Гулчеҳра Холматова: вазъи пешгирии шиканҷа ба тарафи мусбат ҳаракат карда истодааст

Рӯзи 3-юми декабр, дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон тариқи радиои "Азия-плюс" барномаи радиоӣ пахш гардид, ки дар он ҳуқуқшиносони ташкилотҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон - ТҶ "Дунёи ҳуқуқ" ва ТҶ "Ҳуқуқи дастрас" ба саволҳои шунавандагон посух гуфтанд. Ба чанде аз суолҳо ҳуқуқшинос, директори Ташкилоти ҷамъиятии “Дунёи ҳуқуқ”, ҳамоҳангсози гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Гулчеҳра Холматова ҷавоб дод, ки онҳоро пешкаши хонандагон мегардонем.

- Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, “шиканҷа” чӣ намуди ҷиноят аст ва оморе дар даст доред, ки ҳамасола дар кишвари мо чанд ҳолати шиканҷа расман ба қайд гирифта мешавад?

- Шиканҷа - ин қасдан расонидани азобу уқубати ҷисмонӣ ва (ё) рӯҳӣ аз ҷониби шахсе, ки таҳқиқ ё тафтишоти пешакӣ мегузаронад ё шахси мансабдори дигар ё бо таҳрики онҳо ё розигии хомӯшонаи онҳо ё бо огоҳӣ доштани онҳо аз ҷониби шахси дигар, бо мақсади аз шахси таҳти шиканҷа қарордошта ё шахси сеюм гирифтани маълумот ё иқроршавӣ ё ҷазо додани ӯ барои ҳаракате, ки ӯ ё шахси сеюм содир намудааст ё дар содир намудани он гумонбар шудааст, инчунин тарсонидан ё маҷбур кардани ӯ ё шахси сеюм ё бо сабаби дигаре, ки ба ҳар гуна табъиз (дискриминатсия) асос ёфтааст, содир шуда бошад.

Мавриди зикр аст, ки мафҳуми шиканҷа дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба Конвенсияи зидди шиканҷаи СММ мутобиқ мебошад.

Мутаассифона, мо омори расмӣ ва дақиқе дар даст надорем, ки дар кишвари мо чанд ҳолати шиканҷа расман ба қайд гирифта мешавад. Аммо агар ба омори муроҷиатҳои Эътилофи зидди шиканҷа назар кунем, дар давоми ду соли охир, яъне солҳои 2024-2025 ба Эътилоф ҳамагӣ 27 нафар муроҷиат намудаанд, ки аз ин шаҳри Душанбе - 7 нафар, ШНТҶ - 4 нафар, вилояти Хатлон, ВМКБ - 5 нафар, вилояти Суғд - 11 нафар. Аз инҳо ба 13 нафар ҳимоятгар ҷудо гардида, ба 14 нафари дигар хизматрасонии роҳнамоии ҳуқуқӣ расонида шудаааст. Ҳамчунин, ба муроҷиаткунандагон 134 маслиҳатии шифоҳӣ дода шуда, аз номи онҳо 91 ҳуҷҷати мурофиавӣ ба мақомоти дахлдор тартиб дода шудааст.

Дар умум, вазъи пешгирии шиканҷа дар солҳои охир ба тарафи мусбат ҳаракат карда истодааст. Чунончи, шумораи тафтишоти расмии парвандаҳои ҷиноятӣ ва аз тарафи суд баровардани ҳукмҳои воқеӣ бо парвандаҳои марбут ба шиканҷа афзоиш ёфта истодааст. Қонунгузорӣ дар ин самт тақвият ёфта, таваҷҷуҳи сохторҳои байналмилалӣ бештар мешавад. Дар 5 соли охир вазъ ҳам дар соҳаи қонунгузорӣ ва ҳам дар санҷиши ҳолатҳои шиканҷа тадриҷан беҳтар шуда истодааст. Аммо дар амал шиканҷа ҳоло ҳам истифода мешавад - махсусан ҳангоми боздоштшавӣ.

- Фарқи байни шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар чӣ аст? Ҳолати берун рафтан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ баъзан ба ҷойи шиканҷа мавриди баррасӣ қарор мегирад? Ин ду банд аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?

- Фарқияти байни «шиканҷа» ва «муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф» пеш аз ҳама дар ҳадаф ва дараҷаи ранҷу азоб ифода меёбад.

Шиканҷа - ин қасдан расонидани дарди шадиди ҷисмонӣ ё рӯҳӣ бо ҳадафи мушаххас мебошад: яъне гирифтани нишондоди худиқрорӣ ё маълумот, ҷазо додан, тарсонидан ё маҷбур кардани шахс ё шахсони дигар бо анҷом додани амалҳои муайян. Дар ҳуқуқи байналмилалӣ унсури асосии шиканҷа - ин ҳадафмандӣ ва дараҷаи баландии ранҷу азоб аст.

Муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф низ поймолкунии ҷиддии ҳуқуқи инсон ба ҳисоб меравад, аммо: дараҷаи ранҷу азоб метавонад аз шиканҷа камтар бошад; ҳадафе, ки барои шиканҷа хос аст, вуҷуд надорад; ё амалҳо, бо он ки боиси дард ва таҳқир мегарданд, ба сатҳи шиканҷа мувофиқат намекунанд.

Сабаби асосии ҳамчун баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ бандубаст намудани кирдор ба ҷойи шиканҷа - ин гурехтан аз ҷазо аст. Қисмҳои алоҳидаи моддаи 143.1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро танҳо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ менамояд, ки он аз 2 то 15 соли маҳрумӣ аз озодиро пешбинӣ намудааст. Аммо моддаи 316-и КҶ ҶТ дар ҳама қисмҳои алоҳидаи худ ба ғайр аз ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ инчунин ҷазоро дар намуди ҷарима пешбинӣ менамояд. Хулоса, агар кирдори шахси гунаҳкор ҳамчун шиканҷа бандубаст карда шавад, ӯ ҷазоро танҳо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ адо менамояд, аммо агар кирдори ӯ ҳамчун баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ бандубаст гардад, пас метавонад танҳо бо пардохти ҷарима ҷазои худро адо намояд.

- Вақте ки шахс шиканҷа мешавад ва ҳанӯз дар боздошт аст, чӣ роҳи шикоят кардан аз рӯйи ин ҳолат мавҷуд аст? Кай ва ба куҷо бояд шикоят кунад? Дигарон метавонанд ба ҷойи ӯ шикоят баранд? Дар ҳамин ҳол ҷабрдида чӣ далелу мадрак ва исбот бояд дар даст дошта бошад?

- Агар шахс ба шиканҷа дучор гардад ва то ҳол дар ҳабс нигоҳ дошта шавад, қонун якчанд механизми ҳимояи фаврӣ ва пешниҳоди шикоятро пешбинӣ мекунад. Шикоятро метавон дар ҳар лаҳза, ҳатто фавран пас аз содир гардидани шиканҷа, новобаста аз он ки шахс дар ҳабс нигоҳ дошта мешавад ё не, пешниҳод намуд.

Мақомоту муассисаҳое, ки шикоят вобаста ба ҳолати шиканҷа пешниҳод карда мешавад:

1. Прокуратура - уҳдадор аст фавран муроҷиати дорои нишонаҳои шиканҷаро қабул карда, санҷишро оғоз намояд.

2. Суд - шахс метавонад ҳангоми баррасии чораи пешгирӣ, дароз намудани муҳлати нигоҳдорӣ ё дар ҷараёни ҳар гуна мурофиаи судӣ дар бораи шиканҷа изҳор намояд. Суд уҳдадор аст чораандешӣ намояд.

4. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - метавонад шикоятро қабул карда, барои санҷиш ба мақомоти дахлдор ирсол намояд ва инчунин дар баррасии шикоят иштирок намояд.

5. Маъмурияти ҷойи нигоҳдорӣ - уҳдадор аст аризаи шахсро ба қайд гирад ва ба мақомоти салоҳиятдор ирсол кунад.

6. Ба ғайр аз ин, агар шумо бо ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмонаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рӯ ба рӯ шудед ва намедонед чӣ гуна ҳуқуқҳои худро ҳимоя намоед, пас метавонед барои гирифтани кумаки ҳуқуқиву офиятбахшӣ бо суроғаи ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот, ошёнаи 5, утоқи 511 ба Гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон муроҷиат намоед ва ё ҳамарӯза тариқи телефонҳои мобилии  987 87 66 66, 987 87 33 33 ва 987 08 76 76 дар тамос бошед. Ногуфта намонад, ки ҳамаи хизматрасониҳои мо ба ҷабрдидагони эҳтимолии шиканҷа ва хешу табори наздики онҳо ройгон аст.

Вобаста ба рух додани ҳолатҳои шиканҷа инчунин хешовандон, адвокат, намояндаи қонунӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳар шаҳрванде, ки маълумоти боэътимод дар бораи шиканҷа дорад, метавонад ба мақомоти дахлдор муроҷиат намояд. Ҳама гуна изҳорот дар бораи шиканҷа бояд фавран баррасӣ карда шавад, новобаста аз он ки муроҷиат шифоҳӣ аст ё хаттӣ.

Дар шароити ҳабс ё маҳрумӣ аз озодӣ одатан имкони ҷамъоварии пурраи далелҳо вуҷуд надорад, бинобар ин меъёрҳои байналмилалӣ аз ҷабрдидаи шиканҷа пешниҳоди тамоми далелҳоро талаб намекунанд. Аммо ҳар чизе ки метавон сабт кард - муҳим аст, ба монанди: муоинаи тиббӣ, сабтҳо дар китоби қайди боздоштшудагон, протоколҳо, қайдҳо дар бораи вақт ва ҷойи нигоҳдорӣ, шоҳидон, аксу видеои ҷароҳатҳо, ҳамчунин муроҷиати хаттӣ, ки дар онҳо замон, ҷой, шахсони дар шиканҷа иштирокдошта ва усулҳои истифодаи зӯроварӣ нишон дода мешаванд. Ба ғайр аз ин сабти радкуниҳои муроҷиат - агар маъмурият аз қабул кардани шикоят ё даъвати духтур саркашӣ кунад, худи радкунӣ низ далели поймолкунии ҳуқуқ ба ҳисоб меравад.

Бояд зикр намуд, ки дар ҳама сурат масъулияти асосии ҷамъоварии далелҳои шиканҷа бар дӯши давлат аст, на ҷабрдида - махсусан вақте ки шахс дар боздоштгоҳ ва ё ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ таҳти назорати давлат қарор дорад.

- Чаро муоинаи мустақили тиббӣ яке аз абзорҳои муҳими пешгирии шиканҷа ҳисобида мешавад? То кадом андоза ба муоинаи тиббӣ мешавад бовар кард? Чӣ тавр шахс бояд муоинаи мустақили тиббиро дархост кунад?

- Муоинаи тиббии мустақил ҳамчун яке аз воситаҳои асосии пешгирӣ ва исботи ҳолати шиканҷа ба ҳисоб меравад, зеро он натиҷаҳои зӯровариро ба таври объективӣ, касбӣ ва ҳуҷҷатнок сабт мекунад.

Муоинаи тиббӣ ҳолати ҷой доштани шиканҷаро муайян мекунад, ҳама гуна осеб, кабудӣ, сӯхтагӣ, изи дастбанд ва дигар ҷароҳатҳое, ки дар бадан вуҷуд дорад, аз ҷониби духтуре, ки аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобастагӣ ва тобеият надорад, сабт мешавад. Муоинаи тиббии дуруст аз ҷониби духтури мустақил ҳолати исботи шиканҷаро хело осон ва самарабахш менамояд. Хулосаи тиббӣ як ҳуҷҷати расмӣ мебошад, ки метавонад асоси парвандаи ҷиноятӣ, санҷиши хизматӣ ё муроҷиат ба суд бошад. Ҳамчунин духтур навъи осеб, замон ва механизми ба вуҷуд омадани онҳоро сабт мекунад, ки метавонад истифодаи шиканҷаро тасдиқ кунад ва ҳолатҳои сохтакории “ба худ зараррасонӣ” ё “худ афтодан”-ро, ки баъзан кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чунин шарҳ медиҳанд, рад кунад.

Аз мутахассиси мустақил ва шароити муоина бисёр чизҳо вобаста аст. Агар муоинаро духтуре анҷом диҳад, ки худ корманди мақомот ва ё боздоштгоҳ аст, хулосаи ӯ метавонад таҳти фишори роҳбарият нодуруст ва хато дода шавад. Духтурони мустақил, ки берун аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор мекунанд, бештар хулосаи боэътимод ва дуруст медиҳанд.

Гумонбаршуда ё ҳимоятгари ў ҳуқуқ доранд талаб намоянд, ки муоинаи тиббиро табиби мустақил ё коршиноси судӣ-тиббӣ гузаронад. Хулосаи муоинаи тиббӣ ба протоколи дастгиркунӣ ҳамроҳ карда мешавад. Агар маъмурият аз гузаронидани муоинаи мустақил саркашӣ кунад, худи радкунӣ асоси шикоят ва нишонаи эҳтимоли поймолшавии ҳуқуқҳои ӯ мебошад.

- Кадом принсипи байналмилалӣ талаб мекунад, ки изҳороти зери шиканҷа гирифташуда набояд ҳамчун далел истифода шавад? То кадом андоза исботи шиканҷа барои мардуми одӣ осон ва имконпазир аст? Оё шикоят кардан мушкили онҳоро печидатар намекунад?

- Ин манъкунӣ бар асоси принсипи байналмилалии комилан ғайриқабул будани далелҳое, ки бо шиканҷа гирифта шудаанд, асос ёфтааст. Он дар моддаи 15-и Конвенсияи СММ бар зидди шиканҷа муқаррар шудааст, ки талаб мекунад: ҳар гуна далелу нишондоде, ки дар натиҷаи истифодаи шиканҷа гирифта шудааст, наметавонад ҳамчун далел дар мурофиаи судӣ истифода шавад. Ин яке аз муҳимтарин механизми кафолати ҳуқуқи инсон ба ҳисоб меравад. Агар судҳо чунин нишондодҳоро қабул накунанд, ангеза барои истифодаи шиканҷа ҳамчун «усули тафтишот» аз байн меравад.

Дар ҳақиқат исботи ҷой доштани ҳолати шиканҷа мумкин аст душвор бошад, чунки бештари мавридҳо шахс дар боздоштгоҳ қарор дорад, бо худ телефон надорад, шоҳидон вуҷуд надоранд ва имкони ҷамъоварии далелҳо маҳдуд аст. Аммо ба ҳар сурат исботи ҳолати шиканҷа воқеӣ ва имконпазир аст, зеро меъёрҳои байналмилалӣ масъулияти асосиро дар исботи ҷой доштани ҳолати шиканҷа ба давлат додааст.

Мувофиқи меъёрҳои байналмилалӣ ва миллӣ, агар шахс таҳти назорати давлат қарор дошта бошад, давлат вазифадор аст пайдоиш ва сабаби осеби ӯро шарҳ диҳад. Кофист, ки ҷабрдида шароити рӯйдод ва навъи ранҷу азобро тавзеҳ диҳад. Яъне ҳуқуқи байналмилалӣ аз аввали кор бар он асос ёфтааст, ки шахс набояд «худ» шиканҷаро исбот кунад - ин вазифаи давлат аст.

Аз ҷиҳати назариявию амалӣ ҳангоми шикоят кардан оид ба ҳолати шиканҷа, хавфи фишор вуҷуд дорад, махсусан вақте ки шикоят алайҳи ҳамон кормандоне пешниҳод мешавад, ки шахс дар боздоштгоҳ ва дар ихтиёри кормандони ҳамон мақомот аст. Аз ин рӯ, стандартҳои байналмилалӣ талаб мекунанд, ки дар чунин ҳолатҳо вобаста ба ҳимояи муроҷиаткунанда чораҳои дахлдори саривақтӣ, аз қабили ҳимояи фаврии муроҷиаткунанда, аз рӯи зарурият кӯчонидан ба муассисаи дигар, манъи ҳар гуна муошират ва сарукоргирӣ бо муроҷиаткунанда барои кормандоне, ки дар шикоят ном бурда шудаанд, огоҳ кардани адвокат ва хешовандон дар ҳама ҳолату марҳила ва ғайра андешида шавад.

Илова бар ин, таҷриба нишон медиҳад, ки ошкор ва пешниҳоди расмии шикоят вобаста ба ҳолати шиканҷа одатан шахсро бештар муҳофизат мекунад. Вақте муроҷиат дар бораи шиканҷа вуҷуд дорад, адвокат, прокуратура ва дигар мақомоти дахлдор огоҳ карда шудаанд, хатари такрор гардидани зӯроварӣ кам мешавад, зеро кормандон медонанд, ки таҳти назорат ва санҷиш қарор доранд.

NotortureTj