ё дигар тадқиқоти илмӣ, ки метавонад ҳаёт ва саломатии ӯро таҳти хатар гузорад, ҳатто бо розигии ӯ қарор додан қатъиян манъ аст. Инчунин, қайд кардан зарур аст, ки маҳкумшудагон ба муносибати эҳтиромонаи кормандони муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо ҳуқуқ доранд. Онҳо набояд таҳти муносибати бераҳмона ва паст задани шаъну шарафи инсонӣ қарор гиранд. Чораҳои маҷбурӣ нисбат ба маҳкумшудагон танҳо дар асоси қонун истифода бурда мешаванд (м. 16 КИҶҶ ҶТ).

Сомонаи мо: https://notorturetj.org/

Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com

Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:

+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон

+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд

+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ

Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот

ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g

Телеграм: https://t.me/Notorturetjk

Инстаграм: Notorturetj

NotortureTj