Ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба тафтиши ҷиддии ҳамла ба рӯзноманигор даъват карданд

abdulloh-ghurbati.-photo-from-his-facebook-page.jpg

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва як қатор ташкилотҳои ҷамъиятии кишвар дар робита ба ҳолатҳои латукӯби хабарнигори оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс» Авазмад Ғурбатов (Абдулло Ғурбатӣ), ки асос барои марбут донистани онҳо ба фаъолияти рӯзноманигории ӯ мегарданд, изҳори нигаронӣ карданд.

Дар аризаи дастаҷамъии онҳо, ки ба суроғаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Прокурори генералии ҶТ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон равона гардидааст, аз ҳар ду ҳодисаи ҳамла ба рӯзноманигор, ки дар моҳи охир рух доданд, ёдоварӣ карда шудааст.

Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» - узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон барои ҳимоя кардани ҳуқуқу манфиатҳои рӯзноманигор Авазмад Ғурбатов адвокат пешниҳод намудааст. Худи рӯзноманигор ва адвокати ӯ боварӣ доранд, ки латукӯб ба фаъолияти касбии ӯ алоқаманд аст, чун Авазмад Ғурбатов лоиҳаи «Азия-Плюс» - «Навбатдор дар шаҳр»-ро пеш бурда, оид ба мавзуҳои доғи ҷомеа, аз ҷумла, зарурати роҳандозии карантин, таъмини кормандони тиббӣ бо воситаҳои ҳимояи хусусӣ ва ғайра гузоришҳои видеоӣ омода менамуд. Аз ҷониби адвокат оид ба содир шудани ҷиноят тибқи моддаи 162 (Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии рӯзноманигорӣ)-и КҶ ҶТ ариза пешниҳод карда шудааст.

Ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ин боваранд, ки таъқиби рӯзноманигорон вобаста ба амалисозии фаъолияти рӯзноманигориашон, инчунин зоҳир накардани вокуниши лозимаву нагузаронидани тафтиши дилхоҳ ҳолати ҳамла ба рӯзноманигорон ва намояндагони ВАО метавонад ба бад шудани вазъи озодии баён дар Тоҷикистон, худсонсурӣ ва паст гардидани фаъолнокии рӯзноманигорон ва ВАО дар кишвар оварда расонад, зеро беҷазоӣ фазои тарсро ба вуҷуд меорад.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аз мақомоти Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки:

- тафтишоти ҷиддиву беғаразона ва санҷиши воқеии аризаи Ғурбатов Авазмад оид ба ҳолатҳои латукӯб гузаронида шуда, ӯ ҳамчун иштирокчии истеҳсолоти судии ҷиноятӣ бо ҳимояи давлатӣ таъмин карда шавад;

- бояд таъмин намуд, то Ғурбатов Авазмад барои амалисозии фаъолияти касбии рӯзноманигорӣ оид ба инъикоси мавзуҳои аҳамияту манфиати иҷтимоидошта, ки бо ҳуқуқҳои милливу байналмилалӣ, аз ҷумла, моддаи 19-и ПБҲШС ҳифз мешаванд, ҷазо нагирад;

- меъёрҳои милливу байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон қабулгардида риоя шаванд ва аз таҷрибаи таъқиби рӯзноманигорону фишор барои фаъолияти касбии онҳо худдорӣ карда шавад.

NoTorture.Tj