Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Маркази таҳлилӣ фаъолияташро дар асоси қоидаҳо ва шартҳои иштирок дар Эътилоф амалӣ намуда, фаъолияти таҳлилии Эътилофро дар умум ва гуруҳҳои кориро ҳамоҳанг месозад. Ба шарофати ин марказ Эътилоф дар пешбурди озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон дар сатҳи милливу байналмилалӣ тавассути гузаронидани вохӯриҳо бо дипломатҳо ва намояндагони ҳайатҳои байналмилаливу байниҳукуматӣ, омодасозии гузоришҳои таҳлилӣ ва пешниҳоди тавсияҳои худ фаъолона кор мебарад.
Соли 2019 таҳлили қонунгузории миллӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ дар самти офиятбахшии кӯдакони дар мухолифат бо қонун қарордошта, бо шумули кӯдаконе, ки дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ адои ҷазо мекунанд, гузаронида шуд. Таҳлил аз ҷониби ТҶ “Ташаббуси ҳуқуқӣ” дар якҷоягӣ бо бахши адлияи ювеналии Вазорати адлияи ҶТ (Наврӯз Шоев) моҳи марти соли 2019 гузаронида шуд. Ҳисоботи мазкур моҳи майи соли 2019 ба Гуруҳи кории назди Вазорати адлияи ҶТ оид ба ислоҳоти системаи адолати судӣ нисбати кӯдакон дар Тоҷикистон фиристода шуд, ки дар асоси он Барномаи миллӣ ва нақшаи чорабинии «Офиятбахшии иҷтимоии кӯдакони дар мухолифат бо қонун қарордошта, бо шумули кӯдаконе, ки дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ дар солҳои 2020-2024 адои ҷазо мекунанд» таҳия гардид. Барномаи миллӣ ва Нақшаи чорабиниҳо дар марҳилаи тасдиқшавӣ дар Ҳукумати ҶТ қарор доранд.
Аз ҷониби Фонди ҷамъиятии «Нотабене» мониторинги навбатии механизмҳо ва тартиби иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон гузаронида шуд. Мониторинги якум соли 2011 гузаронида шуд. Дар солҳои 2018-2019 пешрафти иҷрои тавсияҳо таҳлил карда шуд. Ҳуҷҷат таҳлили чаҳорчӯбаи ҳуқуқии иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон, инчунин таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ дар масоили омодасозии гузоришҳо ба мақомоти СММ, иҷрои тавсияҳо, қарорҳо ва мулоҳизоти мақомоти шартномавии СММ оид ба муроҷиатҳои инфиродиро дар бар мегирад.
Соли 2019 дар робита бо дастрас намудани тавсияҳои нави мақомоти СММ Анкета барои гуруҳҳои ҳимоятгари ҳуқуқ ва фаъолон барои баҳогузории амалисозии тавсияҳои СММ оид ба масоили шиканҷа коркард шуд. Анкета барои сода кардани баҳогузорӣ нисбати вазъи иҷрои тавсияҳои мақомоти шартномавии СММ оид ба ҳуқуқи инсон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, расмиёти махсус ва иҷрои тавсияҳои Гузориши даврии универсалӣ оид ба масоили шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ки соли 2010 пешниҳод шудаанд: оё тавсияҳо пурра ё қисман иҷро шуданд ва ё умуман тиҷро нашуданд, коркард шудааст.
Соли 2019 кор баҳри омодасозии Стратегияи миллӣ дар самти ҳуқуқи инсон то соли 2030 идома ёфт. Фаъолияти мазкур аз ҷониби Идораи кафолати ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ бо мусоидати Идораи минтақавии Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ амалӣ карда мешавад. Ба ҳайси мушовири миллӣ намояндаи ФҶ «Нотабене» баромад мекунад. Намояндагони Эътилоф дар кори гуруҳи корӣ оид ба омодасозии лоиҳаи Стратегия иштироки фаъолона доштанд ва тавсияҳои худро пешниҳод намуданд. Қабули Стратегия охири соли 2020 дар назар аст.
Соли 2019 аз ҷониби Эътилоф дар якҷоягӣ бо Ҳамкории байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон ва Фонди Ҳелсинки оид ба ҳуқуқи инсон се ҳуҷҷат ба Кумитаи ҳуқуқи инсон дар бораи раванди амалисозии Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ омода карда шуданд.
Моҳи июни соли 2019 аъзои Эътилоф дар брифинги расмӣ бо аъзои Кумитаи ҳуқуқи инсон дар Женева иштирок намуданд, ки он ҷо мушкилоти асосӣ дар самти мубориза бо шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон баррасӣ гардида, тавсияҳои мутобиқ пешниҳод карда шуданд.
Ҳамасола дар арафаи муколамаи расмии Итиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон вохӯриҳои ҳайатҳои Иттиҳоди Аврупо бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мешаванд. Дар вохӯриҳо аъзои Эътилоф масоили озодӣ аз шиканҷаро пеш мегузоранд, ки минбаъд асос барои баррасӣ дар рафти муколамаҳои расмӣ оид ба ҳуқуқи инсон мегарданд.
Аз ҷониби Фонди ҷамъиятии «Нотабене» дар якҷоягӣ бо Ҳамкории байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон ҳуҷҷати таҳлилӣ оид ба вазъи шиканҷа дар кишвар, бо шумули ҳолатҳои инфиродӣ ва тавсияҳои мушаххас барои Ҳукумати Тоҷикистон омода гардид. Ташкилотҳои узви Эътилоф то гузаронидани муколама дар вохӯрӣ бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо иштирок намуда, масоили асосӣ дар самти риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Намояндагони Эътилоф дар чорабиниҳои пленарӣ ва чорабиниҳои иловагии вохӯрии ҳарсолаи дуҳафтаина оид ба ҳуқуқи инсон, ки 16-27-уми сентябр дар Варшава доир гардид, иштироки фаъолона доштанд.
Айни замон ба Маркази таҳлилӣ роҳбари Эътилоф, роҳбарони гуруҳҳои корӣ, ҳамоҳангсози лоиҳа оид ба пешбурди стандартҳои Протоколи Истамбулӣ, инчунин намояндаи ТҶ “Апейрон” дохил мешаванд.