Коромӯзӣ дар «Маркази ҳуқуқи инсон»

Коромӯзони ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» рӯзи 10-уми феврал дар ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» коромӯзии якрӯза гузаштанд.

Роҳбари барномаи «Дастрасӣ ба адолати судӣ ва ислоҳоти судӣ» дар ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» ва ҳамоҳангсози фаъолиятҳо оид ба амалисозии стандартҳои Протоколи Истамбулии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Парвина Наврӯзова коромӯзонро бо фаъолияти ташкилот шинос намуд.

Парвина Наврӯзова барои коромӯзон дар мавзуи «Таърихи қабули Протоколи Истамбулӣ» маърӯза хонд. Ӯ дар бораи таърихи қабули ҳуҷҷати мазкур ҳамчун дастурамал оид ба тафтишу ҳуҷҷатгузории самарабахши ҳолатҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати ғайриинсониву пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо нақл кард.

«Протоколи Истамбулӣ стандартҳои СММ оид ба тафтишу шаҳодаткунонии истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро таблиғ менамояд»,- зикр намуд Парвина Наврӯзова.

Ба гуфтаи ӯ, «шартҳо» стандартҳои ҳадди ақалро баҳри таъмини тафтишу шаҳодаткунонии самаранок дар назар доранд ва худи ҳуҷҷат хислати тавсиявӣ дорад.

«2-юми декабри соли 2012 бо фармони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ бо мақсади амалисозии дастурамалҳои дохилӣ, варақа барои гузаронидани ташхисҳои судӣ-тиббӣ/руҳӣ ва шаҳодаткунонии тиббӣ тибқи талаботи Протоколи Истамбулӣ гуруҳи корӣ таъсис дода шуд. Гуруҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони Вазорати тандурустӣ, Прокуратураи генералӣ, МТСТ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис ёфт»,- қайд кард Парвина Наврӯзова.

Ӯ дар бораи фаъолияти ин гуруҳи корӣ, ки худ аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» ба он ҷалб гардида буд, нақл кард.

Парвина Наврӯзова ба коромӯзон оид ба фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон тибқи Протоколи Истамбулӣ низ маълумот дод.

Дар интиҳо Парвина Наврӯзова ба суолҳои бешумори коромӯзон посух гуфт.

 

ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон»

Ichrptj.org