Баҳорро интизор нашуд

Қиссаҳоеро ба шумо пешкаш менамоем, ки оид ба қисмати фоҷиавии сенздаҳ сарбози дар артиш қурбонии шиканҷа ё “меҳтарсолорӣ” гардида, ки дар китоби “Қиссаи 13 сарбоз, ё орзуҳои барбодрафта” (муаллифон Ҷамшед Маъруфов ва Гузал Маҳкамова, муҳаррир - Хоҷаев Фазлиддин) ҷой гирифтаанд, нақл мекунанд.

Китоб аз ҷониби ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” бо мусоидати Эътилофи зидди шиканҷа бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа -  26-уми июн омода карда шудааст.

Гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа дар доираи лоиҳаи "Тақвияти амалҳои пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ", бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ амалӣ карда шудааст. 

Баҳорро интизор нашуд

Тақдир боре Манучеҳрро аз марг ҳимоя намуд. Аммо бори дуввум раҳм накард. Ин қисса оид ба зиндагии сарбози ҷавонест, ки ҳангоми хизмати ҳарбӣ вафот кард. Ӯ ҳамагӣ 19 сол дошт. Сабаби марг ҳанӯз ҳам номаълум аст…

Манучеҳр Сабуров дар деҳаи Танобчии ноҳияи Нуробод, дар оилаи серфарзанд таваллуд шудааст.

«Ман шаш фарзанд дорам. Ҷавониам ба давраи ҷанги шаҳрвандӣ рост омад. Мо дар хонаи волидайни шавҳарам зиндагӣ мекардем. Ҳатто ёфтани нон хеле мушкил буд. Ҳама гуруснагӣ мекашиданд. Вақте фаҳмидам, ки бори чорум ҳомиладор шудаам, таваллуд кардан намехостам, чун кӯдаконам хурд буданд. Махсус бори вазнин мебардоштам, кори сангинро иҷро мекардам. Аммо исқоти ҳамл ба вуҷуд наомад. Фикр кардам, ки аз ин мебарояд, ӯ бояд таваллуд шавад ва зиндагӣ кунад. Ҳамин тавр, Манучеҳрам таваллуд шуд. Писараки солиму бақувват»,- мегӯяд Гулнигор Назарова - модари сарбози фавтида.

Дар оила ӯ аз дигар кӯдакон фарқ мекард, аз ҳама нармдил, дӯстдоштанӣ ва хушҳол буд. Ҳамеша дар кашонидани борхалтаи вазнин, ҷамъоварии ҳезум, обмонии полез мадад мерасонд. Футбол бошад, муҳаббати тамоми умри ӯ буд. Манучеҳр пурқуввату мубориз ба воя расид. Қадаш қариб ду метр буд. Вақте ба ҳуҷра медаромад, маҷбур буд, ки худро хам кунад, то сараш ба сақф барнахӯрад.

«Мо зиндагии камбағалона доштем. Шавҳарам ҷарроҳии вазнинро аз сар гузаронида, ҳоло бекор аст. Шояд барои ҳамин кӯдакон ҳамеша кӯшиш мекарданд ба мо ёрӣ расонанд ва барвақт барои зиндагӣ маблағ ёфтанро оғоз намуданд»,- гуфт Гулнигор.

Баъди хатми мактаб Манучеҳр зиёд фикр накарда, бо қарз чипта хариду барои маблағ кор кардан ба Русия рафт. Ӯ забони русиро хуб медонист. Барои ҳамин, дар завод зуд кор пайдо намуд. Дар лаҳзаҳои холигӣ ба дарсҳои ронандагӣ мерафт. Дар як соли кораш чанд маротиба ба хона маблағ фиристод. Волидон бо сарфакорӣ бо ин маблағ барои оилаи ояндаи Манучеҳр хонаи дуҳуҷрагӣ сохтанд. “Писарамон меояду оиладор мешавад ва дар ин хона зиндагӣ мекунад. Қариб хонаи ҷудогона!”,- орзу мекарданд волидайн.

Аммо, боре бо ӯ ҳодисаи нохуш рӯй дод. Ҷавон лат хӯрд, бо азобе ба пой хест ва маҷбур шуд, ки ба ватан баргардад. Кадоме аз дӯстонаш гуфт, ки агар ихтиёрӣ ба хизмат равад, давлат барояш замини наздиҳавлигӣ ҷудо мекунад. “Хайр, чӣ аст онҷо ду сол хизмат кардан!? Ба замми ин, ба мо хона медиҳанд ва ман метавонам дар он хонаи хубе созам”,- фикр кард Манучеҳр ва орзуҳо ӯро сӯйи ояндаи зебо бурданд: ана, ба ҷои хоначаи лойинашон хонаи нави зебою васеъ истодааст, дар канор волидон, ҳамсари ояндааш ба корҳои хоҷагидорӣ машғул аст. Бо тасмими ҷиддии ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ рафтан, ӯ аз андешаҳои худ берун омад.

15-уми апрели соли 2015 даъватшуда ба хизмат рафт. Давоми як моҳ волидайн хабар надоштанд, ки писарашонро ба кадом қисми низомӣ равон кардаанд. Раиси ҷамоат ва кормандони комиссариати ҳарбӣ ҳатто дақиқ гуфта наметавонистанд, ки Манучеҳр дар куҷо хизмат мекунад. Танҳо бо кумаки раиси ноҳия тавонистанд фаҳманд, ки писарашонро ба Хоруғ ва баъди чанд моҳ ба Мурғоб равон кардаанд.

2-юми ноябри соли 2015 Манучеҳр ба падараш занг зад. Шаш моҳи хизмат дар ноҳияи баландкуҳи Мурғоб, ки бо Помир-Олой ва қаторкуҳҳои тира иҳота шудааст, вазнин буд… Инҷо барвақт хунук мешавад ва зимистон дар ин диёр қаҳратун аст.

Суҳбат тӯлонӣ буд. Он вақт падар фаҳмид, ки сарбозон дар қисми ҳарбӣ гуруснагӣ мекашидаанд. Шароит хеле вазнин будааст. Бар замми ин, ҳаво чунон хунук буда, ки то устухон мерасидааст. То баҳор бошад, муддати зиёд аст. Афсарон сарбозонро шабона танҳо гузошта, худашон барои шабгузаронӣ ба хонаҳои гарм мерафтаанд. Хизматчиёни ҳарбӣ дар сардии тоқатфарсо беназорат мемондаанд.

Волидони Манучеҳр хостанд, ки ба комиссариати ҳарбӣ раванд ва барои писарашон рухсатӣ пурсанд. Аммо ӯ розӣ нашуд. Гуфт, ки роҳ дарозу мушкилгузар ва аллакай ҳама барфпӯш асту дар гумон аст ӯ гузашта тавонад. Ана, баҳор мерасад ва ӯ худаш меояд. Ӯ тавонист волидайнро бовар кунонад.

8-уми ноябри соли 2015. Дар хонаи Манучеҳр телефон занг зад: «Писаратон вафот кард. Ба наздикӣ ҷасадро меорем. Ба маросими дафн омода шавед».

«Ман намефаҳмидам, ки чӣ ҳодиса рух дода истодааст. Чанд рӯз пеш мо бо Манучеҳр суҳбат доштем, ӯ зиндаву саломат буд. Вақте писарамро оварданд, ман воқеан ӯро дида натавонистам. Ҳамеша ба ҳарос меафтодам. Аммо ба гуфтаи мардон, дар китфони ӯ хунрезиҳову доғҳо мушоҳида шудаанд. Афсарон сабаби ин ҳолатро роҳи дароз ва ларзишхӯрӣ дар ҷодаи Помир шарҳ доданд. Дар ӯ кушодани косахонаи сар анҷом дода ва дар баданаш аз гулӯ то ноф бурида шуда буд. Шавҳарам гуфт, ки ҳангоми шустан дар китфи Манучеҳр, дар қисмати миён ҷароҳатҳои хеле монанд ба захм аз пораҳои тирро мушоҳида намудааст»,- нақл кард Гулнигор.

Ба волидон аввал хабар доданд, ки Манучеҳр ногаҳон аз бемории дил мурдааст. Баъдан, дар прокуратураи ҳарбӣ, вақте аз онҳо баёнот гирифтанд, гуфтанд, ки ӯ аз бемории шуш ва гурдаҳо фавтидааст.

“Вақте ки ҷасади писарамро дидам, аз ҳуш рафтам. Чун ба ҳуш омадам, ӯро аллакай гӯронида буданд. То ҳол намедонем, ки бо ӯ воқеан чӣ ҳодиса рӯй додааст. Аз ҳама аламовараш он аст, ки писарамро тамоман урён оварданд. Баъдан ба мо гӯё либосҳои ӯро расониданд: пойафзоли ду андоза калон, ҳамаи либосҳо тамоман нав ва нопӯшида буданд. Як ҳафта пеш аз ин Манучеҳр бо телефон ба падараш гуфта буд, ки ба онҳо ҳоло либоси зимистона надодаанд, гарчанде ноябри хунук дар мекӯфт”,- гуфт модари сарбози фавтида.

Ба гуфтаи ӯ, чанд маротиба ба прокуратура, комиссариати ҳарбӣ, ба раиси ноҳия муроҷиат кардаанд. “Моро касе гӯш кардан ҳам намехоҳад. Як чиз фаҳмост: барои он, ки мушкилиро ҳал намоӣ, бояд “тағо” (“одами даркорӣ”) ё пул дошта бошӣ. Мо на инашро дорем, на дигарашро. Хушбахтона, ташкилотҳои ҳимоятгари ҳуқуқ дастгирӣ намуданд. Бо кӯмаки онҳо бо мактуб ба марҳилаҳои зарурӣ муроҷиат кардем, то ташхиси тиббии такрорӣ гузаронида ва сабаби воқеии марги писарамон муайян карда шавад. Аммо аз ҳама ҷо ҷавоби рад гирифтем. Ба наздикӣ ба номи президент муроҷиатнома навиштем ва ҷавобро интизорем. Танҳо як чизро донистан мехоҳем - Манучеҳр аз чӣ вафот кард? Зеро мо ба ин ҳуқуқ дорем. Чунин ҷавони солим чӣ тавр метавонист аз бемории қалб вафот кунад? Ӯ ҳеҷ гоҳ бемор нашуда буд, намедонист дору чист”,- бо ҳайронӣ мегӯяд Гулнигор.

Озурдагӣ қалби Абдуҷалил - падари сарбози фавтидаро фаро гирифтааст. “Ба ман то ҳол аламовар аст, ки  дар рӯзи ҷаноза ба назди мо намояндагони ҳукумат ва комиссариати ҳарбӣ омаданд, аммо ҳатто ба ҳавлӣ надаромаданд. Раиси маҳалла маро ҷеғ зад ва гуфт, ки назди онҳо бароям. Гӯё, меҳмонони муҳим барои таъзия баён карда омада буданд. Дар шаҳрчаи мо роҳ нест ва рӯзи ҷаноза баъди борон ҳама ҷо ифлос буд. Гуфтанд, ки “ифлосӣ бисёр аст ва онҳо даромада наметавонанд”. Ман ба назди онҳо баромадам, ба роҳи асосӣ фаромадам. Он ҷо зиёда аз даҳ мошин меистод. Акнун мефаҳмам, ки мансабдорон аз ифлосӣ ор карданд, тарсиданд, ки олуда нашаванд. Дар ҳоле, ки мақомот писари маро солим ба хизмат бурданду ба ман тобутро бо ҷасадаш баргардониданд”,- гуфт ӯ.

Водии Рашт. Деҳаи Танобчӣ бо чанд хонаи лойин монанд ба мусаввараи қадима менамояд. Хонаи куҳна дар канори шаҳрча. Дар ҳавли хонаи лойин, ду ҳуҷрачаи хурд, ки сафеднашуда боқӣ мондаанд...

NoTorture.Tj