Барои намояндагони мақомоти қудратӣ чорабинии иттилоотӣ гузаронида шуд

ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» рӯзи 7-уми феврал дар кохи «Суруш» барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мутахассисони самти робита бо ҷомеаи мақомоти давлатӣ дар мавзуи «Нақшаи миллии амал оид ба амалисозии тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа барои солҳои 2019-2022» чорабинии иттилоотӣ баргузор намуд.

Чорабинӣ аз ҷониби ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад, дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба риояи ҳуқуқҳои қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона» бо дастгирии молиявии Институти «Ҷомеаи Кушода» ташкил карда шуд.

Дар чорабинӣ кормандони бахшҳои матбуотӣ ва марказҳои робита бо ҷомеаву мутахассисони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовари ҶТ, Вазорати адлияи Тоҷикистон, Суди Олии ҶТ, дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, Вазорати мудофиа ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон иштирок карданд.

Ба ҳайси тренер таҳлилгари байналмилалӣ Нигина Баҳриева баромад намуд.

Ба гуфтаи ташкилкунандагон, мақсад аз гузаронидани чорабинии иттилоотӣ мустаҳкам намудани робитаҳо бо ҷомеа ва ВАО, боло бурдани сатҳи касбии фаъолияти кормандон буд. Дар баробари ин, масъалаи мусоидат ба инъикоси мавзуи иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон, инчунин иштироки мақомоти давлатӣ дар раванди иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ барои мубориза бо шиканҷа баррасӣ гардид.

Иштирокчиёни чорабинӣ кӯшиш карданд мушкилоти мавҷудаи ҳамкорӣ миёни котиботи матбуотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва рӯзноманигорон, инчунин паҳнсозии иттилоотро дар ВАО муайян намоянд. Дар рафти чорабинӣ роҳҳои мушаххаси ҳалли онҳо маълум карда шуда, ҳамзамон усулҳои нави ташаккули афкори омма пешниҳод гардиданд.

Чорабинии иттилоотӣ аз се қисм иборат буд. Қисми аввал ба доираи ҳуқуқии амалисозии уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд. Сухангӯ ба иштирокчиён дар бораи фаъолияти Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон ва иштироки мақомоти давлатӣ дар раванди иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ маълумот дод.

Қисми дувум: «Тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа дар соли 2018 ва Нақшаи миллии амал оид ба амалисозии тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа». Нигина Баҳриева тавсияҳо ва нақшаи миллии амалро мухтасар шарҳ дод. Дар баромади худ ӯ инчунин ба мавзуи нақши мақомоти давлатӣ дар паҳнсозии иттилоот ва раванди ҳисоботдиҳӣ дахл намуд.

Савум ва қисми ниҳоӣ ба баррасии мавзуҳо бахшида шуд. Дар интиҳои чорабинӣ таҳлилгар ба суолҳои бешумори иштирокчиён посух дод.

 

ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон»

NoTorture.Tj