Соли 2019-ум 50 нафар қурбонии шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо офиятбахшӣ гузаштанд

Мақсади Гуруҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо расонидани ёрии ҳадди ақали имконпазир ба қурбониён барои барқарор кардани қобилиятҳои касбӣ, иҷтимоӣ, равониву ҷисмонӣ ва инчунин пурра мутобиқ гаштану иштирокашон дар ҳаёти ҷомеа маҳсуб меёбад.

Дар соли 2019 фаъолияти гуруҳ дар доираи лоиҳаи «Фаъолият барои озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон» бо сарпарастии Иттиҳоди Аврупо (ҳамсарпарастии Фонди Ҳелсинки оид ба ҳуқуқи инсон) ва «Дастгирии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва муносибати бераҳмона» бо дастгирии Фонди Зигрид Раузинг амалӣ карда шуд.

Моҳи майи соли 2019 фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» (фаъолияти Гуруҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳоро ҳамоҳанг месозад) ба аъзогии Шабакаи байналмилалӣ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа (IRCT) пазируфта шуд. Аъзогӣ дар IRCT имкон медиҳад, ки ҳам дастгирии молиявӣ ва ҳам дастгирии касбӣ фароҳам омада, инчунин баъзе масоили марбут ба офиятбахшӣ ҳаллу фасл гарданд.

Кумитаи СММ зидди шиканҷа дар тавсияҳои худ ба гузориши сеюми даврии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа ба Тоҷикистон тавсия дод, ки «таъмин карда шавад, то қурбониёни шиканҷа офиятбахшӣ гузаранд, инчунин ҳуқуқи гирифтани ҷуброни одилонаву кофӣ, бо шумули воситаҳои пурраи офиятбахшӣ бо роҳи коркарди барномаи офиятбахшӣ дошта бошанд» ва ҳамзамон, «таъмин карда шавад, то барнома хизматрасониҳои махсусгардонидашудаеро оид ба офиятбахшӣ пешниҳод намояд, ки мувофиқу ба таври фаврӣ дастрас бошанд».

Дар соли 2019 бо мусоидати Гуруҳи офиятбахшӣ 50 нафар офиятбахшӣ гузаштанд, ки 26 адад аз рӯи муроҷиатҳои нав ва 24 адад такрорӣ аст. Аз шумораи умумӣ (50) занон 27 нафар, мардҳо 21 нафар ва ноболиғон 2 (писар ва духтар) нафаранд.

21 нафар аз 50 нафар (8 мард, 11 зан, як нафар писари ноболиғ ва як нафар духтари ноболиғ) бевосита аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона зарар дида, 29 нафар хешовандони қурбониён ба шумор мераванд. Ба ҳамаи муроҷиаткардагон кӯмаки офиятбахшӣ дар шакли иҷтимоӣ, тиббӣ ва равонӣ расонида шудааст.

Дар Гуруҳи офиятбахшӣ айни замон 24 мутахассис - 3 табиб (як нафарашон руҳшинос), 6 корманди иҷтимоӣ ва 11 равоншинос хизмати офиятбахшӣ мерасонанд. Аз ҷониби мутахассисон ҳамаи минтақаҳои кишвар фаро гирифта шудаанд. Бештари мутахассисон дар асоси шартнома барои хизматрасонӣ ба кор ҷалб карда мешаванд. Инчунин, барои расонидани кӯмаки тиббӣ ташкилот бо дармонгоҳҳое аз қабили «Ибни Сино», «Балх», Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло), «Истиқлол», «Нурафзо», Стансияи ёрии таъҷилӣ дар шаҳри Душанбе, «Луқмони Ҳаким», «Ясуб», «Импулс» дар вилояти Суғд ва «Ёвон» дар вилояти Хатлон дар асоси солона шартнома баста шудааст.

NoTorture.Tj