Ҷомеаи шаҳрвандӣ ба Вазорати тандурустиӣ барои пешгирии COVID-19 ҳамкорӣ пешниҳод менамояд

Намояндагони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва Шабакаи занони маъюби Точикистон бо арзи эҳтиром ба ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустии кишвар барои пешгирии сирояти коронавирус изҳори омодагї кардаанд.

“Дар робита бо вазъи пандемияи COVID-19 (коронавирус) дар ҷаҳон, бо мақсади риояи чораҳои маҳдуд сохтани хатари интиқоли COVID-19 мо барои ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустї ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан барои гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз он ҷумла дар ноҳияҳои дурдасти кишвар омодаем”- омадааст дар мурољиати онњо ба вазорат.

Бино ба иттилои муаллифони нома, “шахсони дорои маъюбиятҳои гуногун, пиронсолон, шахсони гирифтори ВНБ, шахсони дар минтақаҳои дурдасти деҳот истиқоматкунанда ва дастрасӣ ба технологияҳои муосир, алоқа ва дастрасӣ ба об надошта гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ мебошанд”

“Шахсони маъюб ва шахсони гирифтори бемориҳои музмин аз сабаби мавҷудияти беморӣ аксар вақт масунияти паст доранд ва дар давраи эпидемия ва пандемия, хусусан COVID-19, хеле осебпазир мебошанд. Нафароне, ки дар минтақаҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд, наметавонанд сари вақт маълумоти зарурӣ ва дастрас гиранд. Аксарияти ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мустақиман бо гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ кор мекунанд, бо баҳрабардорони худ дар тамос ҳастанд”, гуфта мешавад дар муроҷиат.

“Биноан, пешниҳод менамоем, ки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати иҷроиши тавсияҳои Ташкилоти тандурустии ҷаҳонӣ ва баҳри амалӣ намудани чораандешии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати паст кардани хавфи сироятёбии бемории COVID-19 (коронавирус) силсилатренингҳои муштарак баргузор намоем ва китобчаҳои киссагӣ, видео/аудио-навор омода созем. Ҳамчунин, омода ҳастем, ки барои гузаронидани чорабиниҳои муштарак фикру андешаи шуморо бишнавем”, қайд мекунанд муаллифон.

Ҳамзамон, хоҳиш карда шудааст, ки дар бораи натиҷаи баррасии муроҷиатнома муаллифон тариқи хаттӣ огоҳ карда шаванд.

 

NoTorture.Tj